Клипи нави Манижа: бо қонунҳои Қуръон дохили калисо-видео

4155
(Таҷдидшуда 17:46 20.12.2019)
Манижа Сангин, сарояндаи тоҷики машҳур дар Русия намоҳанги ҷадидашро нашр кардааст, ки порае аз он ахиран дар Тоҷикистон сабт шуд

Манижа Сангин дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, суруди ҷадидаш дар мавзӯъи мансубияти миллӣ мебошад. Ӯ дар сурудаш мехонад, ки на славяни том асту на тоҷики расо.

Ӯ сурудааст, ки бо қонунҳои Қуръон дохили калисо зиндагӣ мекунад ва таъкид ба ягонагии Худо месозад. Манижа ҳамчунин ба мавзуъи муҳоҷират дахл карда, зимни сабти намоҳанги нав низ бархе қолабшиканиҳо кардааст. Дар клип Манижа бо забони тоҷикӣ "ё бача ту мара гуш кун" хитоб карда, бо забонҳои русию англисӣ сурудро дар мавзӯи муҳоҷирату миллату зиндагӣ давом медиҳад. 

Мухлисон давоми як рӯзи нашри намоҳанг аз он хуш истиқбол карда, шеваи хоси Манижаро тавсиф кардаанд.

Қаблан ин овозхони тоҷиктабор суруд ва намоҳанги худро таҳти унвони "Сейчас дважды не случится" (Ин лаҳза дубора намеояд), пешкаши мухлисон карда буд. Нақши асосиро дар намоҳанг худи Манижа Сангин бозидааст. Бо ин суруд ва клипи худ Манижа қолабшиканӣ карда, мехоҳад ба мардум бирасонад, ки ҳар лаҳзаи ҳаёт такрорнашаванда ҳаст ва ишқу муҳаббат сарҳадро намепазирад.

4155
(0:00 / .00Mb / просмотров видео: 3)

Намози ҷумъа дар масҷиди Ал-Ақсо - пахши мустақим анҷом ёфт

113
(Таҷдидшуда 16:10 05.06.2020)
Дар масҷиди Ал-Ақсои Иерусалим аз имрӯз 5 июн, расман мусалмонон ба хондани намози ҷумъа оғоз карданд

Мусалмонони кишварҳои гуногуни олам бо тадриҷ ба зиндагии маъмулӣ бармегарданд. 

Ҳамин тавр, рӯзи ҷумъа дари масҷиди Ал-Ақсои Иерусалим пас аз чанд муддати таваққуф барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, аз сар ба рӯи намозгузорон боз шуд.

Ёдрас мешавем, ки масҷиди Ал-Ақсо 22 марти соли равон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста шуда буд.

Масоҷиди Маскав боз мешаванд: пӯшидани ниқобу дастпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатмист

Бояд гуфт, дар масҷиди ҷомеъи Маскав имрӯз намози ҷумъаро танҳо имомхатибон бидуни ҳузури намозгузорон хоҳанд хонд. Ва бояд гуфт, ки  намозгузории имомон тариқи пахши мустақим нашр карда мешавад.

113
Барчаспҳо:
намози ҷумъа, Иерусалим
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

"Дар хона бимонед": челленджи футболбозони тоҷик - видео

147
(Таҷдидшуда 15:03 04.06.2020)
Футболбозони маъруфи тоҷик тасмим гирифтанд, барои дастгирӣ намудан аз мухлисони худ дар замони пандемия, челлендж сабт карда паҳн намуданд

Федератсияи футболи Тоҷикистон бо нашри челленджи футболбозони маъруфи тоҷик аз тамоми сокинони кишвар даъват намуданд, ки дар замони пандемия беҳтараш дар хона бимонанд.

Дар навор футболбозони тоҷик тӯбро ба таври маҷозӣ сӯйи ҳамдигар партоб мекунанд.

Ихтирои дастгоҳ барои коронавирус: дар 15 сония безарар мегардонад - видео

Ситораҳои футболи тоҷик, ки дар ин навор сабт гардиданд Шериддин Бобоев, Искандар Ҷалилов, мураббӣ Усмон Тошев, Некубахт Худододова, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Иброҳим Рабимов, Парвиз Умарбоев, Алиҷони Айнӣ ва довар Сайид Зайниддинов мебошанд.

Футболбозон аз шаҳрвандони Тоҷикистонро даъват мекунад, ки дар хона бимонанд ва ҳангоми пандемия аз коронавирус ҳамаи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирусро риоя намоянд.

147
Барчаспҳо:
навор, тоҷик, футболбозон
Портфель с документами, архивное фото

“Боло омад”: барканории прокурори ноҳияи Хуросон

0
(Таҷдидшуда 17:34 05.06.2020)
Саид Сафарзода, прокурори ноҳияи Хуросон, аз вазифа барканор шуд. Аммо ин барканорӣ то ба ҳол расман эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Як манбаъ дар мақомоти ҳукумати ноҳияи Хуросон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ӯ ба Душанбе рафтааст.

“Аз рӯи маълумоти мо, ӯ дар Душанбе ба вазифаи баландтар гузаштааст. Аммо то ба ҳол дар ҷои ӯ нафари тоза муаррифӣ нашудааст”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Саид Сафарзода Шараф Мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) – ро хатм кардааст ва соли 2017 прокурори ноҳияи Хуросон таъин шудааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, прокурор ҳуқуқи панҷ сол кор кардан дар як вазифаро дорад ва Сафарзода метавонист ду соли дигар кор кунад.

Ин барканорӣ то куҷо ба ҳаводиси 20 рӯзи ахир дар ноҳияи Хуросон рабт дорад, маълум нест. 14 ба 16 майи соли равон дар пайи боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон селхезӣ ба вуқӯъ пайваста, даҳҳо хонаро тахриб кард ва даҳҳо нафарро дар кӯча гузошт.

Осебдидагон бо нишони эътироз аз набудани кӯмак роҳи Душанбе - Бохтарро бастанд. "То кӯмак нарасонанд, роҳро боз намекунем!"- шиор доданд онҳо.

Баъдтар ниҳодҳои ҳукуматӣ кӯмаки худро ба осебдидагон расонданд ва вазъ оддӣ шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

Иттилои барканорӣ ва таъиноти нави Саид Сафарзода то ба ҳол расман таъйид нашудааст.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

0