Ситораҳои ҷаҳонии варзиш аз иштироки тамринкорони рус дар олимпиадаҳо дастгирӣ карданд

116
(Таҷдидшуда 18:56 09.12.2019)
Ситораҳои ҷаҳонии варзиш аз тамринкорони рус дастгирӣ кардаанд, то ки Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ҳуқуқи онҳоро поймол накунад ва дар олимпиадаҳо онҳоро иҷозат диҳад

Варзишгарон аз тамоми ҷаҳон тасмим гирифтанд, ки ҳамкасбони руси худро, ки чор сол боз зери парчами баромад карда наметавонанд, дастгирӣ кунанд. Қарор бояд аз ҷониби Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг қабул карда шавад. WADA инчунин метавонад Русияро аз имконияти баргузор кардани мусобиқаҳои байналмилалӣ дар кишвар барои 4 сол маҳрум кунад.

"Мумкин нест варзишгарро маҷбур кард, то ки ширкат дар мусобиқа ё кишвари худро интихоб кунад. Варзишгарон дар ин ҷо тамрин мекунанд, онҳо дар кишвари худ таваллуд шаванд, хоҳ Русия, ё Ямайка ва Амрико - фарқ надорад. Ва онҳо аз он фахр мекунанд. Чунки дар онҷо ба воя расидаанд, дар онҷо оила ва дӯстон доранд шумо мехоҳед онҳоро аз худ дур кунед? Мехоҳед онҳоро водор созед ба интихоб ва баъд дар мусобиқаҳо ширкат варзед. Онҳо нисфи умри худро барои омодагӣ ба як чорабинии мушаххас сарф карданд мусобиқа. Ин ҳама зиндагии онҳост. Ман “Спринтер”ҳастам ва дав ин тамоми ҳаёти ман аст”, - гуфт Ҷеффри Монсон, варзишгари муҳорибаҳои омехта.

"Ин ба назарам ғайримуқаррарӣ аст, зеро аз он оғоз мекунем, ки на ҳама варзишгарони Русия ва на ҳама варзишгарони олимпӣ дар он дар он навъи варзиш тамрин мекунанд, ки истифодаи стероидҳо каме кумак мекунад. Масалан барои рақосони рӯи ях ин чиз умуман лозим нест.  Пас чаро тамоми дастаи олимпиро хориҷ мекунанд ва тамоми варзишгаронро аз имконашон маҳрум мекунанд бигузор як ё ду гуруҳи одамоне, ки қоидаро риоя накардаанд маҳрум шаванду халос”, - гуфт муштзан Рой Ҷонс.

"Қароре, ки онҳо мехоҳанд пешниҳод кунанд такрори ҳамон ҳодисаи пеш аз Рио-2016 аст.  Он вақт онҳо мехостанд дастаи Русияро пурра маҳрум созанд, аммо дар ниҳоят рӯҳияи варзиши ба сиёсат пирӯз шуд”, - мегӯяд Бенедес Алехандра, қаҳрамон, собиқ вазири варзиши Венесуэла.

"Албатта ин озмоиши шадид аст, аммо бори дигар мехостам бигӯям, ки мо ин санҷиши навбатиро низ паси сар хоҳем кард", - қайд кард Михайл Мамашвили, Президенти Федератсияи гӯштини Русия.

116

Низомиёни тоҷику рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон "террористон" - ро маҳв карданд - навор

139
(Таҷдидшуда 19:19 24.11.2020)
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, террористони шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамрингоҳи Лоҳур як тамрини навбатӣ баргузор карданд.

Дар ҷараёни тамрин, онҳо маҳви террористҳои шартиро дар шароити кӯҳистон нишон доданд.
Задухӯрд пас аз рахна шудани марзи давлатӣ аз ҷониби террористон оғоз ёфт.

Дар ин асно, экипажи ҳавопаймои бесарнишин бо миномётҳо ва мошинҳои зиреҳпӯш якчанд сутунҳои душманро пайдо карда, фавран макони ҷойгиршавии онҳоро ба пости фармон интиқол дод.

Шойгу ба низомиёни Тоҷикистон медал тақдим кард

Дар видео маълум аст, ки душман тавасути "Гвоздика" ва чархболҳои Ми-24  иҳота гардида, ҳамин тариқ гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шикаст дода шуданд.

Ёдовар мешавем, дар тамринҳои муштарак беш аз 3 ҳазор низомии Русия ва беш аз 550 адад силоҳу таҷҳизот ба кор бурда шуд.

Аз ҷумла, аз БМП-2М, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, БТР-80, системаҳои артиллерии "Град", "Ураган", гаубитсаи худгарди "Гвоздика" ва "Акатсия" истифода бурда шуд.

139
Барчаспҳо:
навор, маҳв, террористон, рус, тоҷик, низомиён

Муҳандисони низомии Русия ба сӯи Қарабоғи Кӯҳӣ парвоз карданд- навор

71
(Таҷдидшуда 17:00 24.11.2020)
Муҳандисони низомии Русия ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ равон шуданд. Ҳавопаймои Ил-76 вазорати дифои Русия муҳандисони низомӣ, булдозер, мошинҳои боркаш ва дигар таҷҳизоти лозимаро ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳи интиқол дод

Гуфта шудааст, ки ҳавопаймои Ил-76 вазорати дифои Русия муҳандисони низомиро ба минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ расондааст. Ҳавопаймо аз фурудгоҳи вилояти назди Маскав парвоз кард ва таҷҳизоти лозимаро ба Ереван интиқол дод.

Ёдрас мешавем, ки вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. Рӯзи 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.

Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа, Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

71
Барчаспҳо:
таҷҳизот, муҳандис, ҳавопаймо, Қарабоғи Кӯҳӣ, Русия
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Арзиши асъор дар Тоҷикистон: рубл боз андак боло рафт

0
(Таҷдидшуда 10:19 25.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кардааст. Мувофиқи он, дар бозори нақду ғайринақди кишвар арзиши рубл каме боло рафта, аз 0,1480 то 0,1510 сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Дирӯз, 24 ноябр низ, Бонки миллии Тоҷикистон аз боло рафтани арзиши рубл хабар дода буд, Аммо ин болоравӣ имрӯз низ идома дорад ва як рубли русӣ то .,1510 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4052 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Раҳмон раиси Бонки миллӣ ва муовинонашро барканор кард: Холиқзода - раиси нав

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

0