Равуой манъ: Нур - Султон пурра ба карантин гузашт - видео

299
(Таҷдидшуда 17:58 19.03.2020)
Сар аз 19 - уми март шаҳри Нур - Султон пурра ба карантин гузашт. Феълан иҷозати вуруд ба ин шаҳр танҳо бо иҷозатномаи махсус имконпазир аст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Пас аз эълони вазъи фавқулода дар Нур - Султон, шаҳрро барои хуруҷ ва вуруди сокинон  бастанд. Феълан дар шаҳр 7 адад гузаргоҳҳо монда шудаанд, ки аз вуруд ва хуруҷи шаҳрвандон ҷилавгирӣ мекунанд.

Ҳамзамон як гузаргоҳи назоратӣ дар вилояти Оқмола гузошта шудааст.

Дар гузаргоҳҳо кормандони пулис ва низомиён бо либоси ҳарбӣ истода ҳаракати нақлиётро назорат мекунанд. Ҳамзамон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табибон низ кӯмак мекунанд.

Шумори мубталоён ба коронавирус дар ИДМ ба 332 нафар расид

Зикр мегардад, нафароне, ки ба кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дахолат мекунанд, ҳатман ҷазо дода мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир, ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади шаҳрвандон маҳдуд гардидааст. Вуруд ба шаҳр танҳо тариқи иҷозатномаи махсус имконпазир аст.

299
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон

Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА-навор

243
(Таҷдидшуда 01:36 03.06.2020)
Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА, ки баъди марги Ҷорҷ Флойд, шаҳрванди африқо-амрикоӣ оғоз шуданд, бисёри минтақаҳои кишварро фаро гирифтанд

Теъдоди аёлоте, ки  дар он барои пахши эътирозҳо аз нерӯи горди миллӣ истифода мешавад, афзоиш ёфтанд, хабар доданд расонаҳои ИМА. Алайҳи дастандаркорони бетартибӣ нерӯҳои пулис аз норинҷакҳои садоӣ ва газҳои ашковар истифода мебаранд.

Эътирозҳо баъди он сар заданд, ки Флойд 25 май аз дасти маъмурини пулис кушта шуд. Cюзан Райс, собиқ мушовири амниятии Барак Обама, раисиҷумҳури пешини ИМА аз эҳтимоли даст доштани Русия дар таҳрики эътирозгарон тариқи шабакаҳои маблағгузорӣ суҳбат кард.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ин иддаоро бепоя хонда, таъкид намуд, ки Русия ҳеч гоҳ ба умури дохилии ИМА дахолат накардааст ва чунин ният надорад.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

243

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

302
Дар Амрико рӯзи панҷум аст, ки мавҷи эътирозҳо дар роибта ба куштори Ҷорҷ Флойд марди африқо - амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис хотима намеёбад

Мавҷи эътирозҳо анқариб 20 штати Амрикоро дарбар гирифт. Шаҳрвандони амрикоӣ пас аз қатли як марди африқо- амрикоӣ аз сӯйи корманди пулис даст ба эътирозҳо заданд.

Ҳодиса рӯзи 25 - уми май рух дод. Муштарии як мағозаи хӯрокворӣ мехост бо асъори қалбакӣ харидро анҷом диҳад, вале хазиначии мағоза фавран пулисро даъват кардааст.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда  аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Тазоҳурот дар Тбилисӣ, ё иғво сари муносибатҳои Русияву Гурҷистон

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво дар бемористон ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

302
Барчаспҳо:
навор, тазоҳурот, Амрико
Шкатулука с драгоценостями, архивное фото

Ғорати дӯкони заргарӣ дар Душанбе: гумонбар дастгир шуд

0
(Таҷдидшуда 18:16 03.06.2020)
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи дуздӣ дар дӯкони заргарӣ дар Душанбе хабар медиҳад. Мақомот ҷавони гумонбарро дастгир кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия, муроҷиат намудааст.

Ба гуфтаи вай, 19-уми майи соли 2020, тахминан соатҳои 02:20 дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба дӯкони заргариаш воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев даромада, аз онҷо 4000 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллогинро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

"Зарари расонидашуда 6000-сомониро ташкил медиҳад", - афзудааст манбаъ.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

Аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

0