Мушовири раисҷумҳур: ДОИШ дар ҷанги ҷабҳаӣ аз байн рафт, шояд мафкурааш боқист - видео

354
(Таҷдидшуда 15:35 25.11.2019)
Мушовири раисҷумҳури Афғонистон дар суҳбат бо “Sputnik” таъкид кардааст, ки ба ҳайси мафкура ДОИШ шояд аз байн нарафта бошад, аммо ба ҳайси қувате, ки ҷанги ҷабҳаиро пеш мебурд ва соҳаро ба дасти худ дошт, аз байн рафт

Ҳамдулло Муҳиб, мушовири раисҷумҳури Афғонистон оид ба амнияти миллӣ, дар суҳбат бо “Sputnik”, масъалаи нобудсозии гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистонро, ки қаблан Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар эълон карда буд, тавзеҳ дод.

Мушовири раисҷумҳури Афғонистон ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ ба хусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гурӯҳро шарҳ дод. Ҳамчунин вай тавзеҳ дод, ки ҷунбиши “Толибон” дар паҳнкунии хатари террористӣ дар Афғонистон чӣ нақшеро бозӣ мекунанад.    

Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати дифоъи Афғонистон аз асорати теъдоди бузурги ҷангҷӯёни Давлати ба ном исломӣ хабар дод.

Фавод Амон, муовини сухангӯи ин ниҳод ба  Sputnik Тоҷикистон гуфт, мақомоти қудратии Афғонистон пас аз таҳқиқи ҷангиёни таслимшудаи ДОИШ маълум карданд, ки дар миёни онҳо 243 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Вай афзуд, дар миёни онҳо шаҳрвандони Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Малдив шиносоӣ шудаанд.

"Онҳо зимни амалиёти муштарак ва густардаи мақомоти амниятии Афғонистон дар вулусволиҳои Ачин ва Муҳманддараи вилояти Нангарҳор ба асорат афтодаанд", - афзуд Фавод Амон.

Вакили Думаи давлатӣ: "Доиш"-иҳо метавонанд тариқи Тоҷикистон ба Русия оянд

Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, ин 243 ҷангҷӯи ДОИШ бо 625 зану кӯдак ба давлат таслим шудаанд, ки бештарини онҳо аз минтақаи Оракзай ва Боҷавури Покистон ҳастанд, аммо теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Эрон низ қобили мулоҳиза аст.

Қаблан вазорати дифои Афғонистон аз теъдоди зиёди кушташудагони ДОИШ, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳастанд, низ иттилоъ дода буд. Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон гуфт, кушташудаҳо ҳанӯз тасбити ҳуввият нашудаанд.

354
Барчаспҳо:
ҷанг, Раисҷумҳур, ДОИШ, Афғонистон