Рақскунии 17 духтар гирди Раҳмон ва ҳароси амният: "бигзор оянд, маро намекушанд" - видео

5252
(Таҷдидшуда 19:23 10.03.2020)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот бо духтарон ва бонувони тоҷик дар арафаи Рӯзи модар, аз шавқи илмомӯзии ҷавонон, бахусус духтарони деҳнишин тавсиф намуд

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо занону духтарони фаъол дар арафаи 8 - уми март аз таваҷҷӯҳи духтарони деҳот ба таҳсил ва донишандӯзӣ изҳори хушнудӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
© Пресс-служба президента Таджикистана

Ба гуфтаи раисҷумҳур, солҳои пеш духтарон ба илму дониш таваҷҷӯҳи зиёд надоштанд ва бештари мардум хурофотпараст буданд.

 Роҳбари давлат аз ду сафари кории худ ба манотиқи Тоҷикободу Рашт ёдовар шуда, қисса кард, ки чӣ тавр духтарони мактабхон бо истифода аз ҳиллаву найранг назди ӯ омаданд ва аз ӯ барои идомаи таҳсили худ дар донишгоҳҳои пойтахт дархости кӯмак намуданд.

"Дар ноҳияи Тоҷикобод ман бо мардум сӯҳбат намудам ва дар ҷараёни сӯҳбат 38 духтар аз ҷо бархостанд ва гуфтанд, ки Ҷаноби олӣ мо ба шумо суол дорем. Марҳамат гуфтам. Онҳо назди ман баромаданд ва гуфтанд, ки хондан мехоҳем, аммо баллҳои мо нарасиданд то ба Донишгоҳҳои олӣ дохил шавем, ба мо кӯмак кунед, илм омӯхтан мехоҳем", - бо ёдоварӣ изҳор намуд роҳбари давлат.

Сарвари давлат қайд намуд, ки ба онҳо пешниҳод кардам, то дар минтақаи худашон таҳсил кунанд, аммо онҳо қотеъона гуфтанд, ки "не ин ҷо таҳсил кардан намехоҳем, мехоҳем ба Душанбе равем ва аз он ҷо ба кишварҳои дигар сафар карда, илм омӯзем".

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон як ҳодисаи дигар, ки дар ноҳияи Рашт ба вуқӯъ омада, бозгӯи шавқи духтарон ба илмомӯзиро дорад, ба завқ қисса намуд.

Ба гуфтаи кишвардор, дар фурӯдгоҳи ноҳияи Рашт аснои гусели ӯ, зери садои мусиқӣ аз чанд тараф духтарон рақскунон назди ӯ омаданд.

"Дилам да рафт, ин духтарҳо рақс накарда истодаанд, ин духтарҳо проблемма доранд. 17 духтар аз мобайни 100 нафар баромада, рақскунон омада назди ман расиданд. Аз қафои онҳо раиси ноҳия, амният, ҳама даводав ман гуфтам, ором, кори шудагӣ  шуд, бигзор биёянд, инҳо маро намекушанд".

Дар асл ҳам онҳо барои ибрози мушкили худ, чархболи роҳбари давлатро гирд карданд. Дархости онҳо ин будаст, ки аз ҳоло роҳбари давлат супориш диҳад ва номи ҳар яки онҳоро нафарони масъул номнавис кунанд  ва пас аз хатми мактаби миёна бе мушкил ба донишгоҳҳои кишвар дохил шаванд.

Аҷобати кор ин аст, ки ҳар 17 духтар ҳоло дар синфи 8 таҳсил мекунанд ва пас аз се сол макотибро хатм мекунанд.

Кишвардори Тоҷикистон аз мароқи зиёд доштани духтарон ба таҳсил изҳори хурсандӣ намуда, қайд кард, ки бадониш будани духтар - модар бисёр муҳим аст, зеро ӯ тарбиятгар аст.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба  духтарони тоҷик чандин маслиҳати падарона дод.

5252
Барчаспҳо:
тавсиф, духтарон, донишомӯзӣ, Эмомалӣ Раҳмон