Вазорати мудофиаи Русия аз иғвоангезӣ дар Сурия огоҳ кардааст

126
Вазорати мудофиаи Русия аз иғвоангезии “Сафедкулоҳон” оид ба истифодаи маводи кимиёвӣ аз ҷониби мақомоти Димишқ дар Сурия огоҳ мекунад

Вазорати Мудофиаи Русия аз иғвоангезӣ дар Сурия огоҳ кардааст: Кулоҳсафедон дар якҷоягӣ бо ҷангҷӯёни гуруҳи “Ҷабҳат-ан-Нусра” тасмим гирифтаанд зарбаҳои ҳавоиро дар Идлиб ҳамчун маводи кимиёвӣ нишон диҳанд.  

Маълумоти Вазорати мудофиаи Русияро сарчашмаҳои гуногун тасдиқ карданд, аз ҷумла сокинони маҳалӣ, ки одамони номаълумеро дар назди шаҳри Сармад дар мошинҳои боркашон дида буданд.  

 “Дар яке аз мошинҳо таҷҳизоти сабткунии касбӣ ва баъзе асбобҳои ҳарбии ҳавоӣ ва заминӣ, ки дорои аломатҳои Шӯравӣ ва русӣ буданд” – омадааст дар иттилоияи дафтари матбуотии Вазорати мудофиа.

Тахмин меравад, ки иғвогарон мехостаанд наворе гӯё дар бораи ҳуҷум ба аҳолии осоишта сабт намуда, онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намоянд ва дар ин кор Димишқ ва қувваҳои ҳавии Русияро гунаҳкор кунанд  

Чунин воқеа дар соли 2018 дар шаҳри Дума наздик ба Димишқ сар зада буд, ки ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҷумла кулоҳсафедон аз истифодаи маводи кимиёвӣ гуфта буданд

Баътр рӯзноманигорон аниқ карданд, ки он наворҳо сохта будааст. Ин хабарро намояндагони Русияӯ, ки дар шаҳри Дума химикат пайдо накарданд низ тасдиқ карда буданд. Шояд Ташкилоти оид ба манъи маводи кимиёвӣ хулосаҳои комисияро сохтакорӣ карда бошад.

 “Ҳодиса моро бо он қоил кард, ки мо наметавонем дар ин кор хулосаи аниқ барорем. Маъруза дар бораи Дума аз ҳақиқат дур аст. + Мо мехоҳем масъалаи ташхиши воқеаи Думаро бо иштироки коршиносон то охир барем”, -  мегӯяд Олег Рязантсев, ноиби вазири саноат ва савдои Русия.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо саркори воқеаи истифодаи маводҳои кимиёвӣ дар Дума ин кори мухобироти Британия аст, то ки тасдиқи зарбаи ҷавобии ИМА, Британия ва Фаронса ба Асад бошд.

126
Барчаспҳо:
силоҳ, Англия, Русия, Сурия

Набарди Ҳабиб бо Гетҷи: кӣ ғолиб меояд

2678
(Таҷдидшуда 02:26 25.10.2020)
Муҳорибаи калидии UFC 254 дар шаҳри Абу - Дабӣ ин набарди Ҳабиби Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷи мебошад

Ҳамакнун Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи муҳорибаи UFC 254 дар Абу-Дабӣ бо рақибаш Ҷастин Гетҷи вориди октагон гардиданд.

Муҳорибаи мазкур  рақобати калидии ин шом хоҳад буд.

Ҳар ду размикор аллакай аз маросими вазнкашӣ гузаштанд ва вазни онҳо баробар ба 70 килограмму 300 грамм мебошад.

Зимнан, маросими вохӯрии "чашм ба чашм" хеле оромона баргузор шуда буд. Варзишгарон бидуни ягон нағмакорӣ дасти ҳамдигарро сахт фишурданд.

Барои размикори доғистонӣ ин аллакай 29 - умин рақобат ба ҳисоб меравад. Ҳабиб то ҳол дар ягон муҳорибаи худ ба бохт дучор нашудааст.

Рақиби ӯ Ҷастин Гейҷӣ бошад, танҳо ду маротиба аз 22 рақобати доиргардида, мағлуб шудааст.

2678
Барчаспҳо:
навор, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҳабиб урён ва Гейҷӣ бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

1570
(Таҷдидшуда 17:51 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

1570
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

501
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

501
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон