Пеш аз оғози консерт ба назди Юлдуз рафиқи деринаи сароянда Филипп Киркоров даромад.
"Ман наметавонистам пеши шумо наоям, бар хилофи он, ки бояд ба фурудгоҳ равам ва сафари ҳунарӣ дорам. Вале ман бояд туро медидам ва бо ин рухдод табрикат мекардам. Ту зеботарин сарояндаи Шарқ ҳастӣ", - гуфт Филипп ва гулдастаи зебоеро ба Юлдуз тақдим кард.
Ситоиши Юлдуз аз Шабнам: ӯ гуфт танҳо ба хотири як чиз бо Шабнам дуэт хонд
Юлдуз Усмонова низ дар канор намонда ҳамтои русашро сипосгузорӣ кард ва ба Тошканд даъваташ намуд.
"Ман бисёр бераҳмам": Юлдуз Усмонова дар бораи сурудҳои худ ва ҷалби ҳаводоронаш
Дар посух Киркоров гуфт, дар нақшаи корияш сафари ҳунарӣ ба Тошканд аллакай ҳаст.
Навори дидору мулоқоти ду ситораи ҳунарро дар маводи Sputnik Узбакистон бубинед.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои афғони худ Муҳаммад Ҳаниф Атмар гуфтушунид мекунад.
Ин нахустин сафари иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Маскав аст.
Интизор меравад, ки дар музокирот Лавров ва Атмар ба рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба ва мушкилоти ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ баррасӣ кунанд.
Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Гуфтушуниди намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ дар арафаи 100-солагии Шартномаи дӯстии Ҷумҳурии Шӯравии Федеративии Сотсиалистии Русия ва Афғонистон, ки 28 феврал таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад.
Таркиши гази маишӣ дар таҳхонаи бинои нуҳтабақаи шаҳр рух дод. Дар ин бора Раёсати минтақавии ВҲФ Русия хабар медиҳад.
Бино бар иттилои пешакӣ, таркиш дар қаҳвахонаи "Самурай"-и бинои нӯҳтабақаи кӯчаи Мешерскии ноҳияи Канавинск рух додааст.
Хабар дар бораи таркиш ба хадамоти оҷилӣ соати 9:13 бо вақти Маскав дастрас шуд.
Гуфта мешавад, пас аз таркиш сӯхтор сар шуд ва сокинон оҷилан аз бино берун карда шуданд.
Феълан дар бораи талафоти ҷонӣ маълумоте нест, аммо бино бар наворҳои фаврӣ, бино пурра тахриб шудааст.
Ба иттилои шоҳидон, садои таркиш мошинҳои таваққуфгоҳи назди биноро такон додааст.
Маълумоти бештар дақиқ карда мешавад, ба ҷои ҳодиса гурӯҳи фаврии ВҲФ равон шудаанд.
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Файзов зимни ҳамоиш дар мавзӯи забони модарӣ гуфт, ҳамарӯза оид ба забонҳои маҳаллӣ дар вилоят баҳсу мунозираҳо рафта истодаанд ва то ҳатто ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаҳо ва пешниҳодоти зиёд ворид мегарданд.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати ВМКБ, дар ин ҳамоиш масоили таърихӣ, таҳияи алифбоҳои забонҳои помирӣ, ҷанбаҳои қонунии ҳимоя ва инкишофи забонҳои помирӣ ва таълифи осори бадеӣ ба ин забонҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муқбилшоҳ Аламшоев: забонҳои помирӣ ба хатт ниёз доранд
Дар мавриди пешниҳодҳое, ки ба ҳукумати вилоят ироа шудаанд, тафсилоти бештар дода нашуд, аммо забоншиносон борҳо таъкид кардаанд, ки забонҳои помирӣ ва яғнобӣ бояд дар дабистонҳои маҳалли корбурдашон ва ҳамчунин бахшҳои забоншиносӣ омӯзонда шаванд.
Феълан дар ҳудуди ВМКБ ҳафт забон — рошорвӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, хуфӣ, бартангӣ, язгуломӣ ва ишкошимӣ корбурд доранд, ки асосан шифоҳӣ буда, хат надоранд. Масъалаи таҳияи алифбо ва хат аз иқдоми дигари муҳим барои ҳифз ва рушди забонҳои помирию яғнобӣ арзёбӣ мешавад.
Қаблан Кумитаи забон ва истилоҳот тавсия дода буд, ки таҳқиқу омӯзиши забонҳои бадахшонӣ ва яғнобӣ ва таълими ин забонҳо ба соҳибзабонони ин минтақаҳо роҳандозӣ гардад, аммо то ҳол иқдоми амалие дар ин самт роҳандозӣ нашудааст.