"Тӯй барпо нашуд, дилам озод аст": ногуфтаҳои Ситора Абдураҳмонова - видео

Обуна шудан
Сарояндаи эстрадаи тоҷик Ситора Абдураҳмонова дар бораи ҳаёти шахсӣ, тиҷорати хонаводагӣ ва нақшаҳои ҳунарияш нақл кард

Ситора Абдураҳмонова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи ҳаёту фаъолияташ гуфт.

Ахиран Ситора Абдураҳмонова намоҳанги ҷадиди худро таҳти унвони "Бе ту намеша", пешкаши мухлисонаш кард, ки дар он аз бевафоии ёр шиква дораду шахси дӯстдоштаашро "дуои бад" мекунад.

Ситора гуфт, дар воқеъ ин суруд ва намоҳанг қиссаи зиндагии худи ӯст.

"Бале дӯст медоштам. Вале тӯй барпо нашуд. Миёни мо нафари сеюм пайдо шуд, чун ман ин духтарро мешинохтам ба ҳайрат афтодам. Вале, дигар аз паи ишқам нашудам. Ин стили ман нест", - гуфт Сиитора ва афзуд, ки мехоҳад марди ҳаёташро пайдо кунад.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ҳамакнун "дилам озод аст".

Ифшогариҳои Меҳрнигор: бурди грин корт, тарки Ватан ва "фиреб" - и сарояндагон - видео

Таджикская актриса Мохпайкар Ёрова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбати Моҳпайкар аз хиёнати шавҳару хушдомани золим: дигар ба марде бовар надорам

Дар идомаи сӯҳбат, Ситора дар бораи тиҷорати оилавӣ нақл карда гуфт, бештари даромади оиларо ӯ сарф мекунад.

Шабнам гирён шуд: тарки саҳна, муносибати падарандар бо писар ва дигар ногуфтаҳои Шабнам

"Сарпарасти ман дар ҷодаи санъат хонаводаам ҳаст. Худам ҳам тиҷорат мекунам", - гуфт Ситора.

Ин овозхони тоҷик нақша дорад имсол албоми навашро сабт кунаду нахустин консерти худро дар шаҳри Душанбе баргузор намояд.

Лентаи хабарҳо
0