Навори сӯхтори мудҳиш дар Томск: шаҳрвандони Узбакистон ҷон бохтанд - видео

Обуна шудан
Нахустин навор аз сӯхтори мудҳиш дар Томск, ки ҷони шаҳрвандони Узбакистонро гирифт дар интернет пайдо шуд

Тибқи маълумоти охир дар паи сӯхтор дар шаҳри Томск 10 шаҳрванди Узбакистон ва як шаҳрванди Русия ҳалок шудааст.

Российские военные в Таджикистане потушили пожар  в жилом доме на окраине Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Дар Суғд бар асари сӯхтор 8 нафар ба ҳалокат расидаанд

Ҳалокати 11 муҳоҷир дар як сӯхтор дар вилояти Томски Русия

Ёдрас мешавем, ки бар асари сӯхтор дар деҳаи Причулимски минтақаи Асиновски вилояти Томски Русия  11 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.

Сӯхтор дар як бинои як ошёнагии чӯбин сар задааст. Занги телефонӣ дар бораи сӯхтор соати чаҳори субҳ ба вақти маҳаллӣ, расидааст.

Хадамоти наҷотдиҳандаи Русия дар ҷои ҳодиса ҷасади 11 нафарро пайдо кард. Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ду нафар шаҳрвандони хориҷӣ тавонистанд дар ин сӯхтор наҷот ёбанд.  

Тибқи маълумоти мақомоти маҳалӣ, ин биноро ширкати чинӣ ба иҷора гирифта буд ва дар он шаҳрвандони Чин, Тоҷикистон ва Узбакистон зиндагӣ мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0