Рақси помирӣ ва муҳорибаи тан ба тан: духтарони Душанбе доваронро ба ваҷд оварданд - видео

738
(Таҷдидшуда 17:40 06.11.2019)
Духтарони Душанбе бо ҳунарҳои ҷолиб - раққосагӣ, овозхонӣ, қироати шеър, муҳорибаи тан ба тан ва ҳунарҳои дастӣ доварони озмуни ҷумҳуриявии "Зебосанам - 2019" - ро ба ваҷд оварданд

Дар шаҳри Душанбе даври аввали озмуни "Зебосанам - 2019" баргузор шуд. 

Ба ҳунару зебогии духтарон чаҳор довар - ҳунарманди театр ва кино Моҳпайкар Ёрова, корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов баҳогузорӣ карданд.

Духтарони зиёде барои намоиши ҳунару истеъдоди худ ба ин озмун омада буданд.

Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео

Ба доварон ҳунарҳои гуногун аз қабили овозхонӣ, рақс, гулдӯзӣ, қироати шеър ва муҳорибаҳои тан ба тан пешкаш шуд.

Назарова Мадина бо қомати баланд ва ҷасорат дарҳол довраонро барои пахши тугмаи сабз водор кард. Ӯ дар соли 2018 дар озмуи "Автобону" беҳтарин ронанда дониста шудааст.

Соҳибкор ва модари ду фарзанд: Мафтуна мехоҳад ситораи синамо шавад - видео

Доварон ба ҳунари Сургаикова Салима, ки рақси помириро иҷро кард баҳои баланд доданд. Вале дар баробари ин Лутфулло Давлатов аз кундии забони духтарон интиқод карда, гуфт, ки онҳо бояд бештар ба забони тоҷикӣ такя кунанд на ба забонҳои русию ҳиндӣ. Давлатов ба духтарон тавсия дод, ки бештар китоб хонанд то нутқашон бурро шавад.

Ҳамчунин диққати доваронро духтари варзишкор, ки ахиран аз озмуни байналмилалӣ бо медали тилло бозгаштааст, Азизова Соҳиба ба худ ҷалб кард.

"Ман ба муҳорибаҳои тан ба тан машғул ҳастам, аспдавонӣ ҳам мекунам. Рӯзи 25 август дар озмуни муҳорибаҳои тан ба тан дар Маскав рақиби худро дар октагон бо усули буғӣ кардан мағлуб намуда, соҳиби ҷои аввал гаштам", - гуфт Соҳиба ки ҳунари гулдузии худро низ пешкаши доварон кард ва ба даври дуюми озмуни "Зебосанам - 2019" роҳ ёфт.

Марҳилаи аввали озмуни ҷумҳуриявии “Зебосанам -2019”, 6 август дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва даври дуюм ва ниҳоии он моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Мақсад аз гузаронидани озмун эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ дар байни ҷавондухтарон, бахусус интихоб ва пӯшидани либосҳои миллӣ, оро додани рӯю мӯй, тарзи дурусти истифодаи ҷавоҳирот аз ҷониби гулдухтарон, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии ҷавондухтарон ва ҳидояти онҳо барои бунёди оилаи солиму баркамол мебошад.

Озмун аз рӯи шартҳои муаррифии ҳусни зебоии табиӣ, эҷодкорӣ, санъаткорӣ, малакаи суханварӣ, маҳорати либоспӯшӣ ва саҳнабароӣ, қобилияти ҳаракатҳои мавзун, қобилияти фикрронӣ, фарҳанги зебоипарастӣ ва ҳунарнамоӣ баргузор мешавад.

738
Барчаспҳо:
озмун, зебосанам, Душанбе