Шикваи Меҳрнигор аз ҷудоӣ - "Айби ман набуд" : нашри намоҳанги нав - видео

423
(Таҷдидшуда 14:43 24.03.2020)
Сарояндаи ҷавон ва машҳруи Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам намоҳанги тозаи худро зери унвони "Айби ман набуд" нашр кард

Сарояндаи шӯҳратёри Тоҷикистон Меҳрнигори Рустам намоҳанги ҷадид худро дар шабакаи Youtube, ду рӯз пеш, рӯзи 21 март нашр кард.

Матни суруди "Айби ман набуд" ба қалами шоир ва рӯзноманигор Орзу Исоев тааллуқ дошта, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст.

Ифшогариҳои Меҳрнигор: бурди грин корт, тарки Ватан ва "фиреб" - и сарояндагон - видео

Дар давоми ду рӯз намоҳангро беш аз 33 ҳазор кас боздиди карда, зиёда аз 1000 нафар писандидааст.

Дар намоҳанг Меҳрнигор бо пироҳанҳои зебои чакан пайдо мешавад.

Меҳрнигори Рустам: "то ҳастам номбардори миллати худ мешавам" - аксу видео

Аксари корбарони интернет аз тарзи либоспӯшии Меҳрнигор тавсиф карда ба ҳунари ӯ баҳои баланд додаанд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Меҳрнигори Рустам соҳиби мукофоти байналмилалӣ "Содружество дебютов" (Иттиҳодияи нахустнамоишҳо) дар кишварҳои ИДМ шуд.

Овозхони ҷавон Меҳрнигори 25-сола ва яккасарои оркестри Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, дар фаъолияти овозхонии худ борҳо соҳиби ҷоизаҳои мухталиф шудааст.

Меҳрнигори Рустам барандаи ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Аз ҷумла Меҳрнигор дар озмуни "Чуҷаи заррин" ва Ҷашнвораи сурудҳои халқӣ соҳиби Гран при шудааст.

Дар баробари ин овозхони ҷавон дорандаи нишони Бозиҳои Делфини Алмаато дар соли 2007 буда то кунун ду албом  - "Тоҷикистон" ва "Шодиёна" - ро сабт ва пешкаши мухлисон кардааст.

423
Барчаспҳо:
нашри намоҳанг, намоҳанг, Меҳрнигори Рустам

Гармӣ монеа нест: видеои раъйдиҳии русиягиҳо дар Тоҷикистон-навор

83
(Таҷдидшуда 22:41 01.07.2020)
Бо вуҷуди гармии шадид дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба раъйдиҳӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Русия зиёд аст. Шаҳрвандони Русия дар назди бинои сафорат дар Душанбе навбатпоӣ карданд, то овоз диҳанд

Дар Тоҷикистон барои раъйгирӣ дар мавриди тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Федератсияи Русия шаш маркази интихоботӣ дар чаҳор шаҳр - Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Норак, дар қаламрави сафорати Русия, консулгарии генералӣ ва пойгоҳи низомии 201 - и Русия фаъолият мекунанд.

Байни 25 июн ва 1 июл, то оғози рӯзи асосии раъйдиҳӣ, аллакай беш аз 3500 шаҳрванди Русия  раъй додаанд. Инҳо сарбозони пойгоҳи 201, иншооти "Окно" дар Норак, намояндагони идороту созмонҳои Русия дар Тоҷикистон ҳастанд.

Дар рӯзи асосии раъйдиҳӣ дар Душанбе аллакай 613 шаҳрванди Русия овоз доданд. Қобили зикр аст, ки имрӯз Душанбе хеле гарм аст, ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа боло рафтааст. Аммо, сарфи назар аз чунин ҳавои гарм ва набудани шамол, шаҳрвандони Русия дар барои овоздиҳӣ дар навбат истоданд.

Мувофиқи талаботи “Роспотребнадзор” барои овоздиҳӣ якнафарӣ бо риояи фосила ба сафорат ворид мешаванд.

