"Чаро ранҷидаӣ": намоҳанги ҷадиди Мадина ва Хуҷаста

457
(Таҷдидшуда 18:56 31.10.2019)
Ду сарояндаи ҷавон ва акнун машҳури Тоҷикистону ҷаҳон, Мадина Ақназарова ва Хуҷастаи Мирзовалӣ намоҳанги судуди муштаракашонро нашр ва пешкашӣ мухлисон намудаанд

Мадина Ақназарова ва Хуҷастаи Мирзовалӣ, намоҳанги тозаи худро дар шабакаи YouTube нашр намуданд. Судуди ҷадиди сарояндаҳои ҷавону муваффақи Тоҷикистон таҳти унвони "Чаро ранҷидаӣ" пешкаши мухлисон ва ҳаводорон гардид.

Худи Мадина низ дар сафҳаи Instagram аз нашр шудани суруди муштараки худ бо Хуҷастабону хабар додаст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Dustoni aziz, surudi navbatii bo @khujasta.m ”Charo ranjidai” az tariqi YouTube tamosho namoed ! @bakhtovar_safarzoda

Публикация от Madina Aknazarova🐾 (@_aknazarova)

Намоҳанги ҷадид ҳанӯз рӯзи 18 - уми октябр ба шабакаи YouTube роҳ ёфт ва феълан аз ҷониби беш аз 200 ҳазор одам тамошо шудааст.

Судури муштаракро сарояндаҳои ҷавон дар манзараи кӯҳсори Тоҷикистон назди шаршара ва дар иҳотаи табиати зебои кишвар наворгирӣ намудаанд.

Миллипӯшии Мадинаву Хуҷаста ба ин намоҳанг боз зебои дигарро зам намудаст.

Нашри суруд ва намоҳанги нави Мадина Ақназарова - видео

Зери намоҳанги "Чаро ранҷидаӣ" шумори зиёди мухлисони ин ду сароянд,а шарҳҳо гузошта, ба санъати волои сурудхонӣ ва овози ҷаззоби духтарон таҳсину офаринхонӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ҳар ду сароянда то ҳол чандин сурудҳои фаромӯшшудаи пешинро дубора бозхонӣ карда, зинда намуданд.

457
Барчаспҳо:
намоҳанг, Мадина Ақназарова

Филме, ки аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов қисса мекунад, нашр шуд - видео

356
(Таҷдидшуда 23:44 09.07.2020)
Шабакаи телевизионии Russia Today филмеро ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов, падар ва мураббии қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмагомедов пешкаш кард

Филми мазкур дар канали RT Sport YouTube нашр шуд.

Қайд карда мешавад, ки лаҳзаҳо аз зиндагиномаи Абдулманап Нурмуҳаммадов ҳанӯз моҳи октябри соли 2019 барои қисмати панҷуми силсилафилми  ҳуҷҷатии "Доғистон: Замини ҷанговарон" ба навор гирифта шуда буд, аммо бо сабаби фавти мураббии номӣ, ин филм бидуни  рақам нашр шуд.

Ёдовар мешавем, Абдулманап Нурмуҳаммадов мураббии номӣ ва падари қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи 3 - юми июл дар синни 57 - сола ҷаҳонро падруд гуфт.

Ҳузури Рамазон Қодиров дар маросими дафни Абдулманап ва сипосгузории Ҳабиб аз ӯ - навор

Абдулманап давоми беш аз 2 моҳ бо маризии коронавирус дар набард буд ва ахиран тавонист ин вирусро мағлуб кунад, аммо ба сактаи мағзи сар, ки ин маризӣ ӯро оварда расонд пирӯз шудан натавонист.

Рамазон Рабаданов дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммадовҳо таъкид намуда буд, ки пизишкон натавонистанд сактаи мағзи сари ӯро шифо бахшанд ва "ӯ ба ҳуш наомада ҷон бохт".

Абдулманап Нурмуҳаммадовро дар зодгоҳи ӯ деҳаи Кироваули Доғистон ба хок супурданд.

356
Барчаспҳо:
навор, филм

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои Русия бар зидди COVID-19 рағбат дорад

379
(Таҷдидшуда 21:22 07.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт интизори он аст, ки ваксинаҳои пешниҳоднамуда Русия бар зидди коронавирус чӣ натиҷа медиҳанд

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои зидди коронавирус дар Русия рағбат пайдо кардаст.

Онҳо гуфтанд, ки интизори анҷоми санҷишанд. Ҳамзамон, қайд карданд, ки дар рафти санҷиши доруҳо барои табобати COVID-19 низ ҳастанд.

Озмоишҳои Русия дар бораи ихтиёриён ҳамзамон дар якчанд ҷойҳо баргузор мешаванд.

Озмоишҳо чӣ гуна гузаронида мешаванд, иштирокчиёни ихтиёриён чӣ гунаанд ва кадом кишварҳо ваксинаи аз ҳама бештарро интизоранд - дар видеои мо бубинед. 

379
Капитальная реконструкция автодороги Бишкек-Нарын-Торугарт

Оғози таъмири роҳи Ховалинг-Шугнов: бозсозии 63 километр роҳ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ

0
(Таҷдидшуда 12:44 10.07.2020)
Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти вилояти Хатлон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо ҷамоъати деҳоти Шугнов мепайвандад ва солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт, таъмир хоҳад шуд, иттилоъ хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки роҳбарияти ноҳия сохтмони роҳи мазкурро ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон шомил намуда, барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои сокинони ҷамоъати деҳот ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шудаанд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн мебошад, ки 18 километрро ташкил дода баландии он аз сатҳи ҳамворӣ беш аз ҳазор метрро  дар бар гирифта,  ҳамасола бар асари боришот валангор мегардад.

“Муҳандисони роҳсоз ба гардиш ва ҷойҳои ярчфарою хатарзои роҳ аҳамияти махсус дода, дар он мавзеъҳо корҳои сохтмониро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд. Сангу шағалро аз дарёи Ёхсу, ки дар шафати роҳ мебошад кашонида, ба воситаи техникаю механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамвор менамоянд. Роҳсозӣ дар шароити кӯҳистон душвор мебошад ва ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ барои муваффақ шудан  қоидаҳои роҳсозиро мебояд қатъиян риоя кард. Дар оянда мумфаршкунии роҳ низ ба нақша гирифта шудааст”, — соҳибкор Муҳиддин Қосимов

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иброз доштааст, ки роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкорон мақсад доранд, ки роҳи мавзеи ағбаи Тиюнро давоми се рӯзи дигар сангфарш намоянд ва баъдан дар қитъаҳои ҳамвори роҳ онро идома диҳанд.

Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Шугнов дастаҷамъона дар ин кори хайр ба соҳибкорон кӯмак расонида истодаанд.

0
Барчаспҳо:
таъмир, Хатлон, вилоят, мақомот, Ховалинг, роҳ, Тоҷикистон