"Рақс бикун": суруди шодравон Муборакшоро Меҳринигор ва Некрӯз бозхонӣ намуданд

1714
(Таҷдидшуда 17:45 30.11.2019)
Меҳринигори Рустам ва Некрӯз Ниёзов ду овозхони ҷавон ва муваффақи Тоҷикистон таронаи суруди шодравон Муборакшо Мирзошоро бозхонӣ намуданд

Овозхонони ҷавону муваффақи тоҷик Меҳрнигори Рустам ва Некрӯз Ниёзов  таронаи "Рақс бикун" – и ҳофизи саршиноси тоҷик, шодравон Муборакшо Мирзошоевро бозхонӣ намуданд.

Тарона ва намоҳанги ин суруд  дар саҳифаи YouTube-и Меҳрнигори Рустам нашр гардид ва аллакай беш аз 4 ҳазор нафар онро тамошо карданд.

"Рейтинги ситора"-ҳо: аз пешсафии Шабнам то мақоми охири Валиҷон

Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигор бори аввал нест, ки сурудҳои сарояндагони номии гузаштаи тоҷикро бозхонӣ мекунад. Ӯ чанде пеш таронаи “Маҷнун набудам” – ро бозхонӣ намуда буд, ки аз ҷониби мухлисонаш хеле хуб пазируфта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Меҳринигори Рустам чанде қабл дар рӯзи зодрӯзаш намоҳанги ҷадид, таҳти унвони "Нашав ошиқ"- ро нашр намуд, ки то ҳол онро беш аз 200 ҳазор нафар тамошо ва баҳогузорӣ намудааст.

1714