“Шумо беҳтаринед дар ҷаҳон”: Путин занонро ба 8 март табрик кард

187
(Таҷдидшуда 19:31 08.03.2020)
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тамоми занони кишварашро бо Рӯзи байналмилалии занон табрик гуфт

Дар Русия ва баъзе аз кишварҳои ҷаҳон 8 март Рӯзи байналмилалии занон ҷашн гирифта мешавад

Имрӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тамоми занони ин кишварро  бо ин рӯз табрик кард.

“Занони муҳтарами Русия, аз самими қалб Шуморо бо Рӯзи байналмилалии занон табрик мегуям. Ин ҷашн ҳамеша пур аз шодӣ, гул, тӯҳфа ва ҳиссиёти самимона мебошад. Занони муҳтарами мо, ба Шумо аз самими қалб бахту саодат, ишқ, саломатӣ ва хушнудӣ орзумандам”, - гуфт Путин дар табрикоташ.

Роҳбари Русия таъкид дошт, ки дар ин рӯз мардҳо бо шитоб ба занон суханони нек ва сипос мегӯянд.

“Занони муҳтарам, Шумо беҳтарин ҳастед дар ин ҷаҳон. Аз ақл берун аст, ки чӣ гуна шумо ба ҳама расидагӣ мекунед: ҳифзи хонадон, пешрави дар кору фаъолият ё дар таҳсил. Новобаста аз ин Шумо ҳамеша зебо ҳастед”, - гуфт Путин.

Раисҷумҳури Русия афзуд, ки хушбахтии занон бештар аз мардҳо вобастааст.

“Мо кушиш мекунем, ҳамеша сазовори Шумо бошем ва ташвиши рӯзғорро бештар бар дӯши худ бигирем. Мо ҳамеша ҳамингуна рафтор хоҳем кард. Ҳамеша, на танҳо рӯзи 8 март”, - зикр кард Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.

187
Барчаспҳо:
табрикот, занон, табрик, Владимир Путин, Русия

Набарди Ҳабиб бо Гетҷи: кӣ ғолиб меояд

2766
(Таҷдидшуда 14:48 26.10.2020)
Муҳорибаи калидии UFC 254 дар шаҳри Абу - Дабӣ ин набарди Ҳабиби Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гетҷи мебошад

Ҳамакнун Қаҳрамони UFC дар вазни сабук, размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар доираи муҳорибаи UFC 254 дар Абу-Дабӣ бо рақибаш Ҷастин Гетҷи вориди октагон гардиданд.

Муҳорибаи мазкур  рақобати калидии ин шом хоҳад буд.

Ҳар ду размикор аллакай аз маросими вазнкашӣ гузаштанд ва вазни онҳо баробар ба 70 килограмму 300 грамм мебошад.

Зимнан, маросими вохӯрии "чашм ба чашм" хеле оромона баргузор шуда буд. Варзишгарон бидуни ягон нағмакорӣ дасти ҳамдигарро сахт фишурданд.

Барои размикори доғистонӣ ин аллакай 29 - умин рақобат ба ҳисоб меравад. Ҳабиб то ҳол дар ягон муҳорибаи худ ба бохт дучор нашудааст.

Рақиби ӯ Ҷастин Гейҷӣ бошад, танҳо ду маротиба аз 22 рақобати доиргардида, мағлуб шудааст.

2766
Барчаспҳо:
навор, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ҳабиб урён ва Гейҷӣ бо ниқоб: навори вазнченкунии размикорон

1674
(Таҷдидшуда 17:51 24.10.2020)
Қабл аз муҳорибаи дарпешистодаи Ҳабиб Нурмуҳаммадов а Ҷастин Гейҷӣ, маросими вазнченкунии онҳо баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммадов имрӯз бори саввум барои ҳифз намудани камрбанди қаҳрамонияш талош мекунад. Қабл аз муҳориба, ҳар ду размикорро болои тарозу бароварда, вазнашонро санҷиданд.

Бар тибқи натиҷаи маросими вазнченкунӣ, Ҳабиб ва Гейҷи вазни баробар доштанд. Ҳар ду варзишгар 70 килограмму 300 грам вазн доранд.

Ҳабиб тамоман урён  болои тарозу баромад ва каме ҳаяҷонзада ҳам буд. Гейҷӣ бошад, бо ниқоби тиббӣ ва табассумкунон вазнашро санҷид.

Муҳорибаи онҳо шоми имрӯз соати 21:00 ба вақти Маскав ва 23:00 ба вақти Душанбе доир мешавад.

Ҳабиб ҳоло ҳамаи муҳорибаҳояшро бидуни мағлубият анҷом додааст. Рақиби ӯ бошад ҳамагӣ ду маротиба рақобатро бохт.

1674
Барчаспҳо:
вазн, муҳориба, Ҳабиб Нурмуҳаммадов

Ифтитоҳи масҷиди муосир дар Тотористон - гузориши аксӣ

0
(Таҷдидшуда 19:17 26.10.2020)
Дар шаҳри Набережние Челни масҷиди "Чали Яр" бо меъмории ғайриоддии технологӣ кушода шуд

Хонаи намозгузорӣ барои мусалмонон дар Ҷумҳурии Тотористон бо услуби муосири меъморӣ сохта шудааст.

Дар як вақт, масҷид бо масоҳати 450 метри мураббаъ метавонад то 250 намозгузорро ғунҷонад.

Тоҷикистон кай дари масоҷидро ба рӯи намозгузорон мекушояд?

Ибодатхона дар шоҳроҳи федералии Волгаи М7 ҷойгир аст, бинобар ин ронандагон метавонанд низ аз он дидан кунанд.

Намоз ва қурбонӣ онлайн: коронавирус чигуна Иди Қурбонро тағйир дод

Дари масҷид шабонарӯзӣ боз буда, мусалмонон метавонанд ҳар замон аз ин макони ибодат дидан кунанд ва дар он ҷо намоз гузоранд.

0
  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Намозгузорон дар масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челни.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масҷиди "Чали Яр" бо меъмории ғайриоддии технологӣ дар шаҳри Набережние Челни кушода шудааст.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Хонаи намозгузории "Чали Яр" барои мусалмонон дар Ҷумҳурии Тотористон бо услуби муосири меъморӣ сохта шудааст.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масоҳати масҷид 450 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Дар як вақт дар масҷид то 250 намозгузор метавонад дуо хонад.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челнии Тотористон.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Дари масҷид 24 соат боз буда, намозгузорон дар вақти дилхоҳ метавонанд вориди ин маъбад шаванд.

  • © Sputnik / Maksim Bogodvid

    Намозгузорон дар масҷиди нави "Чали Яр" дар Набережние Челни.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, масҷид, Тотористон