Вав! ҳунарнамоии Ясмина Алидодова дар озмуни Central Asia Got Talent 2019 - видео

281
(Таҷдидшуда 20:02 10.12.2019)
Ясмина Алидодова - овозхони ҷавони муқими Дубай дар даври нимниҳоии озмуни Сentral asia's got talent 2019 ҳунарнамоӣ кард

Ясмина Алидодова дар даври ниҳоии озмуни Сentral asia's got talent 2019 бо суруди машҳур ба забони англисӣ - Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Ясмина Алидодова, архивное фото
© Фото : Из личного архива Ясмины Алидодовой

Ясмина Алидодова: мехоҳам суруди Аҳмад Зоҳирро сароям

Аз ҳунарнамоии Ясмина доварони озмун ба ваҷд омадаанд.

Барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан, ба ҷонибдории Ясмина Алидодова бояд ҳаводоронаш овоз диҳанд. Барои дастгирии Ясмина Алидодова шумо метавонед 06 ба рақами 5021 фиристед.

Ясмина Алидодова ба хотири Аҳмад Зоҳир ба забони форсӣ хонд

Ясминаи 16-сола орзӯ дорад, дар оянда овозхон ва ҳунарпешаи касбӣ шавад ва бештар ба забони тоҷикӣ суруд сарояд.

Ёдрас мешавем, ки овозхони ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов аллакай ба даври ниҳоии ин озмуни бонуфуз роҳ ёфт.

Central Asia's Got Talent - озмуни байналмилаллиест, ки дар беш аз 70 кишвари дунё баргузор шудааст. Ин бор ин озмуни бонуфуз дар чор кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳунар меҷӯяд.

Дар ин озмун ҳар нафаре, ки истеъдоди фавқуллода ё ҳунаре бартар аз дигаронро дорад, метавонад ширкат кунад. 

Ин шоуи телевизионӣ дар пайравӣ ба лоиҳаи маъруфи Britain’s Got Talent роҳандозӣ мешавад.  

Ҳунари довталабон аз ҷониби чаҳор довар, намояндагони чор кишвари иштирокчӣ баҳогузорӣ мешавад. Ба ҳайати ҳакамон Нурлан Абдулин - сарояндаи қазоқистонӣ, ровии телевизион, соҳибкор, Ситора Фармонова - ҳунарпешаи кино, ҳофиза ва ширинкори узбекистонӣ, Гулнур Сатилганова -сарояндаи қирғиз, Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Қирғизистон, Аловуддин Абдуллоев - ҳунарпешаи тоҷик, режиссёри филми мустана, ҳунарманди театр дохил шуданд.

Ҷоизаи асосии озмуни Central Asia's Got Talent 260 000 сомониро ташкил медиҳад.

281
Барчаспҳо:
Ясмина Алидодова, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон

Сӯхтор дар калисои қадимии асри XIX дар Томск- видео аз ҷои ҳодиса

67
(Таҷдидшуда 17:53 04.07.2020)
Калисои чӯбии қадимае дар шаҳри Томски Русия дар паи сӯхтор қариб пурра хокистар шуд. Оташнишонон тавонистанд гузаштани оташ ба дигар манотиқро пешгирӣ кунанд

Дар Русия яке аз қадимтарин калисоҳои кишвар нобуд шуд. Дар шаҳри Томск калисое, ки тақрибан 145 сол дошт пурра хокистар шуд. 

Бино ба гуфти шоҳидони ҳол сӯхтор дар паи раъду барқ оташ гирифтааст.

Ин калисо, ки яке аз қадимтарин бинои чӯбии ин минтақа буд, дар давоми як соат ба хок яксон шуд.

Ба вокуниши саривақтии оташнишонон нигоҳ накарда, калисо пурра ба коми оташ рафт. Наҷотдиҳандагон натавонистанд, ин бинои асри XIX - ро наҷот диҳанд.

Дар баробари ин хатари гузариши оташ ба дигар биноҳо низ вуҷуд дошт, ки бо қувваи оташнишонон ин хатар пурра бартараф карда шуд.

Дар паи сӯхтор, хушбахтона касе осеб надид.

67
Барчаспҳо:
сӯхтор, Томск

Аз меваю сабзавот то нону асал: Раҳмон аз ҳосили фаровони деҳқонон дидан кард - навор

171
(Таҷдидшуда 16:10 03.07.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди худ аз вилояти Суғд, аз натоиҷи заҳмати деҳқонони ин минтақа дидан намуд

Навор аз лаҳзаи боздиди кишвардори Тоҷикистон аз заминҳои кишт ва боғзорҳои Суғд дар сафҳаи Президент дар Фейсбук нашр шудааст.

Аз навор бар меояд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дидан намудан аз кори заҳматталаби деҳқонон ба заминҳои кишт ва боғзорҳо ташриф  овард.

Оғози сафари раисҷумҳур ба Суғд: Раҳмон дар Хистеварз беморхонаи “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ кард

Сарвари давлат дар ин навор бо деҳқонон сӯҳбатҳо ороста аз нақшаву ниятҳо ва ҳамзамон мушкилоти онҳо пурсон шудааст.

Дар навор заминҳои кишти помидор, ғаллаву ҷуворимакка нишон дода шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳое боздиди намуд, ки маҳсулоти он ба кишварҳои хориҷ содирот мешавад.

171
Барчаспҳо:
деҳқон, навор, Эмомалӣ Раҳмон, Суғд
График на бирже, архивное фото

Холиқзода гуфт,  ба рушди иқтисоди Тоҷикистон чи омилҳо монеа мешаванд

0
(Таҷдидшуда 17:52 05.07.2020)
Рушди иқтисодии Тоҷикистон аз чӣ вобаста аст, гуфт директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолик Холиқзода

ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik.  Коҳиши иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020 ба рушди иқтисодии Тоҷикистон халал мерасонад, гуфт Абулхолиқ Холиқзода, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар сущбат бо “Ховар”.

“Мушоҳида мегардад, ки бо пайдоиш ва шуруъи бемории сироятии СOVID – 19 дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон бинобар таъсироти манфии он ба коҳишёбии маҳсулнокии фаъолият дар натиҷаи беморшавӣ, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнашуда дар корхонаҳои саноатӣ, маҷмуан паст гардидани даромаднокӣ дар ҳамаи соҳаҳо дар паёмади муваққатан ва ё пурра аз даст додани фаъолнокии корӣ оварда расонид”,- гуфтааст ӯ.

Бо ишора ба пешгӯии таҳлилгарон, Холиқзода қайд кард, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон боиси кам шудани 30-40% сармоягузорӣ мегардад.

Директори марказ диққатро ба он ҷалб кард, ки якчанд омилҳо ба рушди иқтисодии Тоҷикистон таъсир мерасонанд.

Ҳушдори БМТ аз хатарҳои коронавирус ба иқтисод: меъёри бозтамвилро кам кард

“Ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон айни замон таназзули иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар соли 2020, пӯшидани сарҳадҳо, сустшавии иқтисодиёти Россия ва Чин ба сифати шарикони асосӣ, кам шудани содироти молҳои ватанӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои хориҷӣ ва даромади хонаводаҳо, бефаъолӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сайёҳӣ, кам гардидани савдо ва сайёҳон таъсиргузор хоҳанд буд”,-зикр кард ӯ .

0