Беморӣ ва тангии ҷой: даҳшати зиндонҳои Сурия барои ҳамдастони террористон - навор

240
(Таҷдидшуда 13:28 17.12.2019)
Зиёда аз 5000 мард дар гумони кӯмак ба террористон дар зиндони вилояти Ҳасака дар шимолу шарқи Сурия таҳти назорати нерӯҳои демократии ин кишвар боздошт шудаанд

Дар навор шароити бади маҳбасхонаи Сурия ҳувайдост, ки дар он ҳудуди 5000 зиндонӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамаи зиндониён дар ҳамкорӣ бо террористон муттаҳам ва зиндонӣ гардидаанд.

Миёни маҳкумшудаҳо як рассом аз Ироқ қарор дорад, ки посбонҳои маҳбасхона барои нақш офаридан ба ӯ шароити хуб  муҳайё намудаанд.

"Ин тасвир дар бораи як маҳбусе аст. Дар ин ҷо, ранги сиёҳ торикиро ифода мекунад, ки аз он озод шудан мехоҳад, аммо ба калид расида наметавонад. Ва ба мисли ман ба кӯмак ниёз дорад" мегӯяд Абда Алрахман.

Аммо бо чунин шароити созгор танҳо ин рассом бархӯрдор буда, дигарон дар шароити ғайриқобили қабул ба сар мебаранд. Дар як утоқи нигаҳдории маҳбусон то 100 нафар ҷой дода шудааст, ки аксари онҳо рӯйи фарш хоб мекунанд.

Зарба ба ҷои захмин: Туркия ба таҳримҳои ИМА чӣ гуна посух хоҳад дод

Инчунин шумораи нафарони маҷрӯҳбуда низ кам нест, вале чун дар бемористонҳо барояшон ҷой намерасад, онҳоро дар ин муасисса нигаҳдорӣ мекунанд.

Миёни маҳбусон ҳамчунин наврасон низ қарор доранд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар байни боздоштшудаҳои ин муассиса шаҳрвандони Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам нигаҳдорӣ шаванд.

240
Барчаспҳо:
шароит, зиндон, Сурия