Аловатов суруди шодравон Муборакшоро хонд ва доваронро шигифтзада кард - навор

1795
(Таҷдидшуда 13:00 26.11.2019)
Чоршанбе Аловатов дар озмуни "Central Asia Got Talent” бо иҷрои суруди шодаров Муборакшо ҳайати доваронро шигифтзада кард

Ғолибони даври ниҳоии озмуни Central Asia’s Got Talent дар Нур- Султон маълум гардиданд ва дар қатори онҳо овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов низ роҳ ёфт.

Наворе, ки аз ҷараёни сурудхонии Аловатов ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, аллакай  садҳо нафар онро тамошо ва баҳогузорӣ намуданд.

Ин навбат овозхони ҷавон ва боистеъдоди тоҷик суруди шодравон Муборакшо Мирзошоев "Акрамҷон" - ро дар сатҳи баланд иҷро кард.

Муъҷиза: Чоршанбе Аловатов бо суруди Далер Назаров доваронро шигифтзада кард - видео

Аловатов бо овози ҷаззоб ва истеъдоди фавқулодаи худ, аъзои ҳакамонро тасхир кард.

Дар навор маълум аст, ки ҳунарпешаи синамо ва овозхони узбак Ситора Фармонова эҳсосоти худро боздошта наметавонад. Ситора дар рафти сурудхонии Чоршанбе чандин бор ба ӯ таҳсину офаринхонӣ намуда, истеъдоди ӯро Худодод гуфт.

"Ман бовар доштам, ки Чоршанбе бо баромадии навбатии худ ҳамаи моро то кайҳон мебардорад, зеро ӯ истеъдоди Худодод дорад.

Навори мазкур давоми чанд рӯз аллакай аз ҷониби 90 ҳазор нафар бозбинӣ шуд ва 3,8 ҳазор зери он шарҳ кориданд.

Бо дарназардошти ҷонибдорӣ ёфтан аз ҷониби тамошобинон, Аловатов имкони пурраи пирӯз шудан дар мусобиқаи мазкурро дорад.

Бояд гуфт, ки ғолиби ин озмун ба 25,5 ҳазор доллар мукофотонида мешавад.

1795
Барчаспҳо:
навор, Тоҷикистон, овозхон, мусобиқа