Бозии мунтахаби занонаи Тоҷикистону Қирғизистон анҷом ёфт

227
(Таҷдидшуда 19:05 23.11.2019)
Дар Душанбе қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои олимпии занони зери 23-сола ҷараён дорад

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе Қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) миёни мунтахабҳои олимпии бонувони то 23-сола оғоз ёфт.

Тими мунтахаби олимпии бонувони Тоҷикистон (U-23) пас аз бохти калон алайҳи футболбозони Эрон имрӯз муқобили тими Қирғизистон рақобат мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки дар панҷ рӯз 6 даста аз Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон 18 бозӣ мекунанд.
Қаҳрамонӣ  аз рӯи принсипи зерин баргузор мешавад: дастаҳо бо ҳамдигар як бозигӣ анҷом медиҳанд.

Дар бозии аввал дастаи занонаи Тоҷикистон аз Эрон бо ҳисоби 4: 0 шикаст хӯрд ва ҳамзамон футболбозони Узбакистон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 6: 0 мағлуб карданд.

227
Барчаспҳо:
Қирғизистон, Тоҷикистон, футбол