Бозии мунтахаби занони Тоҷикистон ва Туркманистон

107
(Таҷдидшуда 19:02 26.11.2019)
Мунтахаби занони зери синни 23 - сола феълан дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳамтоёни туркмани худ вориди рақобат ҳастанд

Мунтахаби бонувони тоҷикистон пас аз шикасти тими Афғонистон бо ҳисоби калони 5:1, ҳоло бо футболбозони Ҷумҳурии Туркманистон қувва меозмоянд.

Вохӯрии онҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри душанбе ҷараён дорад. Ҳоло ҳисоб 0:2 бар фоидаи футболбозони Тоҷикистон аст ва рақобатҳо ҳамоно идома доранд.

Бояд зикр намуд, ки мунтахаби Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар дастаи Афғонистон бо касби 4 имтиёз ба зинаи 3-юми ҷадвал роҳ ёфтанд.

Мусобиқа то 28 - уми ноябр доир мегардад ва давоми панҷ рӯз 6 даста аз Тоҷикистон, Узбакистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон 18 бозӣ анҷом медиҳанд.

107
Барчаспҳо:
Туркманистон, Тоҷикистон, Футбол