Сабрина Зуҳурова доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео

3381
(Таҷдидшуда 19:21 30.12.2019)
Сабрина Зуҳурова зебосанами тоҷик, дар озмуни “Зебосанам - 2019” доваронро бо ҳусни ҷамоли худ шигифтзада кард

Дар Душанбе даври охирони бахши дуюми озмуни "Зебосанам - 2019" баргузор шуд.

Аз даври аввали озмун, ки дар вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамагӣ 70 гулдухтар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Акнун ҳар барномае, ҳафт нафарӣ ҳунару маҳорати худро пешкаши доварон мекунанд ва танҳо ду кас аз як барнома, бо гирифтани бештарин танга, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Фарзона бо оши палав ва ширинӣ дили доварони "Зебосанам - 2019" - ро "ёфт" - видео

Ба ҳунару зебогии духтарон дар марҳилаи дуюми озмун чаҳор довар - корманди соҳаи телевизион ва радио Дилхоҳи Нозиршоҳ, овозхон Фахриддини Малик, ҳунарпеша Моҳпайкар Ёрова ва коргардон Соро Музофиршоева баҳогузорӣ карданд.

Доваронро ҳунару ҷасорати ҳамаи духтарон дар ҳайрат гузошт, вале танҳо  се зебосанам Фарангис Ҷӯраева, Шаҳрбонуи Абдулло ва Сабрина Зуҳурова аз ин бахш ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Зебо ва сухандон: Мунира доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео

Доваронро ҳусну ҷамоли Сабрина Зуҳурова ба ваҷд овард.

"Мо аз шумо ифтихор мекунем. Фикр мекунам, дурдонаеро ки мо мекофтем дар симои шумо пайдо кардем", - гуфт Дилхоҳи Нозиршоҳ.

Сабрина ҳамагӣ 24 сол дорад ва хатмкардаи риштаи иқтисоди ДМТ мебошад. Дар “Ориёнбонк” кор мекунад.

То ин замон Сабрина дар чандин озмунҳои зебоӣ ширкат карда ва пирӯз шудааст. Сабрина ҳадаф дорад дар ин озмуни ватанӣ ҷои аввалро аз худ кунад.

3381
Барчаспҳо:
доварон, зебосанам
Мавзуъ
Доварони "Зебосанам - 2019" хонандаи суруди Муқаддас Набиеваро гирён карданд - видео
Зебо ва самимӣ: Дилфуза Худоёрова доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео
Зебо ва сухандон: Мунира доварони "Зебосанам - 2019" - ро тасхир кард - видео
Нигина Амонқулова арзёбӣ кард: "Зебосанам - 2019" дар Панҷакент - видео