Мӯйсафеди қирғиз дар бораи зиндагӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфт - видео

770
(Таҷдидшуда 18:15 14.01.2020)
Нафақахӯр аз Қирғизистон, ки аз кӯдакӣ то кунун дар вилояти Ботканд ба сар мебарад, дар бораи муносибати мардуми тоҷик ва қирғиз нақл кард

Абдураҳим Маҷидов - сокини рустои Чеки вилояти Ботканд мебошад. Ин деҳа дуртар аз минтақаи наздимарзии Кок-Тош воқеъ аст.

Як бому ду ҳаво? Ҳайат дар Исфара, баррасиҳо дар Бишкек -аксҳо

Ин мард аз синни 15-солагӣ дар ин деҳа маскун шудааст. Ӯ қитъаи заминеро дар бари тоҷикон барои худ гирифта ва якҷоя бо тоҷикон ба сар мебарад.

Аз Ятимов то Раҳимзодаю Раҳмон дар сарҳаданд: ченкунию гуфтушуниди генералҳо дар марз

Дар давоми умри худ ӯ шоҳиди таъйину барканории чандин раисони ноҳияву вилоят шудааст.

"Мо боре ҳам ҳамдигарро ҷудо намекардем: ту тоҷик ё ту қирғиз. Дар як мактаб мехондем, маросиму тӯйҳоро якҷо мегузаронидем. Миёни мо душманӣ набуд", - нақл мекунад мӯйсафед.

Ногуфта намонад, ки дар ин навор марди қирғиз ба забони ноби тоҷикӣ бе мушкилӣ суҳбат мекунад.

770
Барчаспҳо:
зиндагӣ, марзӣ, Қирғизистон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (83)