Чархболи Ми-38 дар ИАА: шайхҳои араб техникаҳои амрикоиро бо русӣ иваз мекунанд

189
(Таҷдидшуда 19:43 18.11.2019)
Дар намоишгоҳи авиатсионии Дубай чархболи Ми-38 русӣ ба намоиш гузошта шуд. Шоҳзодаи Абу-Доби Муҳаммад ибни Зайд Ал-Нахайян алакай аз Ми-38 дидан кардааст. Дохили Ми-38-ро ба шоҳзода, вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров нишон додааст

Дар намоишгоҳи авиатсионии Дубай чархболи низомии мусофиркашони русии Ми-38 ба намоиш гузошта шуд. Онро на танҳо дар корҳои махсус, балки дар барномаҳои тобистона низ истифода мекунанд.

Чархболи Ми-38 машинаи “люкс” дониста мешавад ва диққати шайхҳои арабро ҷалб кардааст. Ми-38-ро ба шоҳзодаи Абу Даби  вазири саноат ва савдои Русия Денис Мантуров намоиш додааст.  

Муҳаммад ибни Зайд Ал-Нахайян ва Мантуров якҷоя дохили чархболро тамошо кардаанд.

Чархболи Ми-38 на танҳо барои муштариёни VIP пешбинӣ шудааст. Ин чархбол барои бисёр корҳост: онро метавон ба сифати мошинаи “госпиталӣ”, боркаш ва ҷустуҷӯи истифода кард.  

Ми-38 метавонад дар дилхоҳ ҳарорати ҳаво чӣ дар шимол, чӣ дар минтақаи тропикӣ фаъол бошад. ИАА, ки бештар техникаҳои амрикоӣ харидорӣ мекарданд, ҳоло ба навъҳо русӣ назар кардаистодаанд.  

Ба ҷуз Ми-38 дар намоишгоҳи ИАА ҳамчунин Як-130 буд, ки он муваффақтарин мошинаи ҷангии даҳсолаи охир дониста мешавад.

189
Барчаспҳо:
шайх, Арабистон, МИ-8, Русия