Варзишкори ММА аз Тоҷикистон рақиби русашро дар 11 сония мағлуб кард –видео

1602
(Таҷдидшуда 15:21 02.12.2019)
Варзишкор аз Тоҷикистон дар мусобиқаи ММА рекорд зад, ӯ рақиби худро аз Русия дар 11 сония малуб кард

Шаби гузашта дар шаҳри Маскав мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи FFC баргузор шуд.

Дар Лужники қавитарин варзишкорони Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон ва Афғонистон бо ҳам рақобат карданд.

Яке аз муҳорибаҳои аҷиб миёни варзишкорони Тоҷикистону Русия сурат гирифт. Варзишкори тоҷик Эмомалӣ Қурбонов дар муҳориба бар зидди варзишкори рус Александр Никитин рекорд зад.

Дар навроре, ки дида мешавад, муҳориба ҳамагӣ 11 сония давом ёфт.

Ҳамагӣ 11 сония то пирӯзӣ: яке аз зарбаҳои варзишкори тоҷик рақиби русашро ноустувор кард. Сипас Қурбонов бар сари Никитин силсила зарбаҳо мезанад, ки дигар варзишкори рус натавонист муқовимат нишон диҳад.

1602
Барчаспҳо:
Русия, рақиб, ММА, мусобиқа, варзишкор, Тоҷикистон

Тоҷикистон дар навбат: кадом кишварҳо мехоҳанд аз Русия бар зидди COVID-19 даво бихаранд

167
(Таҷдидшуда 18:29 22.09.2020)
Аксари кишварҳои ҷаҳон барои харидории воксинаи сохти Русия - "Спутник V" алоқамандӣ пайдо карданд. Аксари кишварҳои хориҷи наздик омода ҳастанд аз Русия ин ваксинаро харидорӣ намоянд

Дар Русия ба сохти воксинаи зидди вируси корона ҳанӯз моҳи январи соли 2020 оғоз карда буданд. Ба сохти воксина якбора чанд гурӯҳи олимон шурӯъ карданд.

Дар ниҳоят Вазорати тандурустии Русия аввалин воксинаи зидди вируси коронаро дар моҳи августи соли равон ба қайд гирифт. Ин воксина аз сӯи маркази тадқиқотии зиддиэпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалеи кашф карда шуд ва сохти ин даво дар ҳамкорӣ бо бунёди сармояҳои мустақими Русия сурат мегирад.

Дар ниҳоят ин воксина комилан безарар дониста шуд. Ин даво метавонад бар муқобили вируси корона мубориза барад. Сипас аз самаранокии ин воксина маҷалаи бонуфузи The Lancet мақолае чоп кард.

Русия дар ҳоли ҳозир, аз кишварҳои хориҷӣ ба андозаи як миллиард адад воксина дархост қабул кардааст. Аз ҷумла Тоҷикистон, Арабистони Саудӣ, Аморати муттаҳидаи Араб, Филипин, Мексика, Венесуэлло, Молдова ва Озарбойҷон омодагии худро барои харидории ин воксина эълон карданд.

Нахустин кишваре, ки ба воксинаи зидди вируси корона дастрасӣ пайдо мекунад, ин Белорус мебошад.

Инчунин Руся созишнома барои фуруши воксина бо Қазоқистон низ ба имзо расонидааст. Тибқи ин созишнома ба Қазоқистон беш аз миллион адад воксина дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ хариди ин воксинаро баррасӣ доранд.

167
Барчаспҳо:
ҷаҳон, кишварҳо, Русия, харидорӣ, навбат, Тоҷикистон

Марди чинӣ тавонист моҳиҳоро футболбоз кунад: навори аҷиб

471
Сокини шаҳри Сзиян, Ян Тсянсин тавонист моҳиҳои тиллоиӣ дохили аквариумро футболбоз кунад. Акнун дар шароити қарантин, номбурда дар манзили зисташ мустақиман бозии футболро тамошо карда, роҳат мекунад

Ян Тсянсин аквариумро барои майдони футбол муҷҷаҳаз карда, ба "дастаи тиллоӣ" қоидаҳои бозӣ кардани футболро фаҳмондааст.

"Ман тамоман интизор надоштам, ки онҳо ба футбол майл пайдо кунанд. Баъде, ки ба тамринашон машғул шудам, дарк намудам, ки бозии футбол барояшон шавқовар аст ва бо туб кор карданро нағз мебинанд", - изҳор доштаст Ян.

Барои бозии хуб моҳиҳоро ҳадя интизор аст. Аниқтараш, барои ҳар як голи ба самар ӯ муаллифи голро зиёфат медиҳад.

Сайди моҳӣ дар Тоҷикистон чаро ва то кай мамнӯъ аст?

Раванди бозиии "дастаи тиллои" - ро Ян дар TikTok мегузорад ва моҳиҳо аллакай чандин тамошобинро сарҷамъ овардаанд.

Зимнан, худи Ян Тсянсин мегӯяд, дар оянда нақшаи баргузор кардани мусобиқаи футбол миёни дастаҳои  моҳиҳоро дорад.

471
Барчаспҳо:
навор, футбол, моҳӣ, Чин

Нигаронии СММ аз авҷи хушунатҳои бесобиқа дар Афғонистон

0
(Таҷдидшуда 19:28 22.09.2020)
Созмони Милали Муттаҳид аз ташдиди ҳамалот ва афзоиши кушторҳо дар Афғонистон ибрози нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Миссияи кӯмаки Созмони Милал дар Афғонистон (UNAMA) ахиран дар як изҳорот гуфт, афзоиши куштор ва хушунат дар Афғонистон дар панҷ ҳафтаи охир дар панҷ соли охир бесобиқа буд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Афзоиши хушунатҳо дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки гуфтугӯҳои сулҳи байни афғонҳо дар Қатар идома дорад.

Намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон таъкид кардааст, ки бояд иқдомоти фаврӣ барои муҳофизат аз ғайринизомиён ва эҷоди фазои мусоид барои гуфтугӯҳои сулҳ дар Дуҳа фароҳам шавад.

Ин баёния аз тарафҳои дахил дар раванди сулҳи Афғонистон хостааст ба хушунатҳо ва ҷанг поён диҳанд ва барои барқарории оташбас талош кунанд.

Бо афзоиши хушунатҳо дар саросари Афғонистон ҳар рӯз даҳҳо нафар кушта ва захмӣ мешванд.

0
Барчаспҳо:
ҳамалоти террористӣ, афзоиш, нигаронӣ, куштор, СММ, хушунат, Афғонистон