ВУД тафсилоти ҳабси ҷавоне, ки се донишҷӯи Донишгоҳи тиббиро корд зад нашр намуд

670
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори мурофиаи судии Абдулвосеъ Бобозодаро нашр намудаст, ки мавсуф барои корд задани се донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ ба муҳлати 16 сол маҳкум ба зиндон шуд

Абдулвосеъ Бобизода, зодаи соли 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо гуруҳи ҳамроҳонаш дар кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон муноқиша кардааст, гузориш дод ВУД.

Манбаъ мегӯяд, Бобизода зимни ҷанҷол ба қисмҳои ҳаётан муҳими се донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ корд задааст.

Додгоҳи Душанбе дар пайи баррасии қазия се ҳамроҳи Бобизодаро бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кардааст.

Худи Бобизода ба 16 соли зиндон маҳкум гардида, бар асоси қонуни афв аз чор як ҳиссаи ҷазои адонагардидааш кам шудааст.

Рашк: кордзан ҷабрдидаи 57-соларо дар ишқварзӣ бо занаш айбдор кард - видео 

Қаблан мақомоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки  дар маҷмуъ дар доираи қонуни афв 7 ҳазор аз маҳбас озод мегарданд, 4500 нафари дигар аз ҷазоҳое, ки марбут ба ҳабс нестанд, озод мешаванд. Инчунин зиёда аз 2 ҳазор нафаре, ки парвандаашон дар ҳоли таҳқиқ аст, афв мегарданду муҳлати ҳабси маҳкумшудаҳои дигар кам мешавад.

670
Барчаспҳо:
ҷавон, ҳабс, ВУД