“Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд”: чаро Гугуш имсол Наврӯзро таҷлил накард? видео

1025
(Таҷдидшуда 09:36 25.03.2020)
Гугуш, овозхони саршиноси Эрон дар як навор Иди Наврӯзро ба кулли мардум, ба хусус ба пизишкону парасторони Эрон табрик гуфта, тавзеҳ дод, ки барои чӣ шахсан ӯ имсол намехоҳад ин ҷашнро таҷлил кунад

Гугуш тавзеҳ додааст, ки имсол Наврӯзро ба хотири ёди тамоми нафароне, ки ҷонашонро аз даст додаанд, ҷашн намегирад.

“Наврӯзи имсолро ба ёди тамоми азизони аздастрафта ҷашн намегирам, балки барои нигаҳдошти ин сунати дерин ҳифзи зоҳир мекунам. Ба ёди онҳое, ки имсол ҷои азизонашонро холӣ мебинанд ва дар танҳоӣ ҳафтсинашонро мечинанд. Ба ёди бонувоне, ки шаҳоматро ба мо ёд доданд ва ба ёди кулбароне, ки аз ҷону нафас афтоданд. Бо ин умед, ки дар соли ҷадид паноҳҷӯ ба соябонаш даст пайдо кунад ва Ковуси 41-сола ба поён бирасад”, - гуфт овозхони маъруфи эронӣ.

Инчунин, Гугуш хусусан аз пизишкону парастороне, ки имрӯзҳо дар сафи пеш дар Эрон бар зидди коронавирус истодаанд ва барои наҷоти ҳазорҳо нафар мубориза мебранд, изҳори сипос кард.

Вай гуфт: “дар охир сипосе дорам аз кодри пизишкӣ ва парстороне, ки ба вожае исор, ҷони дубора бахшиданд. Наврӯзатон пирӯз бод!”. 

Гугуш на танҳо миёни эрониён балки миёни мардуми тоҷик низ маҳбубияти зиёде дорад.

Мутаасифона овозхони саршиноси эронӣ, ки дар тамоми гушаву канори Тоҷикистон маҳбубият дорад то ба ҳол аз Тоҷикистон дидан накардааст. Гугуш ҳам борҳо эълон карда буд, ки қасди баргузор кардани консерт дар Тоҷикистонро дорад, вале ин орзӯи ӯ то ба ҳол ҷомаи амал напӯшидааст.

Хонандаи маъруф Гугуш соли 1979 дар давраи инқилоби исломӣ дар хориҷ аз Эрон буд, вале баъдан бо хоҳиши худ ба Эрон баргашт ва тӯли беш аз бист сол хомӯш буд.

Дар соли 2000-ум Гугуш бо иҷозаи мақомоти Эрон ин кишварро тарк кард ва ҳоло дар яке аз кишварҳои Ғарб зиндагӣ мекунад.

1025
Барчаспҳо:
таҷлил, Наврӯз, табрик, Эрон, Гугуш

Мусалмонони дунё барои тасвирҳои танзомези Муҳаммад дар Фаронса ба по хестанд - навор

214
(Таҷдидшуда 19:08 29.10.2020)
Давлатҳои мусалмонӣ аз ҷумла Яман, Эрон ва Туркия молҳои истеҳсоли Фаронсаро бойкот намуда, байрақ ва акси кишвардори ин давлатро оташ мезананд

Мусалмонҳо бо ин роҳ мехоҳанд вокуниши худро дар робита ба қазияи фавти омӯзгорӣ фаронсавӣ ва назари нохуби Макрон ба ин ҳодиса, баён намоянд.

Қаблан кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон дар робита ба нашри тасвирҳои танзомези Пайғамбар Муҳаммад (с) изҳор дошт, ки Фаронса ба ҳеҷ ваҷҳ аз нашри карикатура даст намекашад.

Қодиров гуфт, барои мавқеъгирияш дар робита ба Макрон омода аст истеъфо ва ё ҷон диҳад

Илова бар ин, пас аз кушта шудани омӯзгори фаронсавӣ Макрон супориш дод, ки карикатураи Муҳаммад (с) дар тамоми идораҳои давлатӣ овехта шаванд.

Ин амалкарди сиёсатмадори Фаронса давлатҳои мусалмониро ба хашм овард.

