Давлат дар дохили давлат: Амрико дар Сурия чӣ мақсадҳо дорад

Обуна шудан
Мақомоти Амрико кӯшиш карда истодааст, ки ҳудуди Сурияро ба ду ҷузъ тақсим кунад, то ки дар соҳилҳои шарқии дарёи Фурот “давлати нав” созмон ёбад, гуфт Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия дар форуми сулҳи Париж

"ИМА аз кишварҳои Халиҷи Форс талаби сармоягузорӣ кардааст, то  дар ин қисмати Сурия дар асоси қувваҳои демократии кишвар, курдҳо – гуруҳҳои мудофеи халқӣ маъмурияти маҳалӣ созмон диҳаду минтақаҳои нафтии ин маҳалро идора кунад”, - гуфт Вазир.

Лавров ҳамчунин таъйид кард, ки Амрико аз кишварҳои минтақа талаб кардааст, ки барои барқарор намудани Сурия ва махсусан маҳалҳое, ки таҳти идораи мақомоти Димишк қарор доранд сармоягузорӣ накунанд.

“Мо дар якҷоягӣ бо ҳукумати Сурия кӯшиш мекунем, ки ин кишварро ба ҳолати аввалааш барқарор намоем ва ҳарчӣ барои навсозӣ ва баргардонидани гурезаҳо лозим аст мекунем, то ки кишвар ба ҳолати хуб баргардад”, - гуфт вазири умури хориҷаи Русия. 

Лавров ҳамчунин ёдовар шуда буд, ки кӯшишҳои ИМА, ки ин талаю тороҷи Сурия ва зери тасарруф худ даровардани минтақаҳои нефтии он мебошанд оқибати хуб надоранд.

“Валдай” мавқеашро иваз мекунад: маркази рушди дунё аз Ғарб ба Шарқ мекучад - Sputnik Тоҷикистон
 “Валдай” мавқеашро иваз мекунад: маркази рушди дунё аз Ғарб ба Шарқ мекучад

Тайи 8 сол аст дар қаламрави Сурия ҷанги хонумонсӯз рафта истодааст, ки даҳшати он як қисмати аҳолии ин кишвар ба дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуданд. Ин ҷанг аз худ ҳалокати зиёд низ боқӣ гузошт.

Вазъ дар Сурия дар аввалҳои моҳи октябр баъди эълони роҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз баргузории амалиёти “Сарчашмаи сулҳ”, ки бар муқобили курдҳо равона шуда буд муташаниҷ гашт.

Амрико бошад дар навбати худ нахост дар амалиёти мақомоти Анқара шарик шавад ва эълони баровардани низомиёни худ аз хоки Сурияро кард.

Аммо баъдан Трамп эълон кард, ки як қисмати низомиёнаш дар Сурия мемонанд, то ки мавзеъҳои дорои нефтро аз ҷангиёни ДОИШ ҳимоя кунанд. Ба гуфтаи ӯ вақти он омадааст, ки курдҳои Сурия ба минтақаи нефтхези кишвар биёянд, чунки ба онҳо пул лозим аст.

Мувофиқи созишнома бо Амрико маҷомоти Анқара аз амалҳои ҷангияш дар Сурия даст кашид. 

Лентаи хабарҳо
0