Истиқболи ғайриоддии Ҳабиб Нурмуҳаммедов дар Тошканд - навор

Обуна шудан
Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов, ки барои иштирок дар мусобиқаи варзишӣ озими Тошканд гардид, издиҳоми бузурги мухлисон ва ҷонибдорони худро базӯр убур кард

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳабиб Нурмагомедов дар Узбакистон низ бисёр маъруф аст ва ҳаводорони зиёд дорад. Размикори доғистониро издиҳоми бузурги мухлисон назди фурудгоҳи шаҳри Тошканд  пешвоз гирифтанд.

У детей не должно быть свободного времени  – Хабиб Нурмагомедов о правильном воспитании - Sputnik Тоҷикистон
Насиҳати Ҳабиб Нурмуҳаммадов барои тарбияи "дуруст" - и фарзанд - видео

Вақте қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта аз бинои фурудгоҳи шаҳри Тошканд берун омад, ӯро бо садои карнаю сурнай, парчамҳои ин кишвар ва садҳои дастгоҳҳои наврбардорӣ истиқбл гирифтанд.

Чунин шеваи пешвозгирӣ Ҳабибро то андозае ҳайратзада намуд. Муҳофизон ва ҳамроҳони Ҳабиб ӯро аз миёни мухлисони гирдомада, базӯр то мошин гусел карданд

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Тошканд рӯзи 23 - юми ноябр дар маҷмааи варзишии "Хумо Арена" нахустин мусобиқаи расмӣ оид ба муҳорибаҳои омехта баргузор мешавад.

Нурмуҳаммадов қаҳрамонҳои ояндаи UFC - ро номбар кард

Муҳорибаи асосӣ дар ин мусобиқа, рақобати писарамаки Ҳабиб Нурмуҳаммедов, Умар ва Никита Чистяков размикори рус ба ҳисоб меравад.

Аммо чанде қабл сомонаи РИА Новости иттлоъ дода буд, ки ба далели мариз шудани Никита Чистяков муҳорибаи ӯ бо Умар Нурмуҳаммедов лағв мешавад.

Лентаи хабарҳо
0