"Марам бе т не": нашри суруд ва намоҳанги нави Bakha 84 - видео

126
Рэпери тоҷик Bakha 84 суруд ва намоҳанги нави худро таҳти унвони "Марам бе т не" пешкаши мухлисонаш кард

Bakha 84 ин намоҳангашро дар шабакаи Youtub - и худ рӯзи 26 октябр нашр кардааст.

То имрӯз намоҳанги рэпери тоҷикро чор ҳазор кас боздид кардааст.

Ситоиши Юлдуз аз Шабнам: ӯ гуфт танҳо ба хотири як чиз бо Шабнам дуэт хонд

Ба аксари мухлисони Bakha 84 суруд ва намоҳанги нав мақбул афтода онро наздики се ҳазор кас писандидааст.

Дар намоҳанг аз ишқи писари оддӣ ва духтари бой қисса мешавад.

Ҷое ҳам Bakha 84 аз оҳанги маъруфи ҳиндӣ истифода карда, ба сурудаш омезиши хуб додааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран сарояндаи маъруфи тоҷик Bakha 84 ба мухлисонаш ваъда дод, ки ҳар рӯзи шанбе оҳанги навро пешкаш мекунад.

126
Барчаспҳо:
нав, намоҳанг, суруд

Ҳушдори Лавров: террористҳо метавонанд аз коронавирус сӯистифода кунанд - навор

0
(Таҷдидшуда 18:30 11.07.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ҷараёни "Примаковских чтения" назари худро дар мавриди вазъи байналмилалӣ изҳор дошт

Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия ба масоили таъсири пандемия ба сиёсати ҷаҳон мудохила кард.

"Ин сироят ҳамаи мушкилот ва таҳдидҳое, ки қаблан ҳам мавҷуд буданд, шадидатар кард. Тахминҳо вуҷуд доранд, ки террористон фикр мекунанд, ки чӣ гуна ин вирусро истифода баранд ва ё ба эҷоди вируси нав даст ёбанд", - изҳор доштааст Лавров.

Ба гуфтаи ӯ, на танҳо террористон мехоҳанд аз ин маризӣ суистифода кунанд, балки роҳбарони аксар кишварҳо мехоҳанд бӯҳроне, ки пандемия дар пай дошт ба манфиати худ истифода кунанд.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба изҳори вазири умури хориҷии Русия, раванди барқароршавӣ пас аз пандемия вақти зиёдро талаб мекунад.

0
Барчаспҳо:
навор, маризӣ, сӯистифода, террорист, ҳушдор, Сергей Лавров

ИМА мехоҳад Русия ва Чинро барои сӯиистифода аз ҳуқуқи гетои СММ ҷазо диҳанд

121
(Таҷдидшуда 00:11 11.07.2020)
Америка эълон кард, ки Русия ва Чин аз ҳуқуқи ветои СММ сӯиистифода мекунанд ва бояд барои ин корашон ҷазо дода шаванд

Котиби давлатии ИМА бар ин назар аст, ки Русия ва Чин барои сӯиистифода аз ветои СММ бояд муҷозот шаванд.

Дар арафа қатъномаи ИМА дар бораи кӯмаки башардӯстона ба Сурия муҳокима карда шуд.

Белгия ва Олмон пешниҳод карданд, ки ду гузаргоҳи сарҳадӣ дар марзи Туркия ва Сурия гузошта шаванд, аммо Маскаву Пекин ба ин розӣ нашуданд.

Русия лоиҳаи қатъномаи худро дорад. Сабабҳои пинҳонии норозигии амрикоиҳо кадомҳоянд - дар навор бубинед.

121
Барчаспҳо:
СММ, ИМА, Чин, Русия