Лавров бо Трамп пушти дарҳои баста аз чӣ гуфтанд

161
(Таҷдидшуда 20:27 12.12.2019)
Мулоқоти Сергей Лавров ва Доналд Трамп пушти дарҳои баста сурат гирифт. Роҳбари ВУХ Русия аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Котиби давлатии ИМА танҳо дар як нишасти матбуотӣ сухан гуфт

Сергей Лавров бо Доналд Трамп мулоқот кард. Музокироти роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамагӣ 45 дақиқа тӯл кашид ва дар ҳолати пӯшида сурат гирифт, ки ин бори дигар ба Вашингтон барои ба Маскав айбдор кардани ӯ сабаб мегардад.

Раиси кумитаи иктишофии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА формати мулоқотро "муваффақияти таблиғи Русия" номид.

Вазири корҳои хориҷӣ танқиди Адам Шиффро беасос хонд. Чаро Лавров дипломатҳои русро бо варзишгарон муқоиса кардааст ва барои барқарор кардани муносибатҳои ду қудрати пешрафта фурсат ҳаст - дар видеои мазкур бубинед.

161
Барчаспҳо:
Сергей Лавров, Трамп, ИМА, Русия

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

78
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

78
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия

Нахустин дар соли 2021: машқи чархболҳои Русия дар куҳистони Тоҷикистон

96
(Таҷдидшуда 20:23 15.01.2021)
Халабонҳои чархболҳои пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон нахустин бор дар соли равон парвозҳои тамриниро дар куҳҳо анҷом доданд

Дар размоишҳо чархболҳои ҷангии Ми-24 ва Ми-8-и пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон иштирок карданд.

Ҳайати халабонҳо ҳаракатҳои парвозҳои ҷуфтиро тамрин намудаанд.

Ин нахустин машқи халабонҳо дар соли нави 2021 мебошад. Зимни размоишҳо халабонҳо беш аз 10 вазифаи ҷангиро иҷро намуданд.

Яке аз вазифаҳо ошкор кардани ҳадафҳои пинҳонкардашуда дар шароити куҳистон буд.

Соли 2020 халабонҳои пойгоҳи низомии 201-ум мунтазам парвозҳои тамриниро анҷом медоданд.

Аз ҷумла соли гузашта низомиёни Русия дар беш аз 10 парвозҳои тактикӣ машқ карданд. Беш аз 30 машқи ҷанги ҳавоӣ гузаронда, ҳамлаи ҳавоии ҳарифи шартиро гардонданд. Панҷяки тамринҳо дар вақти шабона гузаронда мешуданд.

96
Барчаспҳо:
пойгоҳ, Русия, тамрин, чархбол, Тоҷикистон
День 16 января

Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол ва нашри Энсиклопедияи миллии тоҷик: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 18:02 14.01.2021)
Рӯзи шонздаҳуми январ дар Тайланд Рӯзи омӯзгор, дар Рӯзи озодиҳои диннӣ ва дар Ҷумҳурии демократии Конго Рӯзи қаҳрамонон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 16 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2016 Бонки осиёӣ- инфрасохтории сармоягузорӣ расман ба фаъолият оғоз намуд. Маросими кушодашавии бонк дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид

Соли 2002 Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид барои содир кардани таҳримҳо дар бораи созмони террористии Ал-Қоида ва ҳаракати Толибон, ки дар Афғонистон қарор доштанд, якдилона овоз дод.

Соли 1989 дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Рӯзи 16 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба суқути ҳавопаймои боркашони ширкати туркӣ дар маҳаллаи бӯстонсароҳо, ки сабаби марг ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакон ва хисороти хонаҳои истиқоматӣ дар атрофи шаҳри Бишкек гардид, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев барқияи таслият ирсол намуданд.

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи  корфармоёни Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расид.

Соли 2018 масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Белорус муҳокима карда шуданд.

Соли 2009 дастаи "Регар"-ТадАЗ-и Турсунзода барои ширкат дар "Ҷоми мусобиқаи Иттиҳоди давлатҳои ИДМ ва Балтика" аз шаҳри Қазон ба шаҳри  Москваи Федератсия Россия рафт.

Соли 2015 ҷилди сеюми "Энсиклопедияи миллии тоҷик" бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2018 дар Сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба муносиботи дуҷонибаи ду кишвар брифинг баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 16 январ 

  • Дар ИМА — Рӯзи озодиҳои динӣ.
  • Дар Ҷумҳурии Демократии Конго – Рӯзи қаҳрамонон.
  • Дар Тайланд - Рӯзи омӯзгорон

Рӯзи 16 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли - 1899 аввалин Комиссари халқии Ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924-1927), доктори илмҳои таърих, профессор Аббос Алиев.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи "Сафеддара" то террор дар "Шарли Эбдо": имрӯзи таърих
Чор сол пеш Раҳмон ваъда дод, ки лимити барқ пурра бардошта мешавад: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Муҳаммадрофеъ то ҳалокати 1400 кас дар заминҷунбии Кингстон: имрӯзи таърих