ВКД тафсилоти таҷовуз шудани ноболиғ аз ҷониби ҷинояткори қаблан маҳкумшударо нашр намуд

1309
(Таҷдидшуда 12:35 13.12.2019)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори боздошт гардидани ҷинояткор, ки дар дастдарозӣ ба номуси духтарон ва таҷовузи духтари ноболиғ даст доштаст

Кормандони милитсияи вилояти Хатлон як нафар сокини маҳаллиро, ки қаблан доғи судӣ дошта тоза ба озодӣ баромадаст, боздошт намуданд.

Номбурда пас аз 8 соли адои ҷазои ҷиноӣ, моҳи июли соли равон ба озодӣ баромад ва бо гузашти ҳамагӣ 5 моҳ боз ба содир намудани ҷинояти вазнин дат задаст.

Ба иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, чандин занон, сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шӯъбаи милитсияи ин минтақа бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намуданд, ки ба номуси духтарони ноболиғашон шахси ношинос дастдарозӣ мекардаст.

Зимнан кормандони пулис сокини ин ноҳия Хоҷаев Икроми 31 - соларо бо гумони таҷовуз ба номус ва суиқасд ба таҷовуз кардан дастгир намуданд.

Шумораи ҷиноятҳо дар Хатлон каму дар Суғд зиёд шудааст

Муайян карда шудаст, ки Хоҷаев санаи 2 - юми декабри соли равон дар замини хоҷагии деҳқонӣ ба номуси духтари ноболиғ аз роҳи буғи кардан таҷовуз намудаст.

Феълан нисбати Хоҷаев парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

1309
Барчаспҳо:
навор, ҷинояткор, таҷовуз, ВКД

Хонаи помирӣ дар наздикии Кремл - навор

810
(Таҷдидшуда 02:12 05.12.2020)
Дар маркази шаҳри Маскав хонаи помирӣ сохта шуд. Онро ихтиёриёни Бадахшон бо дастгирии Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бунёд карданд

Хонаи помирӣ ё ба забони шуғнонӣ "помери чид" – манзили суннатии мардуми Кӯҳистони Бадахшон аст, ки таъриху фарҳангу ҳунарро дар худ ҷой додааст. Ин хона аз сангу гилу чӯб сохта мешавад ва ҳар тоқу синҷу сутун нақши маънавӣ ва намоди худро дорад.

Ахиран Бунёди хайриявии "Даргил наник!" (Модар маро дарёб!) бо раҳбарии Меҳмоншо Меҳмоншоев бо кумаки ихтиёриёни бадахшон дар Маскав хонаи помирӣ бунёд карданд.

Ба гуфти Меҳмоншо мақсади асосӣ аз бунёди ин хона, ки дар доираи тарҳи "Киштии фарҳангҳо" бунёд гардидааст, муаррифии манзили помирӣ ба ҷаҳониён мебошад.

"Боре мо бо бародарамон Давлатназар Давлатназаров нишастем ва ривоҷ шуду тариқи Бунёд ин маконро барои бунёди хона гирифтем. Ҳуҷҷатҳоро омода кардем, ҳоло онҳоро месанҷанд. Иҷозат доданд, ки ҳамаашро қонунӣ кунем", - нақл кард Меҳмоншо.

Устоҳои асосии ин хона Шукрихудо ва Изатшоҳ мебошанд. Ва дигар корҳо ҳама аз тарафи ихтиёриён анҷом дода шудааст.

"Ихтиёриёни Бадахшон шабу рӯз ин ҷо меомаданд ва тариқи ҳашар меҳнат карданд. Бар ба бари ҳамдигар истода ин хонаро бунёд кардем. 90 фисади кори ин хонаро ихтиёриён анҷом додаанд. Наздики 20-30 волонтер асосан аз ноҳияи Рӯшон ин ҷо меҳнат карданд", - гуфт Меҳмоншо ва афзуд, ки ихтиёриёни дигаре буданд, ки хафагӣ карда гуфтанд, "моро хабар накардед", - мо гуфтем "ҳоло кор ҳаст". Пас аз ин мо фикри бунёди як хонаи дигарро кардем, ки дар он сӯи роҳ бунёд мешавад ва кор ҳам шурӯъ шудааст.

Як фикри дигар ҳаст, ки дар ВДНХ, ки он ҷо ҳамаи миллатҳо, масалан қирғизҳо - юрта сохтаанд ва мо низ як хонаи помирӣ бисозем, дар ин бора аллакай гуфтушунид кардаем.

Ба нақли Меҳмоншо дар Русия хонаҳои помирӣ пеш ҳам бунёд шудаанд.

