"Ман эҳсоси тарс накардам": қадрдонии кӯдаки тоҷик дар Маскав - навор

291
(Таҷдидшуда 13:15 02.11.2019)
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Русия, кӯдаки 10 - солаи тоҷикро дар Маскав барои нишон додани қаҳрамонӣ бо нишони "Барои ҷасорат" қадрдонӣ кард

Шаҳрванди 10 - солаи Тоҷикистон Бахтиёр Усмонов дар Хабаровский мардонагӣ ва қаҳрамонӣ нишон дода,  дӯсти худро аз чоҳи оби ҷӯш берун кард ва ӯро аз марг наҷот дод.

"Ман вақте аз хона баромадам, Бахтиёрро дидам, ки бисёр хавотир буд ва гиря ҳам кардаст. Ман аз ӯ пурсидам, ки чӣ воқеа рух дод, гуфт дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш берун кардаст. Шояд эҳсоси тарс кардӣ?, гуфт на дар дили ман тарс вуҷуд надорад", - ба ёд овардааст падари Бахтиёр.

Дӯсти ӯ, ки ба чоҳи оби ҷӯш сарозер шуда буд, қариб 40 дарсади бадани ӯ сӯхт, вале бо кӯмаки Бахтиёр ва муолиҷаи табибон зинда монд ва сиҳат шуд.

Рустам падари Бахтиёр ҳамчунин ба Sputnik Тоҷикистон  гуфт, ки "Вақте ман пас аз як рӯзи ҳодиса ба мактаб рафтам, маро ҳама муборакбод гуфтанд: муаллимон, ҳамсинфон. Гуфтанд: "офарин, Бахтиёр!, Марди воқеъӣ!", на ҳар писар ба чунин қаҳрамонӣ қодир аст, дигар кас метавонист тарсида гурезад", - гуфт Бахтиёр дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.

Матвиенка кӯдаки 10 - солаи тоҷик, ки дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, қадрдонӣ мекунад

Овозаи  қаҳрамонии Бахтиёр то ба Тоҷикистон ҳам расидаст ва дӯстону наздикони  хонаводаи Усмоновҳо ба онҳо занг зада муборакбодӣ намуданд.

291
Барчаспҳо:
Маскав, тоҷик, кӯдак, қадрдонӣ