Кӯшиши ба фазо баромадан: Трамп дар бораи истихроҷи захираҳо дар Моҳ фармон имзо кардааст

33
(Таҷдидшуда 14:26 10.04.2020)
Президенти ИМА Доналд Трамп қарореро имзо кард, ки ҳуқуқи амрикоиҳоро барои истихроҷи захираҳо дар кайҳон таъмин мекунад

Тибқи ин санад, рушди тиҷорати захираҳо дар моҳ, Марс ва дигар мақомҳои осмонӣ иҷозат дода мешавад. Дар Роскосмос қарори Трамп як кӯшиши хашмгин барои забт кардани сайёраҳо номида шуд. Онҳо ҳамчунин Кремлро танқид карданд.

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, кӯшиши хусусигардонии фазои кайҳонӣ ғайри қобили қабул аст.

Матни ҳуҷҷат дар сайти расмии Кохи Сафед чунин дары ёфтааст: "Амрикоиҳо бояд ҳуқуқ ба таҳқиқоти тиҷорӣ, истихроҷ ва истифодаи захираҳо дар фазои кайҳонӣ мутобиқи қонунгузории мувофиқ дошта бошанд. Фазо қонунӣ ва ҷисмонӣ як ҷузъи нодири фаъолияти инсон аст ва Иёлоти Муттаҳида онро майдони давлатӣ ҳисоб намекунад". 

33
Барчаспҳо:
моҳ, Русия, ИМА, навор

"Нафасам мегирад": тазоҳурот дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис - видео

205
(Таҷдидшуда 20:10 03.06.2020)
Даҳ рӯз мешавад, ки дар ИМА пас аз боздошт ва фавти Ҷорҷ Флойд тазоҳурот идома дорад. Тазоҳуроти назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис ба наовр афтод

Бетартибиҳо дар ИМА ҳанӯз 25 май сар шуд. Ҳамон рӯз Ҷорҷ Флойд дар яке аз мағозаҳои Миннеаполис бо пули қалбакӣ харидорӣ мекард ва кассир пулисро ҷеғ зад. 

Дар гузориши пулис навишта шуда, ки зимни боздошт гунаҳкор муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ нисбати ӯ қувва истифода шудааст. Аз ҷумла пулис ҳангоми бастани дастони ӯ бо зону ба гулӯяш такя кардааст. Флойд чанд маротиба гуфтааст, ки нафасам гирифт ва беҳуш шудааст. Пас аз чанде ӯ дар шуъбаи эҳёи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Панҷ рӯз аст, ки эътирозҳову бетартибиҳо дар Амрико идома дорад

Пас аз ҳалокати Флойд дар Миннеаполис ва баъдан дигар шаҳрҳои ИМА тазоҳурот оғоз шуд. 

Тазоҳургарон мошинҳоро месӯзонанд, мағозаҳоро ғорат мекунанд ва бо мақомоти пулис даргир мешаванд.

Тазоҳургарон талаб доранд, ки гунаҳкорони марги Флойд шиканҷа шаванд ва нобаробарии нажодӣ нисбати сиёҳпӯстон аз байн бардошта шавад.

Имрӯзҳо тазоҳурот дар ИМА зери шиори Black lives matter ("Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст") мегузарад.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Ҳамарӯза дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис садҳо нафар бо шиорҳои "Нафасам мегирад" ва "Адолат нест, оромӣ нест" ҷамъ мешаванд.

205
Барчаспҳо:
губернатор, тазоҳурот, ИМА

Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА-навор

260
(Таҷдидшуда 01:36 03.06.2020)
Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА, ки баъди марги Ҷорҷ Флойд, шаҳрванди африқо-амрикоӣ оғоз шуданд, бисёри минтақаҳои кишварро фаро гирифтанд

Теъдоди аёлоте, ки  дар он барои пахши эътирозҳо аз нерӯи горди миллӣ истифода мешавад, афзоиш ёфтанд, хабар доданд расонаҳои ИМА. Алайҳи дастандаркорони бетартибӣ нерӯҳои пулис аз норинҷакҳои садоӣ ва газҳои ашковар истифода мебаранд.

Эътирозҳо баъди он сар заданд, ки Флойд 25 май аз дасти маъмурини пулис кушта шуд. Cюзан Райс, собиқ мушовири амниятии Барак Обама, раисиҷумҳури пешини ИМА аз эҳтимоли даст доштани Русия дар таҳрики эътирозгарон тариқи шабакаҳои маблағгузорӣ суҳбат кард.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ин иддаоро бепоя хонда, таъкид намуд, ки Русия ҳеч гоҳ ба умури дохилии ИМА дахолат накардааст ва чунин ният надорад.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

260
Юношеская сборная Таджикистана  (U-16)

Қуръакашии чемпионати футболи Осиё-2020: рақиби мунтахаби кишвар ки хоҳад буд?

0
(Таҷдидшуда 09:13 04.06.2020)
Қуръакашии чемпионати Осиё-2020, ки дар он дастаҳои ҷавонони (U-16) ва ҷавонони (U-19) Тоҷикистон рақибони худро хоҳанд шинохт, рӯзи 18 июн дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи ФФТ, қуръакашии чемпионати Осиё-2020 миёни наврасон соати 17:00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад ва қуръакашӣ барои чемпионати Осиё барои мунтахабҳои ҷавонон соати 19:30 баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё таркиби сабади  қуръакашӣ барои финали Чемпионати Осиё-2020-ро эълон кард.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) бо тимҳои Баҳрайн, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ дар сабади аввал қарор гирифт.

ФФТ мегӯяд,  ин маънои онро дорад, ки мунтахаби мо бешубҳа бо ин дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳии чемпионат бозӣ намекунад.

Тибқи тақвими АФК, чемпионати Осиё байни наврасони зери 16-сола аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабқати Чемпионати Осиё-2020 дар якҷоягӣ бо дастаҳои Япония, Австралия ва Индонезия, ки бо онҳо, бешубҳа, дар ин мусобиқот дар ҳамон гурӯҳ бозӣ намекунанд, дар сабади дуввум ҷойгир шуданд.

Зепп Блаттер, собиқ президенти ФИФА гуфт, бо фишори ИМА аз мақомаш рафт

Чемпионати Осиё байни ҷавонон 2020 бояд аз 14 то 31 октябр дар Ӯзбекистон баргузор шавад.

Бояд қайд кард, ки чаҳор дастаи беҳтарини чемпионатҳои наврасон ва ҷавонони Осиё- 2020 ба мусобиқоти  ҷаҳонии соли 2021 роҳхат мегиранд, ки мутаносибан дар Перу (U-17) ва Индонезия (U-20) баргузор мешаванд.

0