Киселев дар бораи фишори мақомот ба Sputnik Эстония: ин ваҳшигарист – навор

Обуна шудан
Дмитрий Киселев, директори генералии АИБ "Россия сегодня", таҳдиди Таллинро ба Sputnik Эстония ҳамчун як ҳодисаи хатарнок тавсиф кард

Дмитрий Киселев, директори генералии АИБ “Россия сегодня”, дар навор қайд кардааст, ки Эстония, тавре ки мегӯянд, худро дар Иттиҳоди Аврупо самимӣ нишон медиҳад.

Журналистоне, ки дар Таллин кор мекунанд, аз оҷонсии хабарии Sputnik ва як бахши холдинги медиа «Россия сегодня», аз мақомоти Эстония номаҳо гирифтанд, ки агар онҳо то 1 январ корашонро тарк накунанд онҳоро ҷазои ҷиноӣ интизор аст.

Дмитрий Киселев диққати махсусро ба он овард, ки мақомоти Эстония нисбати ӯ таҳримҳои шахсии  5 сол пеш пешниҳод карда буданд ва гӯё ба номи вай суратҳисобҳо таалуқ дошта бошанд.

"Суратҳисобҳои шахсӣ мавҷуд набуданд. Бояд гуфт, ки онҳо набуданд ва вуҷуд ҳам надоштанд. Ягон чиз барои карахт кунонидан вуҷуд надошт".  

"Аммо, беинсофона ва бадбахтона Эстония тасмим гирифт, ки алайҳи роҳбари "Россия сегодня" ба тамоми таҳримоти шахсӣ ҷорӣ кунад - гӯё буҷаи ташкилоти давлатӣ буҷаи шахсии ман аст. Дар асл, ин ваҳшигарист", - гуфт ӯ.

Киселев қайд кард, ки танҳо мақомоти Эстония чунин иқдом доштанд.

Масъалаи вазъи рӯзноманигорони рус дар хориҷа низ аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин пурсида шуд.

Сарвари давлат қайд кард, ки ин вазъ аз он сабаб ба миён омадааст, ки мақомоти Эстония аз Sputnik метарсиданд, онҳо аз ҳақиқат, иттилоот ва таъсир ба зеҳни мардум метарсанд.

Бояд қайд кард, ки вазъ дар бораи зулми рӯзноманигорони Sputnik аз ҷониби мақомоти Эстония боиси эътирози якдилонаи расонаҳо дар бисёр кишварҳо шудааст.

Лентаи хабарҳо
0