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Макрон тавсия дод, ки ҳолати равонии худро бисанҷад. Ҳамчунин, сарвари Чеченистон Рамазон Қодиров ӯро террористи рақами як унвон кард.

214
Барчаспҳо:
навор, эътироз, мусалмонон
(2:00 / 12.77Mb / просмотров видео: 199)

Путин дар бораи 20 сол: "имрӯз кишварамон тамоман дигар аст"-навор

60
(Таҷдидшуда 20:21 29.10.2020)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, гуфт чигуна вазъи зиндагии мардум тайи 20 соли гузашта дар кишвар тағйир ёфт

Сифати зиндагии русиягиҳо дар соли 2000 ва 2020 комилан фарқкунанда аст, гуфт Путин дар XII анҷумани сармоягузории "Россия зовет!".

"Феълан сатҳи рушди иқтисодиёт тамоман дигар аст. Устуворӣ дар иқтисодиёт ба таври ҷиддӣ аз оне, ки дар соли 2000-ум буд фарқ мекунад”, - таъкид кард роҳбари Русия.

Ӯ зикр намуд, ки дар оғози солҳои 2000-ум таваррум дар Русия ба ададҳои дурақама ва баъзан то сад фоиз дар як сол мерасид.

"Ҳозир ҳудуди 4 фоиз устувор нигоҳ дошта мешавад. Захоири тиллою асъор 12 миллиард доллар буд, дар ҳоле, ки қарзи хориҷӣ 136 миллиард ҳисоб мешуд. Бекорӣ дар сатҳи баланд буд. Имрӯз кишвар тамоман дигар аст”, - бовар дорад Путин.

Ӯ тавзеҳ дод, ки феълан захоири тиллою асъор ба 585 миллиард доллар расид, дар ҳоле, ки маҷмӯи уҳдадориҳои қарзӣ ду баробар камтар аст ва қарзи давлатӣ ҳамагӣ 3 дарсадро ташкил медиҳад.

“Сатҳи даромади мардум низ тамоман дигар аст. Бале афроди зиёде ҳанӯз камбизоатанд. Тибқи иттилои охир ҳудуди 20 миллионанд, аммо соли 2000-ум ин нишондод беш аз 42 миллион буд. Ду баробар коҳиш ёфт. Солҳои наздик ман бовар дорам, ки мо боз ду баробари дигар кам мекунем”, - хулоса кард Путин.

60
Барчаспҳо:
Владимир Путин, Русия
Доктор медицинских наук, профессор, заведующий кафедрой инфекционных болезней Таджикского государственного медицинского университета им. Абуали ибни Сино Рахманов Эркин

Саринфексионисти Тоҷикистон дар бораи омодагиҳо ба мавҷи дуюми COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:40 29.10.2020)
Эркин Раҳмонов, саринфексионисти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мудири кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон омодагиҳо ба мавҷи дуюми бемории коронавирусро шарҳ дод

Раҳмонов мегӯяд, дар кишвар тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми коронавирус амалӣ шуда истодаанд ва агар он фаро ҳам расад, бахши тандурустии кишвар захоири кофиро дар ихтиёр дорад.

Главный инфекционист Таджикистана: если вторая волна будет, резервы у нас готовы
“Агар мавҷи дуюми беморӣ фаро ҳам расад, захираҳои мо омодаанд. Мо бо дастгоҳҳои иловагии нафасдиҳӣ беморхонаи сироятии шаҳриро муҷаҳҳаз кардем. Инчунин 500 кати иловагиро дар ихтиёр дорем ва 160 кат дар  вагончаҳои махсуси дигар, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун кумаки башардӯстона ироа шудаанд, омодаи қабули беморонанд”, - изҳор дошт сироятшинос.

Ӯ изҳори умед кард, ки ниёзе барои корбурди захираҳо нахоҳад буд, чун бо шифоёбии феълии беморон, ки ҳамарӯза 45-50 нафарро ташкил медиҳад, метавон мавҷи дуюмро пешгирӣ намуд.

Раҳмонов таъкид намуд, ки беҳтарин роҳи мубориза бо мавҷи дуюми коронавирус риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат аз моҳи апрел то ҳозир ба 10 ҳазору 939 нафар расид, 

Ҳамзамон дар 24 соати ахир 58 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 128 нафар (92,5%) баробар гардид.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, мавҷ, Тоҷикистон