ВУХ Норвегия гуфт, ки Русия чигуна бояд муносибаташро бо Ғарб хуб кунад  

78
Вазири умури Хориҷаи Норвегия Ине Эриксен Сёрейде шарҳ додааст, ки Русия чигуна метавонад муносибаташро бо кишварҳои Ғарб хуб кунад. Ӯ гуфтааст, ки Русия бояд “рафторашро тағйир диҳад”

Чигуна Русия муносибаташро бо Ғарб хуб кунад? Бисёр одӣ, Маскавро мебояд танҳо “рафторашро дигар кунад”. Чунин тавсияи ногаҳонӣ ба Русия вазири корҳои хориҷаи Норвегия додааст дар мусоҳиба ба нашриёти олмонӣ Die Welt.

“...Маскав бояд рафтори худро таӯйир диҳад, то ки дигар кишварҳои аврупоӣ тавонанд бо он муносибатҳояшонро хуб кунанд”,- гуфтааст Вазири корҳои хороиҷаи Норвегия, Ине Эриксен Сёрейде.

Ба кишварҳои аврупоӣ рафтори худроо тағйир додан лозим набудаст. Онҳо ҳар гуноҳеро, ки хоҳанд ба сари Русия бор кардан мегиранд, мавқеи рӯзноманигорон ва ВАО танг карда, иғвоангезиро давом додан мегиранд. Масалан, бомбарони аслиаҳаҳои русияро сохтакорӣ мекунанд чихеле, ки якчанд бор ҳавопаймоҳои В-52Н ин корро карда буданд.

Дар бораи кадом гуфтушунид мегуяд вазири Норвегия – маълум нест. Ғайр аз ин чанд рӯз пеш вазири мудофиаи Британия аз аъзоёни НАТО хоҳиш кард “адаби Русияро диҳанд”.

Ба гуфтаи Бен Уоллес, Маскав ягона қувваи таҳдидовари НАТО мебошад.

 “Аз ҷониби Русия ба НАТО хатари ҷиддӣ эҳсос карда мешавад. Русия қадам ба қадам миллиметр ба миллиметр мавқеи моро танг карда истода аст”, - гуфт, Бен Уоллес, Вазири мудофиаи Британияи Кабир.

Ин дар ҳолест, ки Маскав борҳо таъкид карда  буд, ки ба ягон кишвари аъзои НАТО ҳуҷум нахоҳад кард. Наход Ғарб то ҳол аз дурӯягии худ то ҳол монда нашуда бошад?

78
Барчаспҳо:
муносибат, Норвегия, Ғарб, Русия

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

933
(Таҷдидшуда 22:09 04.08.2020)
Дар Бейрут таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо бинову манзилҳои зистро комилан хароб намуд. Зери харобаҳо чандин нафар қарор доранд

Сокинони Бейрут лаҳзаи таркиши шадидиро тавонистанд ба навор гиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунанд.

Қувваи таркиш ба ҳадде буд, ки тирезаҳои биноҳои шикаста, чандин манзилҳо аз шиддати таркиш фурӯ рехтанд.

Гуфта мешавад, таркиш дар анбори маводҳои пиротехникӣ сар задааст.

Феълан маълум нест, ки миёни харобаҳо чӣ миқдор мардум қарор дорад. Наҷотбахшон аз маҳали ҳодиса чандин нафаронро кӯч доданд, ки сахт ҷароҳатдор шудаанд.

"Тибқи иттилои роҳбари Вазорати тандурустии Лубнон Ҳамад Ҳасан, дар бандари Бейрут як киштии дорои пиротехника таркид. бар тибқи маълумоти пешакӣ, даҳҳо нафар бар асари ин ҳодиса фавтиданд".
933

Ташхиси ниҳоии ихтиёриён натиҷаи хуб дод: онҳо алайҳи коронавирус масуният доранд - навор

247
Пас аз 42 рӯзи озмоиши ваксинаи алайҳи коронавирус дар бадани ихтиёриён онҳо аз ташхиси пурраи табӣ гузаронданд. Натиҷаи ташхиси онҳоро пизишкон хуб арзёбӣ мекунанд

Пизишкон аз натиҷаи ташхиси гурӯҳи ихтиёриён, ки дар озмоиши ваксина алайҳи коронавирус иштирок доштанд, ризо ҳастанд ва онро хеле босамар арзёбӣ мекунанд.

Бар тибқи натоиҷи ахири ихтиёриён ҳамаи онҳо дорои масуният алайҳи ин маризӣ мебошанд.

Пизишкон мегӯянд аз замони ваксин гирифтан то 42 рӯзи охир дар организми ихтиёриён ягон дигаргунии нигаронкунанда мушоҳида нашуд. 

"Ҳамаи онҳо худро хеле бардаму солим ҳис мекунанд", - таъкид менамоянд табибон.

