Тафсилоти бештари боздошти "Муқимча" бо шогирдони нашъаҷаллобаш - навор

1251
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе навори бошдошти гурӯҳи 7 - нафараи нашъаҷаллобон бо роҳбарии "Муқимча" нашр намудааст

Ба иттилои Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ дар ҳайати 7 нафар, ки ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар дохил ва хориҷи кившар машғул будаанд, муайян ва дастгир карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, аз ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба миқдори умумии 70 кг 283 грамм воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфт ва мусодира гардид.

"Дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя, яъне Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, гурӯҳи муташаккил таҳти роҳбарии Қурбонов Муқими 54 - сола, сокини шаҳри Норак, ҷ/д Пули Сангин, деҳаи Кибил, ки дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои "Муқимча" ва "Бачаи кампир" маъруф аст, фаъолияти ҷиноятӣ менамуданд. Номбурда қаблан ду маротиба бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар Федератсияи Русия маҳбасӣ шудааст.

1251

Табодули таҷрибаву дониш: пизишкони Русия ба хотири кумак озими Қазоқистон шуданд - навор

83
Пизишкони Русия ба хотири имдод расондан ба ҳамтоёни қазоқи худ озими Қазоқистон шуданд ва муддати як моҳ бо онҳо табодули таҷрибаву дониш мекунанд

Пизишкони Русия ба хотири мубориза бурдан алайҳи маризии коронавирус озими Қазоқистон шуданд ва бо ҳамтоёни худ аз ин кишвар табодули донишу таҷриба мекунанд.

Таъкид мегардад, ки пизишкони Русия давоми яе моҳ дар Қазоқистон мемонанд ва роҳи дурусти мубориза алайҳи ин маризиро ба табибони қазоқ нишон медиҳанд.

Русия ба Қирғизистон барои мубориза бо коронавирус кӯмаки навбатӣ расонид

Ба ҳайати табибони рус, ки озими ин кишвар шуданд, пизишкони кӯдакона, анестизологу реанимотолог ва табибони бемориҳои сироятӣ қарор доранд.

Русия дар баробари ирсол намудани пизишкони ботаҷриба ба Ҷумҳурии  Қазоқистон, инчунин маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро низ кумак кард.

83
Барчаспҳо:
навор, Қазоқистон, кумак, Русия

Таркиши шадид дар Бейрут: даҳҳо нафар ҳалоку маҷрӯҳ шуда, биноҳои зиёд хароб гаштанд-навор

1012
(Таҷдидшуда 22:09 04.08.2020)
Дар Бейрут таркиши шадид рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо бинову манзилҳои зистро комилан хароб намуд. Зери харобаҳо чандин нафар қарор доранд

Сокинони Бейрут лаҳзаи таркиши шадидиро тавонистанд ба навор гиранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кунанд.

Қувваи таркиш ба ҳадде буд, ки тирезаҳои биноҳои шикаста, чандин манзилҳо аз шиддати таркиш фурӯ рехтанд.

Гуфта мешавад, таркиш дар анбори маводҳои пиротехникӣ сар задааст.

Феълан маълум нест, ки миёни харобаҳо чӣ миқдор мардум қарор дорад. Наҷотбахшон аз маҳали ҳодиса чандин нафаронро кӯч доданд, ки сахт ҷароҳатдор шудаанд.

"Тибқи иттилои роҳбари Вазорати тандурустии Лубнон Ҳамад Ҳасан, дар бандари Бейрут як киштии дорои пиротехника таркид. бар тибқи маълумоти пешакӣ, даҳҳо нафар бар асари ин ҳодиса фавтиданд".
1012

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0