"Онҳо амрикоиҳоро дӯст медоранд": Трамп аз эътирозгарони Эрон ҷонибдорӣ кард - навор

307
(Таҷдидшуда 18:47 15.01.2020)
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп аз тазоҳуроти мардум дар Эрон ҷонибдорӣ карда афзудааст, ки мардуми Эрон амрикоиҳо ва худи ӯро дӯст медоранд

Доналд Трамп ҳангоми баромади худ дар шаҳри Милуоки аёлати Висконсин аз шаҳрвандони норизои Эрон, ки дар кишварашон даст ба тазоҳурот заданд, пуштибонӣ кардааст.

"Мебинед, ки Эрон чӣ рӯзҳое паси сар мекунад? Бори нахуст шаҳрвандони он кишвар ҷонибдори давлати мо ҳастанд. Онҳо Трамп ва амрикоиҳоро дӯст медоранд", - изҳор намудаст раисҷумҳури Амрико.

Дар Эрон пас аз сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ, садҳо нафар барои ибрози нигаронии худ ба кӯчаҳо рехтанд. Чун ҳукумати Эрон ва худи раисҷумҳури ин кишвар Ҳасан Рӯҳонӣ ба таври расмӣ тасдиқ намуд, ки ҳавопаймои мазкурро низомиёни Эрон иштибоҳан ҳадафи ҳамла қарор доданд ва онро сарнагун намуданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ аз хешу пайвандони қурбониён пӯзиш пурсид ва ваъда дод, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман муҷозот мешаванд.

Шэрон Стоун Путинро таърифу Трампро танқид кард

Дар робита ба ин, шаҳрвандони бахашмомадаи Эрон даст ба тазоҳурот заданд ва аз сиёсати пешгирифтаи Эрон амиқан изҳори нигаронӣ намудаанд.

Зимнан, Доналд Трамп аз он изҳори хушнудӣ намудаст, ки эътирозгарони Эрон дар ҷараёни тазоҳурот парчами амрикоро зери по накарданд ва ба мисли мардуми Амрико хостори озод зиндагӣ намуданро, талаб кардаанд.

307
Барчаспҳо:
навор, ҷонибдорӣ, тазоҳурот, Эрон, Доналд Трамп
(0:57 / 7.60Mb / просмотров видео: 2374)

ФСБ гурӯҳи террористонро дар Калуга боздошт кард -видео

71
(Таҷдидшуда 17:24 27.01.2021)
Дар вилояти Калуга, кормандони ФСБ-и Русия аъзоёни гурӯҳи террористиро боздошт карданд, ки мехостанд ҳукумати феълиро сарнагун кунанд

Дар доираи як амалиёти вижа дар вилояти Калуга, як гурӯҳ террористон боздошт шуданд. ФСБ-и Русия навори боздошти онҳоро нашр кард.

Кормандони ФСБ фаъолияти як гурӯҳи террористони байналмилалии "Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ" (дар Русия мамнӯъ)-ро  қатъ карданд.

Хабар дода мешавад, ки ҳадафи террористон сарнагун кардани ҳукумат ва "ҳукмронии хилофати ҷаҳонӣ" будааст. То ҳол аъзоёни ин гурӯҳ террористӣ шумори пайравон худро тавассути паҳн кардани варақаҳо ва ақидаҳои террористӣ миёни мусулмонони маҳаллӣ зиёд мекарданд.

Ҳангоми кофтукоб кормандони ФСБ аз аъзоёни гурӯҳи террористӣ адабиёти манъшуда, флешкаҳо, дастгоҳҳои алоқа ва симкортҳои зиёде мусодира карданд.

ФСБ-и Русия шаҳрванди кадом кишвар будани боздоштшудаҳоро ифшо накардааст.

Қаблан террористони ин гурӯҳи мамнӯъро дар Қазон, вилояти Самара, Қрим ва дигар минтақаҳои Русия боздошт карда буданд.

71
Барчаспҳо:
Русия, Калуга, террористон, боздошт, ФСБ
(44:01 / 577.71Mb / просмотров видео: 27)

Суханронии Путин дар форуми Давос: анҷоми пахши мустақим

78
(Таҷдидшуда 17:31 27.01.2021)
Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи онлайии "Рӯзномаи Давос 2021", ки Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ташкил кардааст, ширкат мекунад

Президенти Русия Владимир Путин суханронии худро дар форуми Давос оғоз кард.

Чорабинии имсола, ки онро Форуми умумиҷаҳонии Иқтисодӣ "Рӯзномаи Давос 2021" ташкил кардааст, ба мавзӯи "Бозсозии бузург" бахшида шудааст.

Қаблан котиби матбуотии сарвари давлат Дмитрий Песков хабар дода буд, ки суханронии президенти Русия дар форуми Давос хеле ҷолиб хоҳад буд.

Эзоҳ, "ҳафтаи Давос" аз 25 то 29 январ ба таври фосилавӣ баргузор мешавад. Дар муҳокима сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, сиёсатмадорон ва олимон, пешвоёни тиҷорати ҷаҳонӣ аз даҳҳо иёлот ширкат мекунанд.

Путин дар бункери махсус зиндагӣ мекунад? шарҳи Песков

Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки Форуми ҷаҳонии иқтисодии швейтсарӣ, ки одатан дар зимистон дар Давос баргузор мешуд, бо сабаби пандемияи коронавирус ба 18-21 май гузаронида шуд.

Путин бори охир ба ин форум соли 2011 омада буд ва соли 2009 дар ин чорабинӣ ба ҳайси роҳбари ҳукумати Русия ширкат варзид.

78

Савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020

0
Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар соли 2020 каме афзуд. Аммо тавоозуни савдо ҳамоно манфӣ буда, Тоҷикистон ҳанӯз аз колои воридотӣ вобаста аст
Савдои хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020
© Sputnik

Тоҷикистон дар соли 2020 бо 108 кишвари дунё табодули коло кардааст, ки аз он 10 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва боқимонда кишварҳои хориҷи дур мебошанд.

Содирот аз Тоҷиикстон асосан ба Швейтсария – 49,0%, Туркия – 14,4%, Қазоқистон – 10,8%, Ӯзбекистон – 5,7%, Афғонистон – 5,0%, Русия – 2,9%,  Чин – 2,4%,  Белгия – 2,3%,  Итолиё – 1,1%,  Покистон – 1,0%, Гурҷистон – 0,9% ва дигар давлатҳо – 4,3% сурат гирифтааст.

Содироти нисбатан зиёд бар воридот дар додугирифт бо Швейтсария (682,0 млн. доллар), Туркия (83,4 млн. доллар), Афғонистон (69,0 млн. доллар),  Белгия (28,5 млн. доллар), Гурҷистон (11,1 млн. доллар),  Ҷазираҳои Вирҷин (6,7 млн. доллар) ва Латвия (6,3 млн. доллар) сабт шудааст.

Дар феҳрасти маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла хушкмева, сангҳои гаронбаҳою нимақима, шароб ва нӯшокиҳои бе алкогол, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра зикр шудаанд.

Дар мавриди воридоти мол зикр шудааст, ки Тоҷикистон колоро асосан аз Русия – 29,6%, Қазоқистон – 24,0%, Чин – 13,9%, Ӯзбекистон – 7,9%, Туркия – 3,8% ва аз Олмон – 2,9% ворид кардааст.

0
Барчаспҳо:
содирот, воридот, савдо, Тоҷикистон