Профессор гуфт кай алайҳи коронавирус ваксина пайдо мешавад

Қобили зикр аст, ки сар аз якуми сентябр истеҳсоли сартосарии ин ваксина ба роҳ монда мешавад ва авоили моҳи октябр дар Русия эмгузаронии ройгон алайҳи коронавирус пиёда мешавад.

Вазорати тандурустии Русия мегӯяд, нахуст пизишкон ва табибон ваксин мегиранд. 

Нахустин ваксини сохти Русия имсол барои кӯдакон дастнорас хоҳад буд. Пас аз даври пурраи озмоиши ин дору дар бадани одамони калонсон ба эмкунии кӯдакон ҳам шурӯъ мешавад, аммо на дертар аз соли оянда.

247
Грузовик с газом, архивное фото

Боз гаронтар: газ 4, 5 сомонӣ шуд. Оё нарх поён меравад?

0
(Таҷдидшуда 15:25 06.08.2020)
Қимати гази моеъ, аз умдатарин маводи сӯзишвории нақлиёт дар Тоҷикистон боз ҳам боло рафта ба 4, 5 ва ҳатто дар баъзе аз таъмингоҳҳои маводи сухт то ба 4, 7 сомонӣ баробар шудааст. Зимнан ин нархнома назар ба як моҳи қабл беш аз 55 % баланд гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг – Sputnik. Шурӯъ аз имрӯз нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон тағйир ёфтааст.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон ҳоло арзиши як литр гази моеъ ба 4, 5 – 4, 7 сомонӣ боло рафтааст.

Ин дар ҳолест, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ нархи он дар аксар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 4, 2 ва 4, 3 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Сабаби боло рафтани қиммати газро масъулини ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт расман шарҳ намедиҳанд. Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (автозаправка) дар ноҳияи Варзоб гуфт, барои ӯ ҳам дақиқ маълум нест, ки чаро нархи газ рӯз ба рӯз боло меравад.

“Мо коргари оддӣ ҳастем. Шахсан ман танҳо дастгоҳи газдиҳандаро ба баки мошинҳо насб мекунам. Маблағи фурӯши газро нафари дигар дар хазина қабул мекунад. Ростӣ барои мо ҳам маълум нест сабаби болоравии нарх, инро роҳбарон медонанд”, иброз намуд, ҳамсуҳбти мо.

Дар ҳамин ҳол аксар ронандаҳои нақлиёт аз баланд шудани нархи газ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегуянд, баланд шудани арзиши газ дар замони хуруҷи пандемияи COVID -19 ба ҷайби зарба мезанад.

Коршинос сабабҳои ҷаҳиши  нархи гази моеъ дар Тоҷикистонро гуфт

"Нархи газ ба кори мо таъсир мерасонад. Нархи газ гарон шуд гуфта, нархи хизматрасонии мусофиркашони (таксӣ) ро зиёд кунем, ҳеҷ кас намешинад. Дар ин миён мо бояд ҳар моҳ маблағи патентро супорем. Агар нарх ҳамингуна боло рафтан гирад, кори мо тамом мешавад”, - гуфт ронандаи таксӣ.

Коршиносон мегуянд, тағйири нархи газ дар Тоҷикистон дар замони хуруҷи пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омад.

Дар оғози моҳи май вақте мақомот сабти бемории вируси каронаро расман тасдиқ карданд, гаштугузори мошинҳо дар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб коҳиш ёфт.

Дар ин миён қимати газ то ба 2, 4 сомонӣ поён рафт. Аммо баъди хатми муҳлати қарантинаи хонагӣ ва эълони вазъи муътадили беҳдоштӣ дар кишвар ҳаракати восиатҳои нақлиёт бештар шуд ва ба ин минвол нархи гази моеъ умдатарин василаи ҳаракатдиҳандаи нақлиёт ҳам рӯз ба рӯз баланд шуд.

Ҳоло бар тибқи мушоҳидаҳо нархи газ дар қиёс ба як моҳи пеш беш аз 55 % баланд шуда то ба 4, 5 - 4, 7 сомонӣ баробар шудааст.

Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизел аз хориҷа, асосан аз кишвари Русия ва Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон ворид мешавад.

Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Саридораи геологияи гуфт, дар Тоҷикистон чи қадар кони нафту газ аст

Аммо то кунун ҳеҷ кадом аз ин ширкатҳо дар бораи сабабҳои болоравии нарх расман изҳори назар накардаанд. Ин вазъ то кай давом мекунад ва нархи газ кай поён меравад? Ин суолест, ки ҳоло бештар аз ҳар вақти дигар масъулинро манзур медорад.

0
Барчаспҳо:
НФС, шикоят, сокинон, гарон, нарх, гази моеъ, Тоҷикистон