Чӣ гуна Русия ба кишварҳои ИДМ дар мубориза бо коронавирус кӯмак мекунад

65
(Таҷдидшуда 01:58 20.04.2020)
Русия ҳеҷ гуна дархости шарикони хориҷиро дар бораи кӯмак дар мубориза бар зидди коронавирус нодида мегирад

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт. Аз оғози паҳншавии бемории нав Маскав ба ҳамсоягони худ фаъолона кӯмак мекунад.

Мутахассисони Русия дар Италия кор мекунанд ва таҷҳизоти тиббӣ ва таҷҳизоти муҳофизати Русия ба ИМА ва Сербия интиқол дода шудаанд. Ва чӣ гуна кишварҳои ИДМ аз Маскав кумак гирифтаанд ва ё дар ояндаи наздик хоҳандд гирифт дар навори зер бубинед.

Русия ба кӯмаки хориҷиён дар мубориза бо коронавирус идома хоҳад дод.

Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар додааст, ки ҳеҷ гуна дархости кӯмак аз кишварҳои дигар бе эътибор гузошта намешавад.

65
Барчаспҳо:
ИДМ, ИМА, Русия, вирус

"Нафасам мегирад": тазоҳурот дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис - видео

212
(Таҷдидшуда 20:10 03.06.2020)
Даҳ рӯз мешавад, ки дар ИМА пас аз боздошт ва фавти Ҷорҷ Флойд тазоҳурот идома дорад. Тазоҳуроти назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис ба наовр афтод

Бетартибиҳо дар ИМА ҳанӯз 25 май сар шуд. Ҳамон рӯз Ҷорҷ Флойд дар яке аз мағозаҳои Миннеаполис бо пули қалбакӣ харидорӣ мекард ва кассир пулисро ҷеғ зад. 

Дар гузориши пулис навишта шуда, ки зимни боздошт гунаҳкор муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ нисбати ӯ қувва истифода шудааст. Аз ҷумла пулис ҳангоми бастани дастони ӯ бо зону ба гулӯяш такя кардааст. Флойд чанд маротиба гуфтааст, ки нафасам гирифт ва беҳуш шудааст. Пас аз чанде ӯ дар шуъбаи эҳёи беморхона ба ҳалокат расидааст.

Панҷ рӯз аст, ки эътирозҳову бетартибиҳо дар Амрико идома дорад

Пас аз ҳалокати Флойд дар Миннеаполис ва баъдан дигар шаҳрҳои ИМА тазоҳурот оғоз шуд. 

Тазоҳургарон мошинҳоро месӯзонанд, мағозаҳоро ғорат мекунанд ва бо мақомоти пулис даргир мешаванд.

Тазоҳургарон талаб доранд, ки гунаҳкорони марги Флойд шиканҷа шаванд ва нобаробарии нажодӣ нисбати сиёҳпӯстон аз байн бардошта шавад.

Имрӯзҳо тазоҳурот дар ИМА зери шиори Black lives matter ("Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст") мегузарад.

Оташ мезананду ғорат мекунанд: мавҷи эътирозҳо дар Амрико - видео

Ҳамарӯза дар назди қароргоҳи губернатори Миннеаполис садҳо нафар бо шиорҳои "Нафасам мегирад" ва "Адолат нест, оромӣ нест" ҷамъ мешаванд.

212
Барчаспҳо:
губернатор, тазоҳурот, ИМА

Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА-навор

264
(Таҷдидшуда 01:36 03.06.2020)
Эътирозу бетартибиҳо дар ИМА, ки баъди марги Ҷорҷ Флойд, шаҳрванди африқо-амрикоӣ оғоз шуданд, бисёри минтақаҳои кишварро фаро гирифтанд

Теъдоди аёлоте, ки  дар он барои пахши эътирозҳо аз нерӯи горди миллӣ истифода мешавад, афзоиш ёфтанд, хабар доданд расонаҳои ИМА. Алайҳи дастандаркорони бетартибӣ нерӯҳои пулис аз норинҷакҳои садоӣ ва газҳои ашковар истифода мебаранд.

Эътирозҳо баъди он сар заданд, ки Флойд 25 май аз дасти маъмурини пулис кушта шуд. Cюзан Райс, собиқ мушовири амниятии Барак Обама, раисиҷумҳури пешини ИМА аз эҳтимоли даст доштани Русия дар таҳрики эътирозгарон тариқи шабакаҳои маблағгузорӣ суҳбат кард.

Аммо Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, ин иддаоро бепоя хонда, таъкид намуд, ки Русия ҳеч гоҳ ба умури дохилии ИМА дахолат накардааст ва чунин ният надорад.

Дар изҳороти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфта шудааст, ки ҳангоми боздошт Флойд муқовимат нишон додааст ва аз ин рӯ дар нисбати боздоштшуда аз қувва ва дастбанд истифода буда шуд.

Аз ҷумла, яке аз кормандони пулис усули буғикуниро истифода намудаст, ки дар натиҷа Флойд бар асари нарасидани ҳаво ба ҳалокат расид.

Пас аз фавти Флойд дар Миннеаполис тазоҳурот сар зад. Одамон ба кӯчаву хиёбонҳо рехта, дӯкону мошинҳои қанори роҳро оташ мезананд.

Иштирокчиёни тазоҳурот талаб мекунанд, ки мақомот гунаҳкорони марги Флойдро ҷазо дода, бо нобаробарии нажодӣ дар Амрико нуқта гузоранд.

264
Верующий на намазе в мечети, архивное фото

Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

0
Ҳоло масҷидҳо танҳо барои ташрифи инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуданд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав  пас аз сабукгардонии чораҳои маҳдудсозӣ вобаста ба пандемия масҷидҳо ва марказҳои мусалмонӣ боз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Муфтиёни Русия.

Аммо, ҳоло онҳо танҳо барои боздидҳои инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки намози ҷумъа танҳо дар ҳавои кушод дар Ногинск, Старая Купавна, Орехово-Зуево, Шелково, Солнечногорск, Наро-Фоминск, Звенигород, Родники, Коломна, Яхрома, Зарайск, Домодедово, Тучково ва Шаховский баргузор мешавад.

Дар ҷамоаҳои боқимондаи мусулмонони вилояти Маскав намози ҷумъа баргузор нахоҳад шуд.

То беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ онҳо онлайнӣ баргузор карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ҳатмӣ мебошад. Мӯъминон бояд бо худ ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшак дошта бошанд ва инчунин пешниҳод мешавад, ки бояд масофаи иҷтимоӣ риоя шавад.

Ёдрас мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки аз 6 июн дар Маскав масҷидҳо боз хоҳанд шуд. Ва ду рӯз пеш  1 июн, дар пойтахти Русия, дар реҷаи озмоишӣ, Масҷиди марказӣ дарҳои худро барои намозгузорон боз кард.

0
Барчаспҳо:
макони ибодати мусулмонон, мусалмонон, кушодашавӣ, масоҷид, Русия