"Дар вилояти Маскав як бародарамон хонаи помирӣ дорад, баъд меъмор Рашид низ хона сохт. Дар Петербург худораҳматӣ Бабек, даргузашташ бароямон талафоти бузург аст - хонаи помирӣ сохт, вале барои мо ривоҷ шуд, дар маркази шаҳри Маскав хона бисозем", - гуфт ӯ.

"Помери чид" (хонаи помирӣ) асосан аз се санҷ – санҷ ё дукони сартакя, ки ҷойгоҳи халифаву пиру бузургон аст, санҷ ё дукони поён, ки нишастгоҳи меҳмонон аст ва гирсанҷ, ки ҷойгоҳи занону кӯдакон ва соҳибхона аст, иборат мебошад.

Санҷҳоро панҷ сутун, ки ба “панҷ тани пок” нисбат дода мешаванд бо ҳам пайваст мекунанд. Ин сутунҳо, ки сақфи азимро рӯи шонаҳои худ бардоштааст – ба номи Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад (с), Ҳазрати Алӣ, ҳазрати Фотимаи Заҳро ва Ҳасану Ҳусайн номгузорӣ шудаанд.

Чорхона ё "рӯз" яъне равзана - яке дигар аз қисматҳои хонаи помирӣ мебошад, ки ба қавли мардуми Бадахшон макони даромади нури офтоб буда, ҳавои хонаро тоза мекунад ва пайвастагии миёни инсон ва Яздон мебошад.

Вале хонаи помирӣ дар Маскав, аз дигар манзилҳои маъмулӣ бо он тафовут дорад, ки натанҳо баёнгари фарҳанги бадахшониён мебошад, балки фарҳанги ҳамаи қавму миллатҳои ҷаҳонро гирд овардааст ва аз ин рӯ “Киштии фарҳангҳо” ном гирифтааст.

Ба гуфти Меҳмоншо дар ин хона дар баробари намунаҳои фарҳанги халқи Помир, намунаҳои гуногуни фарҳанги миллӣ аз Ҳиндустон, Марокаш, Африқо, Русия, Афғонистон ва дигар кишварҳо гирд оварда шудааст.

"Ҳар боре, ки ман ба Помир мерафтам, як чизи қадимиеро бо худ меовардам ва ҳамаи онҳо имрӯз ба кор омаданд. Фикр кунед ҳамин чойник, ки чандин нафар бо он подабонӣ рафтаанд, ё кашфҳо".

Ин макон барои тоҷикони Маскав ҷои хубе барои бо ёди ёру диёр будан хоҳад буд ва аксбардории шоҳу арӯс хоҳад буд.

"Дари ин хона ба рӯи ҳама боз аст. Мо бо ташкилотҳои гуногун аз қабили "Мосволонтер" ва "Москва моя карьера" ҳамкорӣ дорем ва онҳоро барои тамошо таклиф кардаем. Аллакай коргардонҳо занг зада хостори дар ин ҷо ба навор гирифтан ҳастанд. Вақте инсон нияти нек мекунад, он албатта бароварда мешавад", - хулоса кард Меҳмоншо.

Ӯ бовар дорад, ик барои кори хайр на маблағ, балки муттаҳидии инсонҳо нақши муҳим мебозад.

"Бори дигар барои ҳамаи ихтиёриён сипоси бепоён мегӯям. Шукри Худо, мо муттаҳид ҳастем", - гуфт Меҳмоншо.

810
Барчаспҳо:
бунёд, Хонаи Помирӣ, Маскав, ихтиёрӣ

"Ҳамаро зиндонӣ намекунед": эътирози русҳои Латвия алайҳи боздошти хабарнигорон - видео

81
(Таҷдидшуда 17:05 04.12.2020)
Татяна Жранок дар робита ба боздошт ва бозпурсии рӯзноманигорон дар Латвия мегӯяд, ки таъқиби рӯзноманигорон нақзи дағалонаи озодии сухан аст

Иттиҳоди Русҳои Латвия (RSL) ба хабари боздошти ҳафт нафар бо иттиҳоми вайрон кардани режими таҳримоти Иттиҳоди Аврупо вокуниш нишон дод ва дар назди муҷассамаи Озодӣ дар Рига таҳти шиори "Шумо ҳамаро зиндонӣ нахоҳед кард" пикет баргузор кард.

Сухан дар бораи кофтуков ва боздошти рӯзноманигорони русзабон меравад, ки бо порталҳои Baltnews ва Sputnik ҳамкорӣ мекунанд. Кофтукоб ва боздоши рӯзноманигоронро  Ҳадамоти амнияти давлатӣ рӯзи 3 декабр анҷом дод.

Қисмеро мешиносам: вазири маориф дар бораи устодони боздоштшуда ба иттиҳоми "ихвоният"

Чанде пеш, Вазорати корҳои хориҷии Русия амалкарди мақомоти Латвияро нисбат ба рӯзноманигорони русзабони пойгоҳҳои хабарии Baltnews ва Sputnik Латвия, ки кофтуков карда шуданд, шадидан маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, қаблан Sputnik хабар дод, ки кормандони ин расонаҳо тибқи моддаи 84 Қонуни ҷиноии Латвия - нақзи низоми таҳримоти Иттиҳоди Аврупо айбдор карда мешаванд. Пас аз бозпурсӣ аз онҳо уҳдадории хаттӣ гирифтанд, ки ин маконро тарк намекунанд.

Ба 7 рӯзноманигори русзабон ҷазо дар намуди ҷарима ва ҳабс таҳдид мекунад.

81
День 5 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:10 04.12.2020)
Рӯзи панҷуми декабр, рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ буда, дар Тайланд рӯзи падарон ва дар Украина рӯзи кормандони омор мебошад

Рӯзи 5 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1913 Бритониёи Кабир ворид намудани силоҳро ба Ирландия манъ кард.

Соли 1944 дар Олмон заноне, ки синнашон аз 18 боло аст,  ба артиш даъват карда шуданд.

Соли 1949  Байтулмуқаддас пойтахти Исроил эълон карда шуд.

Соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ аз кишварҳои аъзояш даъват кард, ки дар бораи мусаллаҳшавӣ ва қувваҳои мусаллаҳи худ маълумот пешниҳод намоянд.

Рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи сарони давлатҳои Созмони Конфронси Исломӣ ба шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ сафар кард.

День 4 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2008 аввалин шумораи рӯзномаи "Шифобахш" нашр шуд. Он нашрияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад.

Соли 2008 дар Украина баъди анҷоми мулоқоти хосса Президенти Украина Виктор Юшенко Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олии давлатӣ – Ордени княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1 сарфароз гардонид. 

Ҷашнҳои рӯзи 3 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон Президенти Украина Виктор Юшенкоро бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз намуд.

Соли 2008 дар Украина Шартнома миёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Миллии Киев ба номи Тарас Шевченко оид ба ҳамкории илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид.

День 2 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2012 дар шаҳри Ишқобод-пойтахти Туркманистон ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид. Пас аз анҷоми ҷаласа Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ба имзо расид.

Соли 2013 дар ҷаласаи навбатии сессияи панҷуми Парлумони Точикистон, даъвати чорум масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика" баррасӣ карда шуд.

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар иртибот ба пирӯзии баҳснопазираш дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбакистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 декабр

  • Рӯзи байналмилалии волонтёрон (ихтиёриён) барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ.
  • Рӯзи падарон дар Тайланд.
  • Рӯзи кормандони омор дар Украина.

Рӯзи 5 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

  • Фозил Абдураҳмонов (1930) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
  • Азиза Азимова (1915 – 1997) – актрисаи балет, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.
  • Мендел Биндер (1919 – 1991) – доктори илми ҳуқуқ, профессор.
    Хосият Бобоева (1923) – доктори илми таърих, профессор.
  • Холмурод Буйдоқов (1930-2011) – доктори илми педагогӣ, профессор.
  • Хушқадам Давлатқадамов (1924-1995)- арбоби давлатӣ, файласуф.
  • Зафар Абдулло (1976)- публисист.
  • Ботур Қобилов (1931) – навобардори кино ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
  • Хайриддин Қосимӣ (1954)- нависанда.
  • Озод Меликов (1964)- кинорежиссёр, кинооператор.
  • Файзалӣ Муродов (1936-2010)- доктори илми филологӣ.
  • Муҳаммадалӣ Шамс (1950)- шоир.
  • Сайқал (Самиев Қунғурот) (1939)- шоир.
  • Саодат Саломова (1967)- раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
  • Барот Содиқов (1929)- актёри театр.
  • Солеҳзода Саодатхоҷа (1950) – нависанда.
  • Мерган Султонов (1922 - 1997) – журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
  • Ҳазрат Сабоҳӣ (1948)- санъатшинос (кино).
  • Ҳабибулло Холҷӯраев (1933) – доктори илми таърих, профессор.
  • Мӯсо Ҷумъаев (1927 – 1995) – доктори илми кишоварзӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон