"Фу мегум, фу ": шикваи Фирӯза Ҳафизова дар намоҳанги ҷадидаш аз ғайбати мардум

1088
(Таҷдидшуда 12:41 06.12.2019)
Намоҳанги ҷадиди Фирӯза Ҳафизова таҳти унвони "Фу мегум фу" тоза ба шабакаи YouTube роҳ ёфт ва дар кӯтоҳтарин фурсат он аз ҷониби даҳҳо тамошобин писандида шуд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. "Фу мегум, фу" намоҳанги ҷадиди Фирӯза Ҳафизова, сарояндаи маъруфи Тоҷикистон аст, ки як рӯз қабл ба шабакаи иҷтимоии  YouTube роҳ ёфт.

Дар намоҳанги мазкур Фирӯза аз шеваи бархӯрди мардум ба ҳаёти шахсӣ ва ҳунарии худ нигаронӣ мекунад, ва изҳор медорад, ки дар қиболи ӯ ҳар гуна гапҳо носазо гуфта мешавад.

"Гоҳе маро маст мебароранду гоҳе девона, гӯё ман бахил ҳастаму дуруғгӯ. Охир шумо ба ман чӣ кор доред", - бо шиква мегӯяд Фирӯза дар суруди ҷадидаш.

Як марду чил ҳунар: нахустин барномаи Қадами Қурбон бо Фирӯза Ҳафизова

Сарояндаи тоҷик аз он изҳори ғамгинӣ мекунад, ки дар айёми ҷавонияш ӯро мардум ба ҳоли худ намегузоранд ва аз пасаш ҳар гапи дурӯғу сафсата мебофанд ва ӯро пайваста ғайбат мекунанд.

Аз ин рӯ, Фирӯза бо хитоб ба мардумони ғайбатчӣ  фу гуфта, мегӯяд дилаш аз ин хел одамон мешӯрад.

Намоҳанги ҷадиди Фирӯза, ки санаи 4 - уми декабр дар канали Afghan Smart дар YouTube нашр шуд, беш аз 40 ҳазор нафар онро тамошо намуда писандиданд.

Ҳарчанд аксар тамошобинон аз шеваи сурудхонии ин сарояндаи тоҷик истиқбол мекунанд, вале кам нафароне ҳам нестанд, ки ҳунари Фирӯзаро ғайри қобили қабул медонанд.

Намоҳанги мазкурро 353 нафар написандиданд ва зери он шарҳҳои манфиро коштанд. Аз ҷумла, Шаҳбоз Одинаев навиштааст:

"Даф шав, ягон маънӣ надорад, ақалан ягон суруди соз мехондӣ, шаъну эътибори худатро паст кардӣ".

Барои Zara Farozova як корбари дигари шабакаи YouTube низ суруди ҷадиди ин сароянда писанд наомад ва ӯ навиштаст, ки "Фирӯза аз рости девона будаст".

Фирӯза Ҳафизова сарояндаи саршиноси Тоҷикистон борҳо мавриди хандахаши мардуми тоҷик қарор гирифт ва бисёриҳо ӯро барои либоспӯшӣ, аксар барои тарзи ҳарфзании ӯ ва қисмати дигар барои тарзи ҳаёти нодурусташ интиқод мекарданд.

1088
Барчаспҳо:
намоҳанг, тоҷик, сароянда

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои Русия бар зидди COVID-19 рағбат дорад

273
(Таҷдидшуда 21:22 07.07.2020)
Созмони ҷаҳонии беҳдошт интизори он аст, ки ваксинаҳои пешниҳоднамуда Русия бар зидди коронавирус чӣ натиҷа медиҳанд

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба ваксинаҳои зидди коронавирус дар Русия рағбат пайдо кардаст.

Онҳо гуфтанд, ки интизори анҷоми санҷишанд. Ҳамзамон, қайд карданд, ки дар рафти санҷиши доруҳо барои табобати COVID-19 низ ҳастанд.

Озмоишҳои Русия дар бораи ихтиёриён ҳамзамон дар якчанд ҷойҳо баргузор мешаванд.

Озмоишҳо чӣ гуна гузаронида мешаванд, иштирокчиёни ихтиёриён чӣ гунаанд ва кадом кишварҳо ваксинаи аз ҳама бештарро интизоранд - дар видеои мо бубинед. 

273

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

134
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

134
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск
Похороны человека умершего от заражения вирусом, архивное фото

Тасдиқи фавти дигар аз COVID-19 дар Тоҷикистон: омори нави расмӣ

54
(Таҷдидшуда 18:38 08.07.2020)
Вазорати беҳдошти Тоҷикистон омори нави сироятёбӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистонро нашр кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бар пояи омори нав, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 49 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ва 1 мавриди фавт бар асари он ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, аз 30 апрел то 8 июл дар кишвар шумораи гирифторони COVID-19 ба 6364 нафар расида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 5011 (78,7%) нафар беморон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар муддати зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 54 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 220 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 46 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", — омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Ҳакимов: ҷорӣ кардани ҷарима барои напӯшидани ниқоби тиббӣ, мантиқан нодуруст аст

Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Дар баробари ин дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.

54
Барчаспҳо:
бемориҳои сироятӣ, омор, Тоҷикистон