“Маҷрои шимолӣ-2”: талоши Трамп дар қатъи сохтумони лула ба нокомӣ анҷомид

241
(Таҷдидшуда 19:34 13.01.2020)
Доналд Трамп натавонист шарикони асосии аврупоиашро алайҳи лӯлаи газгузари “Маҷрои шимолӣ-2” қаноат кунонад

Кӯшиши дахолат ба “Маҷрои шимолӣ-2”, гуноҳи навбатии сиёсии Доналд Трамп шуд. Президент натавонист шарикони асосии аврупоӣ алайҳи лӯлаи газро таъсис диҳад, ва фишори ИМА танҳо Иттифоқчиёнро бештар ноором кард. 

"Ман инҷо [дар музокирот бо Владимир Путин дар Маскав] мехоҳам бори дигар таъкид намоям: сарфи назар аз ҳама мушкилоти сиёсӣ, мо боварӣ дорем, ки таҳримҳои фароминтақавӣ роҳи нодурустанд ва бинобар ин мо чун дар гузашта дастгирии ин лоиҳаро идома хоҳем дод", -  гуфт Ангела Меркел, канслери Олмон.

Мавқеи Меркелро вазири корҳои хориҷии Австрия Александр Шалленберг дастгирӣ кард.

 Александр Шалленберг, Вазири корҳои хориҷии Австрия чунин қайд кардааст: "Мо таъсири экстритритсиарии таҳримотро рад мекунем. Ин қобили қабул нест" гуфт ӯ дар мусоҳиба бо "Ди Пресс". 

Шалленберг таъкид кард, ки лула таъминоти Аврупоро диверсификатсия мекунад, ва танқиди лоиҳаи Трамп Пом бар мулоҳизаҳои иқтисодии худи амрикоиён асос ёфтааст. Вашингтон нақшаҳои содироти гази худро ба минтақа пешбарӣ мекунад, аммо барои аврупоиҳо аз ИМА харидани газ фоидаовар нест. 

Президенти Амрико иштибоҳан ҳисоб кард, ки таҳримҳо сохтмони хатти газро комилан халалдор мекунанд.

"Албатта, бидуни ҷалби шарикони хориҷӣ мо метавонем онро худамон анҷом диҳем. Муҳим вақт аст, ин ягона саволест, ки дар ин робита ба миён меояд. Албатта, ба анҷом расонидани сохтмон чанд моҳ ба таъхир гузошта мешавад, аммо ман умедворам, ки то охири соли равон ё дар семоҳаи аввали соли оянда корҳо ба анҷом мерасанд ва лӯлаи газ ба кор оғоз мекунад", - гуфт Владимир Путин, Президенти Русия.

Ҳамин тавр, симои беҳтарин гуфтушунидро, чунон ки Трамп худ меномад, ӯ нигоҳ дошта натавонист.

Ҳама кӯшишҳо ба суқути иқтисодиву геополитикии Президенти ИМА оварда расониданд.

241
Барчаспҳо:
газ, ИМА, Олмон, Русия

Рустами Эмомалӣ аз интиқоли донишҷӯёну парвозҳо: шарҳи пурраи гуфтушунид - видео

1581
(Таҷдидшуда 16:12 25.11.2020)
Расонаҳои Тоҷикистон мулоқоти пурраи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро бо раиси Шӯрои Федератсияи Русия шарҳ доданд. Бино бар иттилои манобеъ, дар ин гуфтушунид маҷмӯи масъалаҳои зиёди ҳамкорӣ, аз муҳоҷират то фарҳанг баррасӣ шуданд

Бино бар гузориши телевизиони "Тоҷикистон", ҳайъатҳои расмии Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Русия дар ҳайъати васеъ мулоқот карданд.

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба раиси Шӯрои Русия Валентина Матвиенко изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттасил рушд ёфта, робитаҳои байни парламентӣ мунтазам ба самти сифатан нав мегузаранд.

Бо арзи адаб: Рустами Эмомалӣ Валентина Матвиенкоро ба Тоҷикистон даъват кард

Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи масъалаҳои иқтисодии ҳамкориҳои дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷӯҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, баррасӣ гардид.

Иқтисод: таъсиси корхонаҳои Русия дар Тоҷикистон ва ҷалби технологияи русӣ

Дар ин ҷода зарурати бештари нуфузи механизми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси муштарак дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пештарафтаи русиягӣ дар бахшҳои гуногуни саноати Тоҷикистон ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр қайд гардид.

Зимни мулоқоти дуҷониба инчунин масъалаҳои марбут ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муҳоҷират: соддагардонии гирифтани патент, афви такрорӣ ва барқарор кардани хатсайрҳои мунтазам

Зимнан, аз ҷониби сохторҳои соҳавӣ идома додани корҳо оид ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи муҳоҷирон, аз ҷумла соддагардонии тартиби бақайдгирифтан ва гирифтани патент, баррасӣ намудани имконияти афви такрорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоии мунтазам миёни ду давлат ишора гардид.

