Трамп: дар ИМА "тавонотарин нерӯи ҳастаӣ дар ҷаҳон" -ро таъсис хоҳем дод

135
Вақтҳои охир дар Вашингтон хощиши тамдиди СНВ-3 зиёдтар шунида мешаванд, аммо роҳбарон ба иҷрои он напардохтаистодаанд

Доналд Трамп роҳи ғайримуқаррарӣ барои ҳалли мушкилоти мусаллаҳсозиро пешниҳод кардааст. Президенти Амрико мехоҳад ин корро бо роҳи таъсис додани ИМА "нерӯҳои пурқудрати ҳастаӣ дар ҷаҳон" анҷом диҳад.

Ба гуфтаи вай ба ғайр нисбати амалҳои Русияву Чин роҳи дигаре намебинад. Оё ин дар ҳақиқат чунин аст - дар видеои зер бубинед.

Нерӯҳои кайҳонӣ дар ИМА пайдо нашуданд, чӣ гуна Трамп роҳи "ҳали" мушкилоти мусаллаҳгардониро пайдо кард.

Амрикоиҳо "тавонотарин нерӯҳои ҳастаиро дар ҷаҳон" месозанд. Ба гуфтаи худи Трамп ин аз беилоҷист.

“Ҳоло ҳам Русия ва ҳам Чин мехоҳанд бо мо гуфтушунид кунанд, то хароҷоти даҳшатноки миллиардҳо долларро барои силоҳи ҳастаӣ анҷом диҳанд. Аммо то он даме, ки мо созишнома набандем, ягона чизе, ки ман карда метавонам, ин бунёди нерӯҳои пурқудрати ҳастаӣ дар ҷаҳон аст”, - гуфт Доналд Трамп, Президенти Иёлоти Муттаҳида.

135
Барчаспҳо:
созишнома, мусаллаҳ, Русия, Амрико

Рекорди нав: дар Тошканд 7 ошпаз шашлики 10 метра тайёр намуданд - видео

1497
(Таҷдидшуда 17:34 20.10.2020)
Ошпазҳои Ӯзбекистон дар ҷараёни як ҷашнвора дар боғи "Наврӯз" - и шаҳри Тошканд шашлики рекордӣ омода намуданд

Барои омода намудани сихкабоб 38 килограм гӯшти қимма масраф шуд. Барои ба сих печондани гӯшти қима вақти зиёд масрав шудааст.

Суруд ва намоҳанги ошпазҳои Узбакистон бо панҷ забон - видео

Дар омода намудани шашлики рекордӣ, дасти кам 7 ошпаз талош намуданд. Онҳо дастаҷамъона гӯшти қиммаро ба сихи 10 метра печонда, онро болои мангал гузоштанд.

Сихкабоби омодашударо ба ҳамаи меҳмонони хоҳишманд барои чашидан пешниҳод намуданд.

1497
Барчаспҳо:
навор, ошпазӣ, Тошканд

Сӯхтори бузург дар маъдани тилло дар Қирғизистон - навор

191
(Таҷдидшуда 18:22 19.10.2020)
Дар интернет навори шоҳидон аз оташсӯзии шадид дар маъдани тилло дар ҷумҳурии Қирғизистон нашр шудааст

Ҳодиса субҳи душанбе дар кони Иштамбердӣ, дар дар ноҳияи Алабуки вилояти Ҷалилобод рух додааст.

Бино бар иттилои раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳия, маълумот дар бораи сӯхтор ба навбатдор соати 10:15 расидааст. Сӯхтор дар биное сар задааст, ки ба ширкати Full Gold Mining тааллуқ дорад.

Барои бартараф кардани сӯхтор ду воҳидҳои сӯхторхомӯшкунӣ ирсол гардид.

Бино бар иттилои пешакӣ оташсӯзӣ дар натиҷаи корҳои кафшергарӣ сар задааст.

Шоҳидон дар Фейсбук навори сӯхтори мудҳишро нашр кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, оташ аз қисми истеҳсолии маҷмаа, ки дар он сианид истифода мешавад, забона задааст. Раёсати ВКД ин маълумотҳоро рад мекунад.

191
Вакцинация против COVID-19 в Москве

Вирусшинос гуфт, ваксинаи зидди COVID-19 ба кӣ кумак намекунад

0
(Таҷдидшуда 11:34 21.10.2020)
Вирусшинох гуруҳи одамонро номбар кард, ки ваксинаи коронавируси COVID-19 метавонад барои онҳо бесамар бошад

ДУШАНБЕ, 21 октябр - Sputnik. Ваксинаи коронавирус метавонад одамонеро, ки норасоии масуният доранд муҳофизат накунад, мегӯяд доктори илмҳои тиб, вирусшинос Анатолий Алтштейн.

Барои чунин гурӯҳи одамон эмкунӣ шояд муассир набошад, менависад портали ura.ru.

Ба гуфтаи табиб, бемороне, ки чунин патология доранд, метавонанд баъди гузаронидани ваксина дар пайдоиши антитело ба коронавирус мушкилӣ кашанд.

Инчунин, вирусшинос шубҳа кард, ки имкон дорад одамонро аз рӯи қобилияти ташаккули иммунитет ба бемориҳо ба гурӯҳҳои махсус тақсим кард.

"Инсонщо бо қобилияти тавлиди антитела аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба гурӯҳҳо ҷудо кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусиятҳои организм вобаста аст, ки касе намедонад" гуфт табиб.

Ёдовар мешавем, Вазорати тандурустии Русия моҳи август аввалин ваксинаро дар ҷаҳон барои пешгирии COVID-19 ба қайд гирифт, ки онро Маркази илмии электрохимиявии Гамалея таҳия карда,  он "Sputnik V" ном дорад.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Чанд рӯз қабл президенти Русия Владимир Путин аз сабти номи ваксинаи дуюми русии "ЭпиВакКороны"  алайҳи COVID-19 ва инчунин сабти қарибулвуқӯи сеюм ваксина хабар дод.

0
Барчаспҳо:
одамон, пизишк, вирус