ИМА аз коронавирус барои кӯмак ба ҷангҷӯён дар Сурия истифода мекунад

113
(Таҷдидшуда 14:19 12.04.2020)
Иёлоти Мутаҳидаи Амрико маъракаи таблиғотиро барои бадном кардани ҳукумати Сурия дар паҳншавии кронавирус оғоз кардаанд

Иёлоти Муттаҳида аз вазъи коронавирусро алайҳи Димишқ истифода мекунад. Тибқи ин санад, амрикоиҳо маъракаи таблиғотиро барои бадном кардани ҳукумати Сурия оғоз кардаанд.

Ҳадафи дигари ғаразноки амрикоиҳо ин расонидани кӯмак ба ҷангҷӯёни таҳти назорати онҳо бо баҳонаи нигарониҳо дар бораи вазъи башардӯстона дар кишвар мебошад.

Амрикоиҳо сирояти навро барои бадном кардани ҳукумати Сурия истифода мебаранд, саъй мекунад, ки Димишқро дар бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар маҳалҳо айбдор кунад, ки пойтахт дар асл назорат намекунад.

"Иёлоти Муттаҳида пайваста аз мушкилоти глобалӣ барои бадном кардани роҳбарияти Сурия истифода мебарад; маъракаи баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи қобилияти он барои муқовимат ба паҳншавии коронавирус дар кишвар ва масъулият барои паст кардани вазъи эпидемиологӣ, аз ҷумла дар лагерҳои гурезаҳои Рукбан ва Эл Хол”, - омадааст дар изҳороти муштараки саридораи ҳамоҳангсозии байниидоравии Русия ва Сурия.

113
Барчаспҳо:
ИМА, вирус, Сурия, Русия

Зери назорати Русия: чигуна Қарабоғи Кӯҳӣ ба зиндагии орому осуда бармегардад

48
(Таҷдидшуда 19:48 23.11.2020)
Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ оҳиста-оҳиста ба зиндагии ором бармегардад

Дар пойтахти ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ шаҳри Степанакерт аллакай нақлиёти ҷамъиятӣ, мағозаҳо ва ҳатто сартарошхонаҳо ба кори худ оғоз карданд.

Инчунин камбуди маводи ғизоӣ эҳсос намешавад. Дар шаҳр корҳои бозсозӣ баъд аз ҷанг идома доранд.

Ба кумаки мутахассисон ба Қарабоғи Кӯҳӣ кормандони КҲФ Русия низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо барои барқарории иншоотҳои ғайринизомӣ кумак хоҳанд кард. Инчунин, поксозии роҳҳо аз минаҳо идома дорад ва сулҳбонони Русия пайроҳадорӣ ва гусели мошинҳои муҳоҷиронро идома дода истодаанд.

Маълумоти бештар дар бораи он ки чигуна Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ кумак мерасонад дар навори мо тамошу кунед.

Ёдрас мешавем, ки вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. Рӯзи 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.

Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа, Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

48
Барчаспҳо:
сулҳ, оромӣ, зиндагӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ, Русия

Эътирозҳо дар Белорус дар шакли нав доир шуданд - видео

294
(Таҷдидшуда 16:35 23.11.2020)
Мардуми Белорус боз ба эътироз баромад. Вале ин бор шаҳрвандон на маркази шаҳрро макони ҷамъшавӣ интихоб карданд, балки аз кӯчаҳои худ роҳпаймоиро сар карданд

Мардум дар як вақт аз гӯшаю канори ҳар кӯча ба эътироз баромад.

COVID-19: ИА дар гирдоби эътирозҳо алайҳи маҳдудияту дуркориҳо қарор гирифт - навор

Роҳпаймоӣ дар шакли нав дар шаҳри Минск чӣ гуна доир шуд, инро аз навори зер тамошо кунед.

Сад рӯзи эътирозоти Белорус дар сад сония - навор

294
Барчаспҳо:
аксия, эътироз, Белорус
День 24 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 17:10 23.11.2020)
Рӯзи бисту чоруми ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ, дар Русия Рӯзи модарон ва дар Амрико Рӯзи дӯстон таҷлил мешавад

Рӯзи 24 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус беш аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карданд.

БелТА
Президент Беларуси Александр Лукашенко

Соли 1961 изҳороти СММ дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардид.

День 23 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1969 киштии кайҳонии "Аполлон-12" ба самти Моҳтоб парвоз кард.

Соли 2005 дар шаҳри Алмато Анҷумани 5-уми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон доир гардид.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.

Соли 2010 бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, он 30 августи соли 2011 дар пояи 165 — метра, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25 — солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ доир шуд.

Соли 2016 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии "Таҳсилоти пайваста барои рушди устувор" доир шуд.

Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе шарҳи муштараки ҳарсолаи  амалигардии барномаи "Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020" гузаронида шуд.

Соли 2014 доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи Парчами давлатӣ.
  • Дар Русия - Рӯзи модарон.
  • Дар Амрико - Рӯзи дӯстон.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1939-1984) – адабиётшинос Назира Қаҳарова.

Соли 1942 – Ҳунарманди халқии Сайрам Исоева.

Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву
Пресс-служба мэра Худжанда
Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву

Соли 1947 – рӯзноманигор ва нависанда, сармуҳаррири "Курер Таджикистана" Муҳаммадҷон Тоштемиров.

Соли 1950 – хабарнигори Шаҳбозхон Саркориев.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Зодрӯзи Бозор Собир ва инқилоб дар Мексика: ҷашнҳои рӯзи 20 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон