"Барои занони ҷасур": нашри намоҳанги нави Фирӯза Ҳафизова - видео

995
(Таҷдидшуда 13:44 10.04.2020)
Фирӯза Ҳафизова сарояндаи эстрадаи тоҷик намоҳанги нави худро зери унвони "Озодам макун" дар шабакаи Youtube нашр кард

Фирӯза Ҳафизова намоҳанги нави худро рӯзи 2 апрел дар Youtube нашр кард.

Дар ин бора Фирӯза дар саҳифааш дар Instagram хабар дода гуфтааст, ки ин сурудро ба занони ҷасур мебахшад.

"Ман Фирӯзае, ки роҳи тӯлонии сахтиҳову шикастҳо, хиёнату ранҷ, фиребу дардро убур кардаму бо инояти Худо худамро сохтам Фирӯзаи имрӯза. Ва ҳар инсоне, ки маро ҳукм мекунаду зиндагии маро бо бадиву ҳасуду рашк қисса мекунад, як бор пойафзолашро кашида роҳи тайкардаи маро гузарад баъд ҳарф занад. Барои ҷасорати худам ва барои занони ҷасуре, ки даст поён намекунанду талоши зиндагии арзанда доранд тозатаронаи худро мебахшам. Занону модаронро гиромӣ донед, ишқро бадном накунед ва ҳамеша инсон буданро фаромуш насозед", - навиштааст Фирӯза.

Намоҳанг таҳти мудирияти Меҳроби Мирзо омода шудааст. То имрӯз намоҳангро беш аз 52 ҳазор кас боздид карда, зиёда аз 1000 нафар писандидааст.

Мусиқии сурудро Искандар Тоҳиров танзим кардааст.

Ахиран Фирӯза Ҳафизова намоҳангеро зери унвони "Фу мегум, фу" нашр кард ва барои мазмуни пасти сурудаш зери танқиди мардум монд. Фарҳангиён Фирӯзаро дар нақзи ахлоқи сарояндагӣ маҳкум карданд.

Худи сароянда дар ин намоҳангаш аз шеваи бархӯрди мардум ба ҳаёти шахсӣ ва ҳунарии худ нигаронӣ мекунад, ва изҳор медорад, ки дар қиболи ӯ ҳар гуна гапҳои носазо гуфта мешавад.

"Гоҳе маро маст мебароранду гоҳе девона, гӯё ман бахил ҳастаму дуруғгӯ. Охир шумо ба ман чӣ кор доред", - бо шиква мегӯяд Фирӯза.

995
Барчаспҳо:
нав, клип, намоҳанг, Тоҷикистон

Коронавирус чӣ бӯй дорад? Эрониҳо барои дарёфти беморони COVID-19 сагҳоро меомӯзанд- видео

708
(Таҷдидшуда 14:36 25.05.2020)
Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад. Барои тафсилоти бештар наворро бубинед

Кормандони маркази таълимии сагҳо дар Теҳрон месанҷанд, ки оё сагҳо COVID-19-ро ёфта метавонанд.

Дар таҷриба сагҳои зотҳо ва ҷинсҳои гуногун иштирок мекунанд - аз ин рӯ олимон мекӯшанд муайян кунанд, ки кадом ҳайвонҳо самараноктар кор мекунанд.

Ба гуфтаи мураббиён, чорпоён метавонанд 65% сироятро муайян кунанд. Дар тӯли як соат, як саг метавонад тақрибан 250-300 одамро тафтиш кунад.

Барои тафсилоти бештар наворро бубинед.

708
Барчаспҳо:
навор, саг, Эрон

Дарёфти кӯдаки зинда аз макони суқути ҳавопаймо дар Покистон - навор

397
Дар ҷои суқути ҳавопаймои Airbus A320 дар Покистон кӯдаки зинда ёфт шуд. Сабт нишон медиҳад, ки чӣ тавр як мард кӯдакро аз минтақаи суқути ҳавопаймо берун меорад

Ба эҳтимоли зиёд оилаи ин кӯдак дар яке аз хонаҳое, ки ҳавопаймои болои онҳо сарозер шуд, зиндагӣ мекунад, менависад The Mirror. Феълан аз тақдири хонаводаи ин кӯдак иттилое дар даст нест.

Аз навор бармеояд, ки дар маҳалли ҳодиса артиши нерӯҳои вокуниши фаврӣ ва сӯхторнишонҳо фаъолият мебаранд.

Ёдовар мешшавем, ки рӯзи 22 - юми сай дар Покистон ҳавопаймои мусофирбар ба далели нуқси техникӣ дучори садама шуда, болои биноҳои истиқоматӣ сарозер шуд.

Дар ҳавопаймо 91 сарнишин ва халабонҳо қарор доштанд. Гуфта мешавад, ҳадди ақал 90 мусофири ин ҳавопаймо ҷон боохтанд.

397
Барчаспҳо:
навор, суқут, ҳавопаймо, Покистон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

269
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

269
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон