Корнамоии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Маскав: пиронсолонро аз сӯхтор наҷот доданд - навор

1402
Чанде қабл дар қисмати ғарби Маскав дар як хонаи шахсии пиронсолон сӯхтор сар зад. То омадани сӯхторнишонон муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ба кӯмаки пирони барҷомонда шитофта, онҳоро аз коми оташ наҷот доданд

Сӯхтор дар хонаи пиронсолон бегоҳи 8 - уми апрел рух дод. Сабаби оташсӯзӣ расиши кӯтоҳи ноқилҳо арзёбӣ мешавад.  Оташ нахуст аз таҳхона шурӯъ шудааст.

То омадани гуруӯи оташнишонон ба ҷойи ҳодиса, муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нахуст шуда ба кӯмаки пиронсолон шитофтанд. Чун алангаи оташ зуд паҳн мешуд, аз ин рӯ муҳоҷирон саъй намуданд, то зудтар солхӯрдаҳоро аз бино берун оранд.

Гуфта мешавад, аксари пиронсолон қобилияти роҳ рафтанро ҳам надоштанд ва муҳоҷирон онҳоро ба бағал гирифта аз бинои дар ҳоли сӯхтор қарор дошта ба берун бароварданд.

Пешниҳоди қадрдонии 2 ҷавон барои наҷоти духтар аз сӯхтор дар беморхона-видео

Зимнан, дар Сарраёсати Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав тасдиқ намуданд, ки дар наҷот додани пиронсолон саҳми муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ бисёр бузург аст ва ваъда дрданд, ки қаҳрамононро ҳатман қадрдонӣ мекунанд.

Бар хабари Сарраёсати Кумитаи тафтишотӣ, аснои сар задани сӯхтор дар бино 53 нафар, аз ҷумла 48 меҳмон ва панҷ корманд қарор доштанд, ки дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

1402

Ман Ҷорҷ Флойд: эътирозҳо дар ИМА ба тамоми ҷаҳон паҳн шуданд

60
(Таҷдидшуда 22:22 05.06.2020)
Эътирозҳо дар бораи марги амрикоии африқоитабор Ҷорҷ Флойд дар ИМА давом дорад ва ба тамоми ҷаҳон паҳн шудаистоданд

Ҷаҳон то ҳол коронавирусро азхуд накарда боз як пандемияи эътирозӣ ба вуҷуд омад.

Дар бисёр кишварҳо амалҳои зидди нажодпарастӣ ва бераҳмии полис баргузор мешаванд. Дар ибтидо, эътирозҳо дар бораи марги амрикоии африқоитабор Ҷорҷ Флойд пас аз боздошт аз ҷониби полис дар Миннеаполис, ки ин ҳодиса рух дод, оғоз ёфт.

Хеле зуд онҳо дар саросари Иёлоти Муттаҳида ва сипас берун аз он паҳн шуданд. Садҳо нафар бо шиорҳои "Ман нафас гирифта наметавонам" ва "Адолат нест, сулҳ нест" ба кӯчаҳо дар Нидерландия, Испания, Аргентина, Британияи Кабир ва Олмон баромаданд. Дар Юнон эътирозгарон дар назди консулгарии Амрико парчами ИМА-ро оташ заданд.

Тазоҳурот дар эътирозҳо дар Канада ва Фаронса хотима ёфт, ки дар он ҷо полис маҷбур шуд, ки тазоҳургаронро пароканда кунад. Наворҳо аз ҷои ҳодиса - дар видеои мо.

60
Барчаспҳо:
амрикоӣ, Африн, эътироз, ИМА
(0:00 / .00Mb / )

Намози ҷумъа дар масҷиди Ал-Ақсо - пахши мустақим анҷом ёфт

142
(Таҷдидшуда 16:10 05.06.2020)
Дар масҷиди Ал-Ақсои Иерусалим аз имрӯз 5 июн, расман мусалмонон ба хондани намози ҷумъа оғоз карданд

Мусалмонони кишварҳои гуногуни олам бо тадриҷ ба зиндагии маъмулӣ бармегарданд. 

Ҳамин тавр, рӯзи ҷумъа дари масҷиди Ал-Ақсои Иерусалим пас аз чанд муддати таваққуф барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, аз сар ба рӯи намозгузорон боз шуд.

Ёдрас мешавем, ки масҷиди Ал-Ақсо 22 марти соли равон ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста шуда буд.

Масоҷиди Маскав боз мешаванд: пӯшидани ниқобу дастпӯшӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ ҳатмист

Бояд гуфт, дар масҷиди ҷомеъи Маскав имрӯз намози ҷумъаро танҳо имомхатибон бидуни ҳузури намозгузорон хоҳанд хонд. Ва бояд гуфт, ки  намозгузории имомон тариқи пахши мустақим нашр карда мешавад.

142
Барчаспҳо:
намози ҷумъа, Иерусалим
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Руководитель отдела экономики Института стран СНГ Аза Мигранян

Коршинос: барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон ду моҳ дер тасвиб шуд

0
Тоҷикистон аз ҳисоби кадом маблағҳо соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва оё ин иқдомҳоро буҷаи кишвар мебардорад ё не - ба ин саволҳо коршинос, иқтисодшиноси Пажӯҳишгоҳи ИДМ Аза Мигранян посух гуфт

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибӯҳронии замони пандемияи коронавирусро қабул кард, ки ба дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ равона гардидааст.

Имрӯз, 5 июн чанд фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он чанд гурӯҳ соҳибкорон аз андоз озод карда шуда, ба қишри осебпазир кӯмакпулӣ таъин ва боло бурдани арзиши барқу хизматрасониҳои коммуналӣ мавқуф карда шуд.

Мигранян о том, за счёт чего в Таджикистане будут поддерживать бизнес

"Дар ҳар як кишвар захираи муайяне ҳаст, ки ба истилоҳ захираҳои ғайрибуҷавӣ гуфта мешавад. Ин гуна буҷа дар Тоҷикистон низ ҳаст", - гуфт Миграниян дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфтаи коршинос, таҳлили он ки иқдомҳои зиддибӯҳронии Ҳукуматро буҷаи Тоҷикистон мебардорад ё не, ғайриминтақист, зеро феълан маълум нест, ки барои ин иқдоми Ҳукумат чӣ қадар маблағ лозим аст.
"Фаҳмиши норасоии буҷа нисбӣ аст. Ҳама гуна кишвар бо норасоии буҷа метавонад то дер  арзи вуҷуд дошта бошад", - таъкид мекунад коршинос.

 

Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо гап дар бораи дастгирии аҳолӣ ва тиҷорати хурд меравад.

"Ҳамааш аз он вобаста аст, ки то кай дар Тоҷикистон маҳудиятҳои фаъолияти иқтисодӣ амалӣ мешавад. Агар маҳдудиятҳо фарогир бошанд, пас ин ҳамагӣ дастгирии хурдест. Агар маҳдудиятҳо кутоҳмуддат ва маҳдуд бошанд, ҳамин тавре ки ҳоло дар Тоҷикистон рӯи кор меоянд, ин дастгирӣ ба аҳолӣ ва тиҷорати хурд назаррас хоҳад шуд".

Вай афзуд, ки вақте ҷараёни даромад нест, ихтисори андоз, пардохтҳои ҳатмӣ ва харҷҳои гуногун метавонад ба қисми рақобатпазир дар кам шудани талабот ба маводи онҳо дар мӯҳлати муайян кӯмак кунад. Аммо ин истеҳсолоти заифро наҷот намедиҳад.

"Сухан дар бораи дастгириҳои иҷтимоӣ бо мақсади тавонмандии харидории аҳолӣ меравад. Ин чораҷӯиҳо барои бештари кишварҳои ҷаҳон стандартӣ мебошанд", - тавзеҳ медиҳад ӯ.

 

Ин иқдомҳои Тоҷикистон ду моҳ дер қабул шуданд, гуфт дар анҷом Мигранян.

0