"Маскав бароят шаҳри бегона нест": пазироии Матвиенко аз Рустами Эмомалӣ- навор

Ҳамкориҳои ҳарбӣ, фарҳангӣ ва башардӯстӣ

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи минтақа ҷонибҳо ҳалли масъалаҳои самаранокро дар бахши амният, инчунин амалисозии созишномаҳоро оид ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ афзалиятнок шумориданд. 

Ҳамзамон ба ҳамкориҳои самти фарҳангиву башардӯстӣ, аз ҷумла соҳаи маориф таваҷҷӯҳи хоса дода шуд.

Қобили зикр аст, ки алҳол дар муассисаҳои олии федератсияи Русия қариб 25 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил мегиранд. Зимни мулоқоти ҳамтоён, масъалаи ҷиҳати идома додани таҳсил ба федератсияи Русия  бозгаштани донишҷӯёни тоҷик, ки бино бар маҳдудиятҳои пандемия ба машғулиятҳо ҳозир нашуданд, баррасӣ карда шуд. 

Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистону Русия иқтидори иқтисодиро ба таври кофӣ истифода намекунанд

1581
Барчаспҳо:
навор, гуфтушунид, Рустами Эмомалӣ

ИМА аз шартномаи фазои кушод даст кашид - навор

107
(Таҷдидшуда 14:46 25.11.2020)
Дар бораи баромадан аз созишномаи ҳавоӣ амрикоиҳо ҳанӯз моҳи май эълон карда буданд ва далели ин қарорашонро аз ҷониби Русия иҷро нашудани бандҳои созишнома гуфта буданд

Иёлоти Муттаҳида расман аз Паймони фазои кушод (DON) хориҷ шуд. Созишнома соли 1992 бо мақсади таҳкими амният дар Урупо пас аз Ҷанги Сард ба имзо расидааст.

Ин созишнома соли 2002 эътибор пайдо кард ва барои таъмини амнияти кишварҳои иштирокчӣ таҳия шуда буд. Тибқи созишнома ҷонибҳо метавонистанд ошкоро дар бораи нерӯҳои мусаллаҳ ва фаъолияти якдигар маълумот ҷамъоварӣ кунанд.

Дар Маскав қайд карданд, ки ин иқдом ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ зарар мерасонад.

Гузашта аз ин, коршиносон низ ба бемантиқии ин қадам таъқид мекунанд: ба эҳтимоли зиёд хуруҷи ИМА аз ДОН ба амнияти шариконаш низ зарба занад.

Мишустин: Русия равобити ҳавоиро боз мекунад, аммо на бо ҳамаи кишварҳо - навор

Ягона умед ба президенти ояндаи Иёлоти Муттаҳида: Байден борҳо эълом дошт, ки ба узвияти ИМА дар созишномаҳои сулҳ пойбанд хоҳад буд.

Русия хоҳиши ИМА-ро дар бораи даст кашидан аз Шартномаи фазои кушода маҳкум мекунад

Аҳдномаи "Фазои кушод" соли 1992 имзо шуда, пас аз ҷанги сард ба яке аз чораҳои таҳкими эътимод дар Урупо табдил ёфтааст.

107
Барчаспҳо:
ИМА, навор
Диего Марадона

Диего Марадона номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол даргузашт: 61 сол дошт

162
(Таҷдидшуда 22:48 25.11.2020)
Номвартарин ситораи ҷаҳонии футбол, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1986, Диего Марадонаи 61 - сола аз олам гузашт

ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Ассосиатсияи футболи Аргина дар Twitter хабари даргузашти ситораи ҷаҳонии футболро тасдиқ намуд.

Бар хабари TN, санаи 30 - юми октябр Марадонаро барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ба бемористон оварда буданд, зеро ӯ қаблан ҷарроҳии мағзи сар шуда буд.

Манбаъ меафзояд, Марадона рӯзи 12 уми декабр пас аз ҷарроҳии мағзи сар, аз дармонгоҳ мураххас шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи Perfil сабаби марги ситораи ҷаҳониро, аз тапидан бозмондани қалбаш рабт медиҳад. Ин манбаъ меафзояд, ки фишори хуни Марадона ба якборагӣ пас шуд ва пизишкони Ёрии таъҷилӣ натавонистанд ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

Дар дақиқаи чорум: Роналдо аллакай ҳисоби бозии Португалия ва Марокашро боз кард

Дар робита ба даргузашти Марадона, кишвардори Аргентина Алберто Фернандес дар қаламрави кишвараш се рӯзи мотам  эълон намуд.

Диего Армандо Марадона 30 октябри соли 1960 таваллуд шудааст. Дар синни 10 солагӣ ба тими наврасони "Лос Себолитас" пайваст.

Аз соли 1977 Диего ба ҳайати тими миллӣ шомил гардид.

Бозии охирони Марадона бо тими "Ривер Плейта" санаи 25 октябри соли 1997 сурат гирифта буд. Пас аз ин бозӣ, санаи 30 - юми октябр ситораи футбол аз анҷоми "карера"- и худ хабар дод.

Ӯ аз соли 2008 то 2010 мураббии тими миллии Аргентина буд.

162
Барчаспҳо:
даргузашт, Диего Марадона