Ҳабси ҷавони талбанда дар Душанбе: солим аст, аммо худро маъюб вонамуд мекард

960
Раёсати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 23 - сола хабар медиҳд, ки ба хотири талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

Кормандони пулис дар шаҳри Душанбе  сокини Ваҳдатро дастгир намуданд, ки ба талбандагӣ маҳкум мешуд. Ба иттилои котиботи Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, Зиёев Муборакшо истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асо (чигас) дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кумак мекард.

 

Боздошти ҷавонписари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард
Боздошти ҷавонписари солиме, ки барои талбандагӣ худро маъюб вонамуд мекард

 

Зимни санҷиш муайян карда шудаст, ки номбурда дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани маблағ ба ин кор машғул будааст.

Бизнеси нангини се ҷавон дар Душанбе: талбандагӣ ба воситаи марди солхӯрдаву ночор

Зимнан, нисбати номбурда барои ин амали нанговараш протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол гардид.

Суд дар навбати худ нисбати шаҳрванд Зиёев Муборакшо Икромҷонович ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.

960
Барчаспҳо:
Душанбе, талбандагӣ, ҷавон, ҳабс