Фоҷиаи хонаводаи Ширинмоҳ Ниҳолова: аз марги шавҳар то куштори хоҳар - видео

12419
(Таҷдидшуда 17:38 25.02.2020)
Сарояндаи маъруфи Тоҷикистон ва духтари ҳунарманди машҳур Хуршед Алидодов - Ширинмоҳ Ниҳолова дар бораи зиндагии фоҷиабораш нақл кард

Ширинмоҳ Ниҳолова овозхони машҳури Тоҷикистон дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и Орзу Исоев дар бораи зиндагии шахсӣ ва фоҷиа дар хонавода гуфт.

Ширинмоҳ Ниҳолова чанде пеш ҳамсари 58-солаи худро аз даст дод. Ба гуфти ӯ марги шавҳараш нобаҳангом буд.

"Он рӯз боронӣ буд. Раъду барқ мезад. Писарам - Нуриддин ба тамрини футбол рафт. Шавҳарам мариз набуд. Мо он саҳар гап задем. Баъде, ки набераам хоб кард ман ба келинам гуфтам, биё акнун рафта чой хӯрем. Дидам, ки шавҳарам хоб рафтааст ва тарафи келинам гуфтам, хусуратро бин чӣ сон зебо хоб рафтааст", - нақл мекунад Ширинмоҳ аз он рӯзи сиёҳи зиндагиаш.

Агар аз даст додани шавҳар барои Ширинмоҳ Ниҳолова як фоҷиаи зиндагиаш бошад, ҳодисаи дигари вазнин - ин куштори хоҳараш буд.

"Намедонем чӣ гап шуд. Хоҳарам дар ҳодисае шоҳид шудааст. Ва ӯро барои шоҳид буданаш, куштанд. Ҳайфи умри ҷавонаш. Ӯ ҳамагӣ 28 сол дошт ва бояд шавҳар мекард", - ба ёд меорад Ширинмоҳ ва меафзояд, ки пештар додари 22-солаашро аз даст дода буд.

"Тӯй барпо нашуд, дилам озод аст": ногуфтаҳои Ситора Абдураҳмонова - видео

Дар бораи хонаводааш Ширинмоҳ мегӯяд, соҳиби як духтар Мавзуна ва як писар Нуриддин собиқ капитани дастаи "Истиқлол"-и Тоҷикистон аст. Ҳар ду ҳам хонадор ва соҳибиӣфарзанд мебошанд. Духтари Ширинмоҳ Ниҳолова дар Фаронса ба сар мебарад.

Ширинмоҳ мегӯяд, ҳамсараш бисёр дӯстдори футбол буд ва ба ҳамин хотир писарашро - Нуриддин ба хотири футболбози номдори дастаи "Помир" Нуриддин Амриев, ном гузоштааст.

Сӯҳбати Моҳпайкар аз хиёнати шавҳару хушдомани золим: дигар ба марде бовар надорам

"Футболбоз шудани писарам интихоби шавҳарам буд".

Дар охир Ширинмоҳ Ниҳолова ба хонаводаҳои ҷавон маслиҳат медиҳад, ки ба қадри ҳамдигар бирасанд, ҳамдигарро дӯст доранд.

Шабнам гирён шуд: тарки саҳна, муносибати падарандар бо писар ва дигар ногуфтаҳои Шабнам

12419
Барчаспҳо:
фоҷиа, машҳур, сароянда, Душанбе

Таркиши мудҳиш дар Бейрут монеи маросимҳои издивоҷ гардид - навор

193
Таркиши мудҳише, ки дар Бейрут ба вуқӯъ пайваст нақшаи чандин ҷавононро барбод дод. Ҷуфтҳои хушбахт, ба хотири издивоҷ ба калисо омаданд, аммо таркиши шадид онҳоро ба висоли ҳам нарасонд

Пас аз таркиши мудҳиш дар Бейрут дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои гуногун аз лаҳзаи таркиш мунташир мешуданд.

Ду наворе, ки аз лаҳзаи омодагӣ ба маросими издивоҷ дар замони таркиш ба шабакаҳо роҳ ёфт, сербинандатаринҳо гардиданд.

Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз таркиш дар Бейрут

Дар навор маълум аст, ки меҳмонон барои қисмат кардани хурсандии ду ҷавон ба калисо омаданд ва баробари аз дар даромадани арӯс таркиши мудҳиш сар мезанад. Тирезаҳои  калиса аз шиддати таркиш пора гардиданд ва арӯсу меҳмонон зуд толорро тарк намуданд.

Ҳамчунин як навори дигар аз аксбардории арӯс дар берун аз калиса мунташир шудааст, ки нозу каришмаи духтарро таркиши мудҳиш ба ваҳму ҳарос мубадал намуд.

Таркиш дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, арзёбӣ намуданд.

Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира намуда, онро  дар бандари мазкур нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст.

193
Барчаспҳо:
навор, таркиш, Бейрут

Табодули таҷрибаву дониш: пизишкони Русия ба хотири кумак озими Қазоқистон шуданд - навор

95
Пизишкони Русия ба хотири имдод расондан ба ҳамтоёни қазоқи худ озими Қазоқистон шуданд ва муддати як моҳ бо онҳо табодули таҷрибаву дониш мекунанд

Пизишкони Русия ба хотири мубориза бурдан алайҳи маризии коронавирус озими Қазоқистон шуданд ва бо ҳамтоёни худ аз ин кишвар табодули донишу таҷриба мекунанд.

Таъкид мегардад, ки пизишкони Русия давоми яе моҳ дар Қазоқистон мемонанд ва роҳи дурусти мубориза алайҳи ин маризиро ба табибони қазоқ нишон медиҳанд.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Ба ҳайати табибони рус, ки озими ин кишвар шуданд, пизишкони кӯдакона, анестизологу реанимотолог ва табибони бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Русия дар баробари ирсол намудани пизишкони ботаҷриба ба Ҷумҳурии  Қазоқистон, инчунин маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро низ кумак кард.

95
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон, кумак, Русия
Город Худжанд, архивное фото

Кам шуд, аммо ҳанӯз ҳаст: бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?

0
(Таҷдидшуда 15:15 08.08.2020)
Сокинони шаҳри Хуҷанд мегуянд, ҳанӯз мушкили олудаги ҳаво бартараф нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран раиси Хуҷанд сарчашмаи паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳрро гуфта буд

ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Сокинони маҳаллаҳои соҳили рости руди Сир дар Хуҷанд мегуянд, то ба ҳол мушкили паҳншавии бӯи ғализ дар шаҳр ҷой дорад.

Нуриддин Шарифов як сокини маҳаллаи 17-уми Хуҷанд дар сӯҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ба ҳангоми вазидани шамол бӯи бад ба кӯчаву манзили онҳо паҳн мешавад.

“Дар гармои тобистон ҳама вазидани шамолро интизор мешаванд, аммо аз вазидани шамол мо дилгир мешавем, зеро дар вақти шамоли форам бӯи бад маҳаллаи моро фаро мегирад”, гуфт ӯ.

Як сокини дигари Хуҷанд аз маҳаллаи 8-ум ҳам зикр кард, ки шому саҳар ба ҳангоми вазидани шамол бӯю тафи бад ҳавои хонаю дари онҳоро олуда месозад. Ин сокини Хуҷанд гуфт, ин мушкил чанд вақт ба ин тараф ҳалношуда боқӣ мондааст.

“Паҳншавии бӯи бад дар шаҳр, назар ба як моҳи пеш нисбатан камтар шудааст, аммо ҳанӯз пурра бартараф нашудааст”, таъкид кард, ҳамсуҳбати мо.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 15-уми июл Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд дар нишасти матбуотӣ манбаъи паҳншавии бӯи ғализ дар маҳаллаҳои Хуҷандро ошкор кард.

Муҳаммадзода таъкид кард, ки бӯи бад дар Хуҷанд аз ҳисоби порӯи мурғхонаҳое паҳн мешавад, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров сохта шудаанд.

"Паҳни бӯи бад дар шаҳр мо ҳама маъмурони шаҳрро нигарон кардааст. Мо оиди ин масъала 10-12 рӯз ба ин тараф машғул ҳастем. Гурӯҳҳои корӣ иборат аз кормандони санитарию эпидемологии шаҳр, Раёсати экология вилоят маълум намуданд, ки дар мавзеъҳои доманакӯҳи шаҳр, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби баъзе ашхос фермаҳои мурғпарварӣ ташкил карда шуда ва порӯи чунин фермаҳо дар фазои кушод нигоҳ дошта мешудааст, ки ба ҳангоми вазидани шамол ба микроноҳияҳои шаҳр паҳн мегардад", - гуфт раиси шаҳри Хуҷанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд он замон гуфта буд, ки унвонии Зариф Назирӣ, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мактуб ирсол намудаанд, то ин масъаларо ба баррасӣ гиранд.

Аммо бо гузашти қариб як моҳ ҳамоно паҳншавии бӯи ғализ дар Хуҷанд бартараф нашудааст ва сокинон аз ин вазъ изҳори нигаронӣ мекунанд. Воқеан порӯи мурғхонаҳо ҳавои шаҳрро олуда мекунад, ё чизи дигар? Оё бӯи ғализ дар Хуҷанд кай бартараф мешавад?

0
Барчаспҳо:
шикоят, Маъруф Муҳаммадзода, сокинон, бӯйи бад, Хуҷанд, Тоҷикистон