"Намеша 2": нашри намоҳанги нави Садриддини Наҷмиддин дар Амрико - навор

471
(Таҷдидшуда 09:39 21.11.2019)
Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷик ахиран пас аз якуним соли танаффус намоҳанги ҷадиди худро нашр намуд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Овозхони саршиноси Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддин пас аз танаффуси тӯлонӣ, намоҳанги нави худро дар Интернет нашр намудаст.

Таронаи навини Наҷмиддин таҳти унвони "Намеша 2" бегоҳи дирӯз дастраси тамошобинон гардид ва дар зарфи ду соат дар шабакаи YouTube  аллакай 11 ҳазор нафар онро тамошо карданд.

Имрӯз бошад шумораи бинандаҳои ин намоҳанги ҷаззоб марзи 80 ҳазор нафарро убур карда, зери навор даҳҳо нафар шарҳҳои мусбат коштаанд.

Бояд гуфт, ки таронаи нахустини Садриддин бо номи "Намеша" баҳори соли 2018 нашр шуда, дар якуним сол танҳо дар канали YouTube қариб 11 миллион тамошобин ҷамъ овард.

"Рейтинги ситора"-ҳо: аз пешсафии Шабнам то мақоми охири Валиҷон

Матн ва оҳанги таронаи "Намеша 2"-и Садриддини Наҷмиддин аз Ромал Ниёзӣ буда, ин тарона низ мисли чанд таронаи қаблии ин овозхони тоҷик дар YouTube дар канали RaminMansour нашр шудааст.

Сардиддини Наҷмиддин, ки яке аз овозхонҳои машҳури Тоҷикистон ба ҳисоб мераввад, муддати ду соли охир тарки ватан намуда, дар Амрико ба сар мебарад.

471
Барчаспҳо:
навор, намоҳанг, Садриддин Наҷмиддин