ИМА дӯстонашонро пеш аз нишасти НАТО дар Лондон аз даст медиҳанд

132
Вазири қувваҳо мусаллаҳ Фаронса, Флоранс Парли, ба ИМА пешниҳод кардааст, ки ба бор кардани силоҳҳояш ба гардани шариконаш ба НАТО хотима бахшад. Ин баёнияро ӯ дар мусоҳиба ба рӯзномаи Journal du Dimanche иброз доштааст

Нишасти навбатии НАТО дар Лондон то ҳол оғоз нагардидааст, аммо аъзоёни он ба ҷанҷол пардохтанд. Ин дафъа вазири қувваҳо мусаллаҳ Фаронса, Флоранс Парли ба ин кор шуруъ кардааст. Флоранс Парли ба ИМА пешниҳод кардааст силоҳҳояшро ба гардани дигарон бор накунад.

 “Набояд моддаи 5-уми дастури НАТО-ро, ки аъзои паймонро вазифадор мекунад ҳамраъй бошанд зери фишори Вашингтон қарор дод, то ки он аз мувофиқи моддаи F-35, ки кишварҳои узвро ба хариди силоҳҳои амрикоӣ маҷбур насозад”, - мегӯяд Флоранс Парли, вазири қувваҳо мусаллаҳ.

   Бо ин сабаб алакай муносибатҳои Амрико бо Туркия бад шудаанд. Анқара ба харидории Patriot амрикоӣ ба ҷои С-400 русӣ розӣ намешавад. Дар Фаронса низ баҳри мустақилтар нигоҳ доштани мавқи Аврупо баромад карда пешниҳоди сохтани артиши Аврупо карданд.  

Ягона “дӯстони ҳақиқии” Вашингтон кишварҳои назди Балтика мемонанд. Онҳо хариди силоҳ ва техникаҳои куҳнаи амрикоиро давом медиҳанд ва афсонаҳо дар бора таҳдидҳои аз ҷониби Русияро давом медиҳанд, гарчанде ин чиз асос надорад.

Аммо дар ВАО хориҷа дар бораи имкони рух додани ҷанг дар кишварҳои Балтикаро менависанд  ва тасаруфи вилояти Калининград. Ба гуфтаи губернатори ин вилоят, Антон Алиханов аз ин танҳо маҷмааи ҳарбӣ-саноатии НАТО фоида мебинад. По мнению губернатора региона Антона Алиханова, выигрывает от этого военно-промышленный комплекс НАТО.

 “Мақомоти ин кишварҳои орзу мекунанд, ки дар кишварҳои онҳо пойгоҳҳои низомӣ барқарор мекунанд, чунки онҳо аз ин пул кор мекунанд. Ростӣ ҷойгиркунии инфрасохторҳои навъи дифоӣ дар Калининград ин ҷавоб ба он силоҳҳое, мебошад, ки дар кишварҳои назди Балтика ва Полша хобонида шудаанд. Мо дар режими “реаксия” қарор дорем на агресия”, - гуфт Антон Алиханов, губернатори вилояти Калининград.  

132
Барчаспҳо:
НАТО, Туркия, ИМА, Русия

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

340
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

340
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут

Табодули таҷрибаву дониш: пизишкони Русия ба хотири кумак озими Қазоқистон шуданд - навор

99
Пизишкони Русия ба хотири имдод расондан ба ҳамтоёни қазоқи худ озими Қазоқистон шуданд ва муддати як моҳ бо онҳо табодули таҷрибаву дониш мекунанд

Пизишкони Русия ба хотири мубориза бурдан алайҳи маризии коронавирус озими Қазоқистон шуданд ва бо ҳамтоёни худ аз ин кишвар табодули донишу таҷриба мекунанд.

Таъкид мегардад, ки пизишкони Русия давоми яе моҳ дар Қазоқистон мемонанд ва роҳи дурусти мубориза алайҳи ин маризиро ба табибони қазоқ нишон медиҳанд.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Ба ҳайати табибони рус, ки озими ин кишвар шуданд, пизишкони кӯдакона, анестизологу реанимотолог ва табибони бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Русия дар баробари ирсол намудани пизишкони ботаҷриба ба Ҷумҳурии  Қазоқистон, инчунин маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро низ кумак кард.

99
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон, кумак, Русия
Молящиеся в защитных масках в мечети

Эрон аз мубтало шудани 2 ҳазор нафар ва фавти 132 кас аз коронавирус дар як рӯз хабар дод

0
(Таҷдидшуда 18:31 08.08.2020)
Шабонарӯзи гузашта дар Эрон бар асари маризии коронавирус 132 нафар ҷон бохтанд. Ҳамзамон 2 ҳазор мавориди сироятшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии ҳудуди 2 ҳазор бемори нави мубтало ба коронавирус ва беҳбудии 282 ҳазор нафар дар ин кишвар хабар дод.

Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон эълом кард.

Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 2 ҳазору 125 бемори нави мубтало ба коронавирус дар Эрон шиносоӣ шуд.

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

Лорӣ бо баёни ин ки  маҷмуи беморони коронавирус дар Эрон ба 324 ҳазору 692 нафар расидааст афзуд, дар 24 соати гузашта 132 нафар аз беморони КОВИД-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмуи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 18 ҳазору 264 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 282 ҳазору 122 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 20 миллион  нафар расидааст.

0