Равиши раъйгирӣ мутобиқ бо талаботи меъёрҳои беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ дар замони пандемия анҷом мешавад. Ба раъйдиҳандагон иттилоъ дода мешавад, ки ҳатман аз ниқобу дасткаши пизишкӣ истифода кунанд.

Дар оғози рӯз Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвараш ба раъйдиҳӣ барои иловаи тағйирот ба Конститутсияи Русия хеле зиёд мебошад.

83
Барчаспҳо:
овоздиҳӣ, Русия, Тоҷикистон

Видеои раъйдиҳии Путин барои тағйири Конститутсия-навор

116
(Таҷдидшуда 20:30 01.07.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар овоздиҳии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Русия ширкат варзид

Раисиҷумҳури Русия дар ҳавзаи интихоботии №2151 воқеъ дар дафтари Академияи илмҳои Русия соати 10:57 раъй дод.

Ба иттилои РИА Новости, раисиҷумҳур  бидуни дастпӯш ва ниқоби тиббӣ вориди бино шуда,  аммо бино пеш аз овоздиҳӣ безарар гардонда шуда буд. Масъулини комиссияи овоздиҳӣ ниқобу дастпӯшак доштанд.

Дар пайи раъйдиҳӣ ба Путин маҷмааи туҳфаҳоро, ки ба ҳамаи раъйдиҳандагон тақдим мекунанд,  дода шуд. Ба туҳфаҳо худкор, рамзча, дастпона, тақвим ва чиптаи барномаи “Миллион” туҳфаҳо ворид мешавад, ки дар он шаҳрвандон метавонанд шаҳодатнома барои пардохти ҳаққи хизматрасонию молро сооҳиб шаванд.

Чоршанбе, 1 июл, рӯзи асосии овоздиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Федератсияи Русия мебошад. Раъйпурсии умумирусиягӣ дар мавриди ислоҳот дар Қонуни асосии Федератсияи Русия 22 апрели соли равон барномарезӣ шуда буд, аммо ба далели бемории ҳамагири “вируси корона” дар кишвар ба таъхир афтод.

Баъдан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия фармони таърихи нави раъйгириро барои 1 июл имзо кард. Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти эпидемиологӣ ва эминии ҷамъият тасмим гирифта шуд, ки мардуми Русия битавонанд дар кулли ҳафта - аз 25 июн то 1 июл - раъй диҳанд.

116
Барчаспҳо:
Путин, интихобот, Русия

COVID - 19 дар Тоҷикистон: омори сирояту шифоёбӣ дар моҳи июн

0
(Таҷдидшуда 20:43 02.07.2020)
Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
© Sputnik /

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи июн дар Тоҷикистон 2024 нафар ба коронавирус сироя 2564 нафар аз ин беморӣ шифо ёфт ва 5 кас ҷони худро аз даст дод.

Дар умум бино бар омори Вазорати беҳдошти кишвар аз 30 апрели соли равон то 30 июн дар Тоҷикистон 5954 кас гирифтори коронавирус шуда, 4568 нафар шифо ёфтанд ва 52 кас қурбони ин вабои аср гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ чораҳоеро дар моҳи май роҳандозӣ карда буд, ки бархе аз онҳо бардошта шуданд ва баъзеи дигар ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, боғчаҳо ва мактабҳо то 18 август баста буда, донишҷӯён пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуданд. Дар кишвар пӯшидани ниқоб ҳатмӣ буда, масҷидҳо баста шуда, намози дастаҷамъома манъ шуд.

Кадом маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон бардошта шуданд

Равуо миёни вилоятҳо ва навоҳии кишвар озод шуд. Баргузории маросими дафн иҷоза дода шуд.

Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе фаъолияти бозорҳои либоса, марказҳои савдо, кинотеатрҳо, театрҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн оғоз шуд.

Баргузории маросими арӯсӣ иҷоза дода шуд: бо ширкати на бештар аз 100 меҳмон, пӯшидани ҳатмии ниқоб, дастпӯш ва санҷиши ҳарорати бадан.

Бозии футбол бидуни тамошобин иҷоза дода шуд.

Аз 25 июн барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои махсус роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, Тоҷикистон