Панҷоҳсола ва нашъаҷаллоб: Навори боздошти қочоқчиёни афюн дар Душанбе

374
(Таҷдидшуда 19:30 13.03.2020)
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар барномаи "Ахбори ВКД" аз боздошти ду нашъаҷаллоб хабар дод, ки яке 50 сол доштааст

Дар Тоҷикистон ду мард боздошт шуданд, ки бо савдои ғайриқонунии ҳабҳои психотропӣ машғул буданд. Аз онҳо 32 кило афюн мусодира шуд.


Яке аз боздоштшудаҳо сокини Ҳисор, марди 50-сола Баҳром Иноятов  ва дигаре 30-сола Фирдавс Каримов будааст.

Дар навор дида мешавад, ки кормандони ВКД мошинҳои гаронбаҳоро боздошт мекунанд, ки дар дохили он нашаҷаллобон маводи мухадирро ба маркази Душанбе интиқол медоданд. 

Дар навор мусодираи моддаи сиёҳ дар бастаҳо дида мешавад. Боздоштшудаҳо иқрор шудаанд, ки афюн ба онҳо тааллуқ дорад.

Минаъд, кормандони мақомот муайян хоҳанд кард, ки ин миқдор нашъаро боздоштшудаҳо аз куҷо дастрас кардаанд.

Пештар низ дар Душанбе се марди афғон бо иттиҳоми нашаҷаллобӣ боздошт шуда буданд. Аз онҳо 10 кило нашъаи синтетикӣ мусодира гардидааст.

374
Барчаспҳо:
қочоқ, афюн, навор, Душанбе

Аз тағйирёбии иқлим то камобии имсола: навори суҳбати Раҳмон дар СММ

137
(Таҷдидшуда 17:40 23.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлосияи 75-уми Маҷмааи умумии СММ аз коронавируси нав, вазъи Афғонистон, сулҳу субот ва тағйирёбии иқлим суҳбат кардбо хушнудӣ қабул дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

“Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст. Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ зикр кард, Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад, аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.

Ба гуфтаи Раҳмон, тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад.

“Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир мебошад, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

Ӯ илова намуд, ки имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.

Дар ин росто, Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал овард, ки ба экспедитсияи тадқиқоти пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

137
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, суханронӣ дар ҷаласаи СММ, Тоҷикистон-СММ

Оғози машқҳои низомии “Қафқоз-2020”

80
(Таҷдидшуда 01:15 23.09.2020)
Машқҳои байналмилалии низомӣ “Қафқоз-2020” дар вилояти Астрахани Русия оғоз ёфтанд. Дар ин машқҳои низомӣ бе аз 80 ҳазор аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок хоҳанд кард

Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир  низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд. 

Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.

Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.

Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.

Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.  

Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.

80
Барчаспҳо:
Афсар, аскар, Астрахан, артиш, тамрин, машқи низомӣ, машқ, Русия
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане

"Мо ду агрегати НБО “Роғун”-ро ба кор даровардем": шахси бовариноки Раҳмон чӣ ваъда дод?

0
(Таҷдидшуда 14:45 24.09.2020)
Ахиран шахси бовариноки Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурӣ бо интихобкунандагони вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар таъкид дошт, ки президент кишварро аз бунбасти коммуникатсионӣ то дараҷае раҳо кард

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Абдуҷаббор Азизӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳадафҳои барномавии ҳафт соли минбаъдаи ҲХДТ ба ҳозирин иттилоъ дода, таъкид кардааст, ки Раиси ҲХД Тоҷикистон тайи ин солҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

“Ду агрегати НБО “Роғун”-ро ба кор даровардем ва он дар сурати бо иқтидори пурра ба кор даромадан моро ба яке аз ҳадафҳои асосӣ – даст ёфтан ба истиқлолияти энергетикӣ мерасонад. Ҳамчунин, дар ин давра тавонистем, ки мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ то дараҷае раҳо бахшем”, – қайд кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол,  номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ваъда дод, ки дар оянда дар кишвар бояд бозори коғазҳои қиматнок таъсис ёбад, то маблағҳо дар дохили кишвар ба гардиш дароянд.

“Ҳамзамон, миқдори хоҷагиҳои деҳқониро дар ҷумҳурӣ зиёд карда, шумораи гирандагони субвенсияро коҳиш диҳем. Барои ин ифтитоҳи корхонаҳои нави истеҳсолӣ лозим аст, – иброз дошт Рустам Раҳматзода, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки Зарагул Мирҳасанова, котиби марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, аз номи Меъроҷ Абдуллоев, раиси ин ҳизб, барномаи пешазинтихобии ӯро ироа намуд.

Вай афзуд, ҳадафи асосии ҳизб ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон,  пойдор гардондани адолати иҷтимоӣ ва таъмини шароити арзанда барои мардум мебошад, – гуфт ӯ.

Дар охири ҷамъомад номзадҳо аз интихобкунандагон хоҳиш карданд, ки санаи 11-уми октябр ба участкаҳои интихоботӣ биёянд ва барои ояндаи дурахшони кишвар ба номзадҳо овоз диҳанд.

0
Барчаспҳо:
бунбаст, Роғун, Бохтар, Хатлон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон