Дар Маскав ҳамоиш ба дифоъи кормандони Sputnik Эстония баргузор шуд

36
(Таҷдидшуда 18:21 28.02.2020)
Дар Маскав ҳамоиши дифои кормандони Sputnik Эстония баргузор шуд онро рӯзноманигорони АИБ "Россия сегодня" ташкил карданд то, ки ҳамкасбони худро аз фишори мақомоти Эстония дастгирӣ кунанд

Дар Маскав дар Қабулгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳамоиш барои муҳофизати Sputnik Эстония баргузор шуд. Ин аксияро ҳамкоронашон, хабарнигорони АИБ "Россия сегодня" ташкил кардаанд.

Кормандони Sputnik Эстония пас аз таҳдиди мустақими таъқиби ҷиноӣ аз мақомоти Эстония маҷбур шуданд, ки аз 1 январи соли равон истеъфо диҳанд.

Сабаб ҳамкорӣ бо АИБ “Россия сегодня” аст. Дар Маскав чунин фишор ба рӯзноманигорон сиёсати репрессивӣ номида шуд ва Таллинро водор кард, ки аз он даст кашад. 

Дар Маскав эътирози дифои кормандони Sputnik Эстония баргузор шуд онро рӯзноманигорони АИБ "Россия сегодня" ташкил карданд то, ки ҳамкасбони худро аз фишори мақомоти Эстония дастгирӣ кунанд.

Муҳаррирони Sputnik Эстония маҷбур аз 1 январи корашонро қатъ намуда, кормандонаш аз кор рафтанд.

36
Барчаспҳо:
ҳамкор, "Россия сегодня", Эстония, Русия

Табодули таҷрибаву дониш: пизишкони Русия ба хотири кумак озими Қазоқистон шуданд - навор

39
Пизишкони Русия ба хотири имдод расондан ба ҳамтоёни қазоқи худ озими Қазоқистон шуданд ва муддати як моҳ бо онҳо табодули таҷрибаву дониш мекунанд

Пизишкони Русия ба хотири мубориза бурдан алайҳи маризии коронавирус озими Қазоқистон шуданд ва бо ҳамтоёни худ аз ин кишвар табодули донишу таҷриба мекунанд.

Таъкид мегардад, ки пизишкони Русия давоми яе моҳ дар Қазоқистон мемонанд ва роҳи дурусти мубориза алайҳи ин маризиро ба табибони қазоқ нишон медиҳанд.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Ба ҳайати табибони рус, ки озими ин кишвар шуданд, пизишкони кӯдакона, анестизологу реанимотолог ва табибони бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Русия дар баробари ирсол намудани пизишкони ботаҷриба ба Ҷумҳурии  Қазоқистон, инчунин маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро низ кумак кард.

39
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон, кумак, Русия

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

969
(Таҷдидшуда 22:09 04.08.2020)
Дар Бейрут таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо бинову манзилҳои зистро комилан хароб намуд. Зери харобаҳо чандин нафар қарор доранд

Сокинони Бейрут лаҳзаи таркиши шадидиро тавонистанд ба навор гиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунанд.

Қувваи таркиш ба ҳадде буд, ки тирезаҳои биноҳои шикаста, чандин манзилҳо аз шиддати таркиш фурӯ рехтанд.

Гуфта мешавад, таркиш дар анбори маводҳои пиротехникӣ сар задааст.

Феълан маълум нест, ки миёни харобаҳо чӣ миқдор мардум қарор дорад. Наҷотбахшон аз маҳали ҳодиса чандин нафаронро кӯч доданд, ки сахт ҷароҳатдор шудаанд.

"Тибқи иттилои роҳбари Вазорати тандурустии Лубнон Ҳамад Ҳасан, дар бандари Бейрут як киштии дорои пиротехника таркид. бар тибқи маълумоти пешакӣ, даҳҳо нафар бар асари ин ҳодиса фавтиданд".
969

10 миллион нафар дар Афғонистон мубталои коронавирус шуданд

0
(Таҷдидшуда 21:39 06.08.2020)
Вазири тандурустии Афғонистон изҳор доштаст, ки сеяки аҳолии ин кишвар ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардидаанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Вазорати тандурустии Афғонистон бо нашри гузорише гуфт, ки дар ин кишвар ҳудуди даҳ миллион, яъне аз се як ҳиссаи аҳолии Афғонистон ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ, вазири тандурустии Афғонистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ин омор пас аз баррасии натиҷаҳои тести 2500 нафар дар саросари кишвар ба даст омадааст.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Ин тестҳо ва баррасиҳо, ки бо кӯмаки Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ анҷом шудааст, таъмин мезанад, ки акнун 31,5 дарсад аз аҳолии Афғонистон ба ин вирус гирифта шудаанд ва бештарин ҳолатҳои гирифторӣ дар Кобул будааст.

Коронавирус дар моҳи феврали соли ҷорӣ бо бозгашти ҳазорон муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон ворид шуд.

Дар ҳоли ҳозир таҳқиқоте дар мавриди шумораи ҷонбохтагон ва гирифторон ба ин беморӣ дар Афғонистон идома дорад.

0
Барчаспҳо:
маризӣ, Афғонистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон