Амрико ба ҷанги кайҳонӣ омода мешавад: Русия чӣ посух хоҳад дод?

Обуна шудан
Фазои наздик ба Замин ҳамчун як арсаи низомӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО ба ҳисоб меравад

Амрико мусобиқаи нави силоҳиро ба кайҳон бурдан мехоҳад. Бо фармони шахсии Трамп дар ИМА як намуди нави қӯшун ташкил карда шуд, ки манфиати Америкаро дар кайҳон дифоъ хоҳад кард.

Ҳоло кормандони ҳайати ин даста ҳамагӣ 200 нафарро ташкил мекунанд, аммо барои нигоҳдории онҳо ба буҷаи низомии ИМА дар соли 2020 40 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Аллакай роҳбари ин ниҳод таъин ва барои онҳо либоси нав таҳия шудааст.

“Мо аз қарори таърихии #НАТО ифтихор дорем, ки фазои кайҳонро дар баробари ҳаво, замин, баҳр ва киберфазо ҳамчун минтақаи амалиётӣ эътироф кард. Кайҳон қисме аз ҳаёти ҳаррӯзаи мо аст”, - гуфтааст Йенс Столтенберг, Дабири кулли НАТО.

Ин ҳамчунин барои муҳофизати  Иттиҳоди атлантикаи шимолӣ  аз навигатсия то иктишоф ва пайдо кардани мушакҳо муҳим аст.

Дар Иёлоти Муттаҳида, нақша доранд, ки фазои берунаеро барои мақсадҳои васеътар истифода баранд.

Ба гуфтаи Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳида “Қувваҳои кайҳонӣ ҷузъи муҳими дифоии мо мебошанд ва кушоду равшан барои ҳамлаи мо хоҳанд буд ва он барои кишвари мо хеле муҳим хоҳад буд. Бинобар ин мо аз он фахр мекунем”.

Барои асоснок намудани ҷудо кардани буҷаи калон барои ташкили як намуди нави қӯшунҳо, Идораи иттилоотии ИМА гуфт, ки Русия ва Чин гӯё ба амнияти ИМА таҳдид мекунанд.

Аммо дар Маскав, дар навбати худ, борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки эътимодро ба вуҷуд оранд ва ҳатто дар СММ якчанд қатъномаҳо бар зидди ҳарбигардонии кайҳон ворид шуд, ки ИМА аз қабул он худ даст кашидааст.

Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия чунин қайд мекунад: “Мо борҳо гуфта будем, ки ин хат асосан бо кӯшиши ворид кардани мафҳуми тартиботи ҷаҳонӣ дар ҳаёти ҳамарӯза, кӯшиши иваз кардани меъмори ҳуқуқии байналмилалии пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, ки дар маркази он  Созмони Милали Муттаҳид мебошад, асоснок карда мешавад”.

Русия инчунин қайд кардааст, ки амалҳои Амрикоро беҷавоб нахоҳанд гузошт ва иқдомоти дифоъӣ хоҳанд ҷуст.

“Русия ҳамеша бевосита муқовимат мекунад ва бар зиди ҳарбикунонии космос мебошад. Ҳамзамон, рушди вазъ аз мо талаб мекунад, ки ба таҳкими гурӯҳҳои орбиталӣ ва умуман соҳаи кайҳонӣ ва мушакӣ диққати бештар диҳем”.

Радарҳои муосири Русия қодиранд моҳвораҳои низомии душманро нопадид ва безарар гардонанд, ва системаҳои дифои ҳавоӣ метавонанд ҳамлаҳои наздик ба Заминро дар атрофи Замин инъикос кунанд. Аз ин рӯ, ҳоло дар бораи бартарияти ИМА дар кайҳон сухан гуфтан лозим нест.  

Лентаи хабарҳо
0